Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасани Рӯҳонӣ бо чӣ дастовезе ба Аврупо рафт?


Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи 25 январ, нахустин сафари хориҷии худ баъд аз лағви таҳримҳои байнулмилалиро аз Аврупо шурӯъ кард.

Раисиҷумҳури Эрон баъд аз зӯҳри рӯзи 25 январ вориди Рум, пойтахти Италия шуд. Бино ба иттилои расмӣ, дар сафари панҷрӯза ба Рум ва Порис ӯро тоҷирони эронӣ, вазирони нафту газ ва дигар мансабдорони воломақоми кишвар ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Раисиҷумҳури Италия Серхио Маттарела шоми душанбе дар Кохи президентӣ дар Рум аз Ҳасани Рӯҳонӣ пазироӣ кард. Қарор аст, ки Ҳасани Рӯҳонӣ бо нахуствазири Италия Маттео Рензӣ мулоқот ва гуфтушунид кунад.

Мулоқоти ӯ бо гурӯҳи тоҷирони итолиёвӣ ва баъдан дар Вотикон бо Попи Рум Франсиск ҳам тарҳрезӣ шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 28 январ барои гуфтушунид бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд вориди Порис мешавад.

Юкио Амано, мудири кулли МАГАТЭ, Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ рӯзи 16 январ дар Вена эълом кард, ки Эрон ҳама бандҳои созишномаи ҳастаиро иҷро кардааст. Ба думболи ин Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, ки ҳама таҳримҳои молиявӣ ва иқтисодӣ ва ҳама он чӣ ба барномаи ҳастаии Эрон вобаста буд, лағв шуданд. ИМА таҳримҳо дар бахши бонкдорӣ, тиҷорати баҳрӣ, содироти пулод ва дар чанд соҳаи дигарро бекор кард.

Эълони лағви таҳримҳо алайҳи Эрон
Эълони лағви таҳримҳо алайҳи Эрон

Бо лағви таҳримҳо Теҳрон ба беш аз 30 миллиард доллари дар ҳисобҳои хориҷӣ мунҷамидшуда даст меёбад. Лағви таҳримҳо ба рушди иқтисоди кишвар, ки солҳои ахир тақрибан ба зону зада буд ва ба афзоиши бекорӣ дар Эрон мунҷар шуда буд, мусоидат хоҳад кард, мутмаинанд мақомоти эронӣ. Ва Теҳрон талош дорад, ки аз ин вазъ барои худ суде бардорад.

Ва аммо чаро Ҳасани Рӯҳонӣ дар нахустин сафари худ ба Аврупо маҳз аз Руму Порис дидан мекунад, дар ҳоле, ки солҳои пеш Теҳрон бо дигар кишвари қора – Олмон робитаҳои хело қавии иқтисодӣ дошт ва баъзеҳо пешгӯӣ ҳам мекарданд, ки савари аввалини ӯ ба Берлин хоҳад буд?

Ризо Тақизода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна мегӯяд, ки сафари Рӯҳонӣ ба ин ду кишвар ҳанӯз тирамоҳ тарҳрезӣ шуда буд ва аммо бино ба ҳамлаҳои террористӣ дар Порис ба таъхир уфтод. Аммо сафар ба ин ду кишвар маънои беэътиноии Теҳрон ба дигар кишварҳои аврупоиро надорад, мегӯяд ӯ, ба вижа, ки чанд рӯз пеш нахуствазири пешини Олмон дар раъси як ҳайати бузурги иқтисодӣ дар Эрон буд.

Ризо Тақизода
Ризо Тақизода

Аммо ба ҳар ҳол, Италия ва Фаронса ба далелҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ метавоннад мавриди таваҷҷуҳи Эрон қаро бигиранд, аз сӯи дигар ширкатҳои нафтии итолиёвӣ, аз ҷумла ширкати ЕНИ ва фаронсавӣ, ба вижа ширкати Тотал ва ҳамчунин корхонаҳои мошинбарории ҳарду кишвар хоҳиши вориди бозори Эрон шуданро доранд. Зимнан, Рӯҳонӣ мехоҳад, ки ЕНИ ва Тотал на фақат дар бахши истихроҷи нафт, балки дар истихроҷи газ ҳам бо Эрон ҳамкорӣ дошта бошанд. Ин пешниҳод ё дастовези Рӯҳонӣ ба ин ширкатҳои бузурги аврупоӣ маҳсуб мешавад. Зимнан, Эрон барои содироти нафти худ ба Аврупо изҳори омодагӣ кардааст.

Ризо Тақизода меафзояд, Ҳасани Рӯҳонӣ, албатта, талош мекунанд, ки бо ин сафар нуфузи сиёсии худро дар кишвараш тақвият диҳад ва ба ин хотир бояд корномаи иқтисодии муносиберо тавонад ба мардум арза кунад.

Аз ин пеш мақомоти Эрон гуфта буданд, ки баъд аз лағви таҳримҳо хостори ҳамкории наздиктар бо Русия низ ҳастанд. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар долонҳои нишасти иқтисодии Давос ба хабарнигорони рус гуфт, ки акнун барои Маскав шароити хубе барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Эрон муҳайё шудааст. Ба гуфтаи мансабдори эронӣ, ду кишвар метавонанд дар се бахш – энерҷии ҳастаӣ, бунёди роҳи оҳан ва кишоварзӣ ҳамкории беҳтар дошта бошанд. Муҳаммад Ҷавод Зариф афзуд, ки замони таҳримҳо ҳам Маскаву Теҳрон дар бахши энерҷии ҳастаӣ ҳамкории хуб доштанд.

Алиакбар Солеҳӣ, раиси созмони энерҷии ҳастаии Эрон ҳам ба фардои робитаҳои ду кишвар дар ин бахш хушбин аст. Ӯ ахиран дар як сӯҳбат бо телевизиони давлатии Эрон бо ишора ба Русия гуфт, Теҳрон ба кишварҳое, ки дар лаҳзаҳои мушкил дар паҳлӯяш буданд, арҷ мегузорад ва ҳамкориро қабл аз ҳама бо ин кишварҳо таҳким мебахшад:

Раҷаби Сафар, раиси Маркази мутолеоти Эрон дар Маскав мегӯяд, ки лағви таҳримҳо алайҳи Теҳрон воқеъан ҳам роҳи Русия барои ҳамкорӣ бо Эрон дар самтҳои гуногунро ҳамвор кардааст. Ба ҷуз фановариҳо барои бунёди нерӯгоҳҳои ҳастаӣ Русия метавонад дар рушди роҳҳои оҳани Эрон, ва ҳамчунин дар саноати нафту гази ин кишвар саҳм бигирад, Русия эҳтимолан барои бунёди нерӯгоҳҳои гармдиҳанда ва нерӯгоҳҳои газӣ дар Эрон низ фановариҳои муасирро дар ихтиёри он кишвар мегузорад, меафзояд ӯ.

Раҷаб Сафаров
Раҷаб Сафаров

Аз нигоҳи Раҷаби Сафар, Русия Эронро бо фановариҳое муосире ҳам метавонад таъмин намояд, ки дар Аврупо аллакай ҷорӣ шудаанд ва аммо Эрон ба он эҳтиёҷ дорад.

Аз сӯи дигар, Русия барои нахустин бор аз буҷҷаи худ барои мусоидат ба содирот ба Эрон 5 миллиард доллар ҷудо кард. Зиёда аз ин, Кремл бонкҳои давлатиро муваззаф намудааст, ки барои корхонаҳои содиркунандаи тавлидоти Русия шароитҳои беҳтару имтиёзҳоро ироа кунанд.

Ҳамзамон Теҳрон робитаҳояш бо дигар кишвари абарқудрат – Чин ҳам таҳким бахшиданист. Ахиран Сӣ Ҷинпинг, раисҷумҳури Чин дар Теҳрон бо раҳбарони Эрон музокироти сиёсиву иқтисодӣ анҷом дод. Ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни боздиди Ҷинпинг, ки ӯро 3 муовини нахуствазир ва шаш вазири ҳукумат ҳамроҳӣ кардаанд, 16 қарордод имзо шудааст.

Чин харидори аслии нафти Эрон ба шумор меравад. Тиҷорати миёни ин ду кишвар дар соли 2014 ба 52 миллиард доллар расид вале дар соли гузашта ба сабаби поин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ то андозае коҳиш ёфт.

Зимнан, Сӣ Ҷинпинг нахустин раҳбари як абарқудрати ҷаҳонист, ки баъд аз лағви таҳримҳои зиддиэронии Ғарб ба ин кишвар сафар намуд.

XS
SM
MD
LG