Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Эрон барои тасодуфҳои ҳастаӣ


Пойгоҳи ҳастаии Арак.
Пойгоҳи ҳастаии Арак.

Ғуломризо Маъсумӣ-раиси Хадамоти изтирории Эрон гуфт, ки кишвараш бояд барои тасодуфҳои ҳастаӣ худро омода созад.

Дар тавзеҳоте, ки хабаргузории нимарасмии “Меҳр” овардааст, Маъсумӣ ишора кардааст, ки баъзе кормандони таъсисоти ҳастаӣ мушкили саломатӣ доштаанд ва муолиҷа гирифтаанд. Ин суханони Маъсумӣ баъд аз чанд соати чоп, аз сомонаи хабаргузории “Меҳр” бардошта шуд.

Эътирофоти мақоми раҳбарии Хадамоти изтироии Эрон роҷеъ ба нигарониҳо аз таъсири муҳити ҳастаӣ ба саломатии одамон дар ин кишвар хеле кам мушоҳида мешавад. Дар сомонаи “Меҳр” аз қавли Маъсумӣ навишта шуда буд: “Мо бовар дорем, ки ҳамаи кормандони хадамоти изтирорӣ бояд тамрин кунанд ва ба тасодуфҳои ҳастаӣ омода бошанд.”

Маъсумӣ барои намуна ба “тасодуф”-и корхонаи табдили уран дар Исфаҳон ишора кард, ки дар он ҷо дар ҷараёни амалиёт ба истилоҳ “кӯлчаи зард” ба гази ғализи урани гидрохлорид табдил ёфт ва ононе, ки дар атроф буданд, аз газ осеб диданд ва чанд муддат муолиҷа гирифтанд. Одамони осебдида ҳатто ба сокинони атрофи корхонаи Исфаҳон низ аз мушкили мавҷуда ҳушдор доданд ва гуфтанд, ки онҳо низ метавонанд ба беморӣ гирифтор шаванд.

Як манбаи дигар низ, ки аз худ ном набурдааст, дар сӯҳбат ба бахши форсии Би- би-си гуфтааст, ки дар корхонаи Исфаҳон баъзе кормандон аз танаффуси гази гексафлорид ба мушкили нафасгирӣ гирифторанд. Он гуна, ки тавзеҳоти Маъсумиро сомонаи хабаргузории нимарасмии “Меҳр” пок кард, хабаргузориҳои дигар низ дар гузаштаҳо чунин рафтор кардаанд ва хабарҳову тавзеҳоти ҳассосро зуд пок намудаанд.

Масъалаҳои амниятӣ ва беҳдоштӣ дар таъсисоти ҳастаии Эрон, ба таври ҷиддӣ дар матбуоти давлатии ин кишвар сонсур мешавад. Соли гузашта Ҳасан Юсуфи Эшкеварӣ-рӯҳонии Эрон, ки дар ғурбат ба сар мебарад, даъват кард, ки роҷеъ ба ин масъала мунозираву мубоҳисот сурат бигирад. Вай гуфт, дар гузашта шояд Ҷопон низ ба ин масъала камтар таваҷҷуҳ мекард, вале ҳоло ин масъала ба таври ҷиддӣ матраҳ аст. Вай дар ин замина фоҷеаи ҳастаии корхонаи Фукушиморо дар назар дорад.

Ба гуфтаи вай, дар Эрон гурӯҳе ҳукумат мекунад, ки масъулиятро намешиносад, назорати мардумӣ вуҷуд надорад ва чунин вазъ метавонад сабаби фоҷеа шавад. Ин масъала бояд дар байни рӯшанфикрону рӯзноманигорон ва қишрҳои дигари ҷомеа баррасӣ гардад, то ҳукумат ба он таваҷҷуҳ пайдо кунад.

Оқои Эшвекарӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки бехатарии ҳастаӣ дар корхонаву таъсисоти ҳастаӣ ва таъсири ногузири оқибатҳои он ба саломатии инсон ва ба муҳити зист аз масъалаҳоест, ки дар барномаҳои ҳастаии Эрон бозтоб наёфтааст.
XS
SM
MD
LG