Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Пурдистон "аз наздик шудани террористҳо" ба марзи Эрон


Аҳмадризо Пурдистон, фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон

Аҳмадризо Пурдистон, фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон

Аҳмадризо Пурдистон, фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон гуфт, террористон дар наздикии марз бо ин кишвар ҳастанд ва аз давлаташ хост, ки барои тақвияти таҷҳизоти артиш таваҷҷуҳ кунад.

Аҳмадризо Пурдистон -- фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон хабар дод, ки нерӯҳои, ба гуфтаи ӯ, террористӣ дар наздикии марзҳои Эрон қарор гирифтаанд. Ӯ афзуд, "имрӯз бо чеҳрае аз таҳдидҳо рӯбарӯ ҳастем, ки аз назари навъ, шакл ва андоза бо гузашта фарқ дорад."

Ба гузориши хабаргузории нимарасмии "Форс", Аҳмадризо Пурдистон ин ҳарфҳоро рӯзи якшанбеи 24 май дар Маҷлиси Эрон баён дошта ва таъкид кардааст, "ҳоло ҷойи пойи ДОИШ-ро дар Афғонистон ва Покистон мебинем ва онҳо худашонро омода мекунанд." Вай аз мақомоти кишвараш хостааст, дар ин шароит таҷҳизоти нерӯҳои артишу сипоҳ бояд тақвият шаванд.

Фармондеҳи нерӯҳои заминии артиши Эрон гуфтааст, "бояд эътибороте дар ихтиёри нерӯҳои артиш ва сипоҳ қарор гирад, то битавонем таҷҳизотамонро баруз кунем, имрӯз набард, набарди нерӯҳои заминӣ аст. То битавонем танк бихарем ва болгардҳоямон таъмиру танзим бишаванд."

Чанд рӯз пеш аз ин, Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ бо ишора ба он чи "талоши бадхоҳони миллат ва бархе масъулони минтақаи Халиҷи Форс барои кашондани ҷангҳо ба марзҳои Эрон номид", ҳушдор дод, "агар шайтанате сурат гирад, вокуниши Эрон бисёр сахт хоҳад буд". Дар ҳамон рӯзе, ки Алии Хоманаӣ ин суханонро баён кард, Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ, фармондеҳи кулли сипоҳи посдорон низ бо баёни ин ки "душманон бо забони силоҳ бештар ошно ҳастанд", афзуд, "мо ҳам қасд дорем бо ҳамин забон ба онҳо рӯбарӯ шавем".

Мӯҳсин Ризоӣ, фармондеҳи сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар даврони ҷанг бо Ироқ, ки дар солҳои ахир дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом будааст, низ гуфта, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ҳассоси минтақа эҳсоси хатар карда ва ба сипоҳ бозгаштааст. Мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ тавзеҳи бештаре дар мавриди ҷузъиёти хатаре, ки марзҳои ғарбии Эрон таҳдид мекунад, надодаанд.

Аммо Аҳмадризо Пурдистон, фармондеҳи нерӯҳои заминии артиши Эрон рӯзи 24 май дар бахши дигаре аз суханҳояш дар Маҷлиси ин кишвар гуфт, "гурӯҳҳои ДОИШ дар вилоятҳои марзӣ... бо фазосозӣ анборҳои махфии муҳиммот ва нерӯ омода карда буданд, то дар замони вурудашон бо террор ва инфиҷор ошӯб кунанд, ки тавассути сарбозони кишварамон хунсо шуд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG