Пайвандҳои дастрасӣ

​Як масъули ширкати миллии тақсими маводи нафтии Эрон гуфтааст, Ҷумҳурии Исломӣ ба Тоҷикистон 500 тонна сӯзишворӣ мефиристад ва агар бозораш равнақ ёбад, содиротро бештар хоҳад кард.

Расонаҳои Эрон рӯзи якшанбе ба нақл аз Исмоил Ҳашм Фирӯз, як масъули ширкати миллии тақсими маводи нафти Ҷумҳурии Исломӣ хабар доданд, ки ин кишвар дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон 500 тонна сӯзишворӣ хоҳад фиристод. Ҷузъиёти ин хабар ироа нашудааст, аммо оқои Фирӯз гуфта, ки ҳадафи онҳо дарёфти бозор барои маводи иловагии нафташон ҳаст.

Ба қавли масъули ширкати миллии тақсими маводи нафти Эрон, ин кишвар бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон сӯзишворӣ мефиристад ва агар бозораш равнақ ёбад, дар оянда содироти онро густариш хоҳанд дод. Исмоил Ҳашм Фирӯз мегӯяд, ширкати онҳо ҳоло асосан ба Афғонистону Ироқ маводи сӯхт содир мекунад ва содироти он ба Ироқ рӯзе 3 миллион литрро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Эрон ва Курдистони Ироқ низ барои содироти 6 миллион литр дизел, 2.5 миллион литр керосин дар як рӯз музокираро оғоз кардаанд. Тавофуқоти ҷонибҳо барои як сол дар назар гирифта мешавад.

Ҳарфҳои Исмоил Ҳашм Фирӯз дар бораи он ки бори аввал аст ба Тоҷикистон маводи сӯхт мефиристанд, дар ҳолест, ки бино ба омори расмӣ Тоҷикистон кишвар дар ҳашт моҳи соли 2014 аз Эрон бештар аз 2 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид кардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тақрибан 90 дарсади бозори сӯзишвории кишварро Русия таъмин мекунад, аммо дар паҳлӯи он Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Қирғизистон низ мавқеъ доранд.

Охирҳои моҳи декабри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, баъди ризояти Исломобод аз Кувайт 100 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид хоҳанд кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ворид кардани сӯзишворӣ аз давлатҳои ҳавзаи Халиҷи Форс то Покистон ва аз онҷо ба Тоҷикистон, бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ, метавонад барои кишвар арзон тамом шавад.

Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон талош дорад, вобастагияш аз воридоти маводи сӯхт аз хориҷро дар солҳои оянда коҳиш диҳад. Ин аст, ки ба иттилои расмӣ то поёни соли ҷорӣ бахши аввали полоишгоҳи нафти Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба баҳрабардорӣ шурӯъ мекунад. Сохтмони ин полоишгоҳро ширкати "Хели"-и Чин сармоягузорӣ мекунад ва дар ин бора миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ин ширкат моҳи апрели соли 2014 қарордод имзо шудааст. Вале то ҳол ҷонибҳо аз изҳори ақида дар бораи нархи маҳсулоти ниҳоии он, яъне бензин худдорӣ мекунанд.

Баъд аз баҳрабардории бахши аввал дар ин корхона 500 ҳазор тонна ва баъди пурра ба кор даромадан, то 1 миллиону 500 ҳазор тонна нафт тасфия ё полуда мешавад. Аммо Георгий Кошлаков, муовини нахуствазир дар ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон чоҳҳои боз барои истихроҷи нафт вуҷуд надорад ва ин полоишгоҳ дар панҷсолаи оянда ба маҳсулоти хоми дохилӣ умед баста наметавонад.

Ӯ гуфт, ин кор сармоягузориҳои ҳангуфтро мехоҳад, зеро Тоҷикистон кишвари кӯҳистонист ва дастрасӣ ба қишри нафт кори мушкилест. Ба гуфтаи Георгий Кашлаков, ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан нафт истихроҷ намешавад. Вай маълумоти соли 2013-ро намуна меорад ва мегӯяд, ки дар он сол дар саросари Тоҷикистон 27 ҳазор тонна нафт истихроҷ кардаанд, ки он хеле кам аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG