Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кимиё Ализода таърихсоз шуд


Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар паёме дар Твиттер Кимиё Ализодаро барои медали биринҷиаш дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ табрик кардааст. Ӯ гуфтааст, ки медали Кимиё тамоми сокинони Эрон, бахусус бонувони ин кишварро шод кардааст.

Кимиё Ализода, варзишгари эронӣ дар риштаи таэквандо, аввалин медали бонувони Эрон дар таърихи Бозиҳои олимпиро ба даст овард ва ба чеҳраи таърихӣ дар ин кишвар табдил шуд. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар паёме дар саҳифаи Твиттераш гуфтааст, "духтарам, Кимиё! Ҳамаи мардум, бавижа бонувони Эронзаминро шод кардӣ. Шодии ҳамешагиро бароят орзумандам."

Кимиёи 18-сола дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро ба намояндаи Шветсия бо натиҷаи 5:0 пирӯз шуд. Дар раунди аввали мубориза Кимиё ва рақибаш ҳеҷ имтиёз ба даст наоварданд. Моҳрӯ Камаронӣ, мураббии тими миллии Эрон, ӯро омодаи мубориза дар раунди баъдӣ кард.

Ҳайати табибон ва устодам талоши зиёд карданд, ки ба ин мусобиқаҳо бирасам ва, Худоро шукр, ин иттифоқ афтод ва тавонистам таърихсоз шавам.
Кимиё Ализода

Дар раунди дувум Ализода аввалин имтиёзро гирифт ва дар идома низ имтиёзи дувумро аз худ намуд. Дар даври севум низ Кимиё Ализода имтиёз ба даст овард. Дар идома варзишгари шветсиягӣ талош кард, ки имтиёз бигирад, вале муваффақ нашуд ва мусобиқа бо ҳисоби 5:0 ба нафъи варзишгари эронӣ ба поён расид.

Кимиё Ализода дар дидори аввал ба намояндаи Хорватия ҳам пирӯз шуд ва аммо дар дидори дувуми марҳилаи чаҳорякниҳоӣ аз намояндаи Испания шикаст хӯрд. Ин варзишгари эронӣ ба хабарнигорон гуфт, ки «баъд аз якуним моҳ, барои аввалин бор рӯи поям паридам, зеро осебдидагии шадид доштам. Ҳайати табибон ва устодам талоши зиёд карданд, ки ба ин мусобиқаҳо бирасам ва, Худоро шукр, ин иттифоқ афтод ва тавонистам таърихсоз шавам.»

Ализода ёдовар шудааст, ки «хушҳолам барои духтарони эронӣ. Чун роҳе боз шуд, то бонувони Эрон битавонанд дар олимпиадаҳои баъдӣ медал бигиранд. Умедворам шоҳиди медалҳои хушрангтар бошем.”

Хабарнигорон аз Кимиё Ализода пурсиданд, ки худро чи гуна ҳис мекунад? Вай дар посух гуфт, ки "дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, олимпии навҷавонон ва ҷаҳонии навҷавонон таърихсозӣ кардам ва ин панҷумин бор буд, ки таърихсоз мешудам."

Ҳоло шумораи медалҳои варзишкорони Эрон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро ба ду медали тилло ва се медали биринҷӣрасидааст. Аммо аз ин миён медали биринҷии Кимиё Ализода боарзиштарин медал дар таърихи варзиши Эрон будааст.

XS
SM
MD
LG