Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонӣ: "Тарроҳони коҳиши қимати нафт пушаймон хоҳанд шуд"


Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.

Раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, онҳое, ки коҳиши қимати нафтро тарҳрезӣ карданд, пушаймон хоҳанд шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи сешанбе гуфтааст, "қимати нафт гарчӣ имрӯз ба ҳудуди нисф нисбат ба моҳҳои қабл расидааст, аммо бидонед, онҳое, ки коҳиши нафтро алайҳи бархе аз кишварҳо тарроҳӣ карданд, пушаймон хоҳанд шуд."

Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон - ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ зимни як сафар ба вилояти Бушаҳр гуфтааст, "ин роҳ барои онҳо қобили идома додан нест. Агар аз коҳиши қимати нафт Эрон зарар мекунад, бидонед, кишварҳои тавлидкунандаи дигар ҳамчун Арабистони Саудӣ ва Кувайт беш аз Эрон зарар хоҳанд кард."

Дар лоиҳаи будҷаи имсолаи Эрон қимат нафт барои ҳар бушка 100 доллар пешбинӣ шуд, аммо дар пайи коҳиши бесобиқаи қимати фурӯши нафт дар моҳҳои гузашта, ҳукумати Эрон маҷбур ба коҳиши ин рақам ба 72 доллар барои соли оянда шуд. Қимати нафт акнун ба зери 50 доллар дар ҳар бушка ва пасттарин сатҳи худ дар шаш соли гузашта расидааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтааст, ки "омор ва арқом нишон медиҳад, ки 80 дарсади будҷаи солонаи кишвари Арабистони Саудӣ ба фурӯши нафт вобаста аст ва 90 дарсади содироти Арабистон низ вобаста ба фурӯши нафти хом мебошад."

Ба гуфтаи президенти Эрон, "95 дарсади будҷаи Кувайт вобаста ба нафт аст ва ҳудуди 95 дарсади содироташ марбут ба нафти хом аст, дар ҳоле, ки Эрон дар будҷаи имсол, фақат 33 дарсад ба нафт вобаста аст."

Вай гуфтааст, "Эрон таҳти фишори коҳиши қимати нафт қарор нахоҳад гирифт. Дар баробари ин тавтеа убур хоҳем кард ва коҳиши қимати нафт барои муддати тӯлонӣ наметавонад идома ёбад."

Ин дар ҳолест, ки шоҳзода Ал-Валид, шоҳзодаи Арабистони Саудӣ ва сармоягузори маъруфи он кишвар, рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо расонаҳои амрикоӣ гуфт, ки ба бовари ӯ, қимати нафт "дигар ҳаргиз ба бушкаҳои саддолларӣ боз нахоҳад гашт."

Як рӯз пас аз ин шоҳзодаи арабистонӣ, вазири энержии Имороти Муттаҳидаи Араб низ гуфт, ки ОПЕК дигар наметаонад нархи нафтро дар қимати мушаххасе нигоҳ дорад.

Пеш аз ин Алӣ Ан-Наимӣ, вазири нафти Арабистони Саудӣ гуфт, ҳатто агар қимати нафт ба 20 доллар сари ҳар бушка ҳам кам шавад, Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт-ОПЕК тавлидоташро коҳиш нахоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG