Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамониат аз баргузории намози ҷумъаи аҳли суннат дар Теҳрон


Нерӯҳои амниятии Эрон монеи баргузории намози ҷумъаи аҳли суннат дар Теҳрон бо имоматии Мавлавӣ Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ, рӯҳонии саршиноси аҳли суннати он кишвар шудаанд.

Рӯзи ҷумъа мақомоти интизомии Эрон монеи баргузории намози аҳли суннати он кишвар дар Теҳрон бо имоматии донишманди шинохта Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, шуданд. Мавлавӣ Абдулҳамид дар Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки дар Теҳрон баргузор шуд, ширкат доштааст. Ба гузориши хабаргузориҳои мустақил, рӯзи панҷшанбе паёмакҳое байни аҳли суннати муқими Теҳрон раду бадал шуд, ки дар он дар бораи баргузории намози ҷумъа бо имомати Мавлавӣ Абдулҳамид иттилоъ дода мешуд.

Аммо рӯзи ҷумъа дар ҳоле, ки намозгузорони аҳли суннат ҳамроҳ бо Мавлавӣ Абдулҳамид ва бархе аз рӯҳониёни суннӣ барои баргузории намози ҷумъа ба намозхонаи аҳли суннат дар яке аз маҳаллаҳои Теҳрон мерафтанд, роҳҳо ба сӯи он маҳалро баста дарёфтанд. Ҷалол Ҷалолизода, устоди Донишгоҳи Теҳрон дар гуфтугӯ бо вебсайти фаълони балуч зимни таъйиди хабари мамониати нерӯҳои амниятии Эрон барои баргузории намози аҳли суннат дар Теҳрон, гуфтааст ки худи ӯ барои ширкат дар маросими намози ҷумъа ба сӯи намозгоҳ мерафт ва дарёфт, ки ҳама роҳҳо ба сӯи он маҳал, баста шудааст.

Ба гуфтаи Ҷалолизода, масъулони намозхонаи аҳли суннат ба ӯ гуфтаанд, ки шаби панҷшанбе кормандони амният бо онҳо дар тамос шуда ва гуфтаанд, ки "ҳаққи баргузории намози ҷумъа дар ҳафтаро надоранд". Ҷалолизода гуфтааст, ки кормандони амният сабаби ин мамониятро интишори паёмакҳо байни мардум дар мавриди баргузории намози ҷумъаи аҳли суннат унвон кардаанд, ки мақомоти амниятӣ онро "ҳассосиябарангез" хондаанд.

Дар ҳоле аз баргузории намози ҷумъаи аҳли суннат дар Теҳрон бо имомати Мавлавӣ Абдулҳамид ҷилавгирӣ шудааст, сайти расмии раҳбари Эрон дар гузорише, ки аз дидори Оятуллоҳ Хоманаӣ бо меҳмонон ва ширкаткунандагони ин конфронси байналмилалӣ мунташир кардааст, аксҳое аз Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидонро дар паҳлӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ нишон медиҳад.

Байни аҳли суннат ва шиаҳо дар мавриди таърихи таваллуди Ҳазрати Муҳаммад(саллалоҳу алайҳи васалам) ихтилофи якҳафтаӣ аст, ки бо ибтикори қоиммақоми раҳбари вақти Эрон Оятуллоҳ Ҳасаналии Мунтазирӣ ва ҳимояти Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, ин ҳафта ба унвони Ҳафтаи ваҳдат ба манзури аз байн бурдани ихтилофот дар байни аҳли суннат ва шиаҳо номгузорӣ шуда ва ҳар сол нишасте бо ҳамин унвон дар Эрон баргузор мешавад.

Имсол бистуҳаштумин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар ҳоле баргузор шудааст, ки бар асоси бархе аксҳои мунташиршуда аз ин конфронс, ҳаттои шиаиён ва сунниёни ҳозир дар ин нишаст, ҳозир нашуда буданд намози ҷамоатро якҷоя бихонанд.

XS
SM
MD
LG