Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз "Саманд" парвози баланд мехоҳад, аммо...


 Мошини Саманд, ки дар Беларус истеҳсол шудааст

Мошини Саманд, ки дар Беларус истеҳсол шудааст

Таҳрими нафти Эрон ҷумҳурии исломиро зери фишори шадид қарор дод, аммо мақомоти Теҳрон умедворанд, ки аз ҳисоби содироти автомобил вазъро илоҳ кунанд.

Таҳрими содироти маводи сӯхти Эрон, ки кишварҳои ғарбӣ дар иртибот бо барномаи ҳастаии Теҳрон ҷорӣ кардаанд, иқтисоди ин кишвар ва махсусан даромади арзии онро зери фишори сахт гузоштааст. Дар чунин ҳоли ногувор Ҷумҳурии Исломӣ умед дорад, аз ҳисоби содироти саноати мошинсозӣ миллиардҳо доллар камбуди даромадашро ҷуброн кунад.

Эдвард Белл, шореҳи умури Эрон, дар маҷаллаи “Economist”, чопи Лондон, мегӯяд, пайдо намудани даромади алтернативӣ барои Теҳрон вазифаи аввалиндараҷа аст: “Таҳрими ИМА ва Аврупо ба буҷети Эрон зарбаи ҷиддӣ задааст, зеро даромади содироти нафту газ барои Эрон мисли нону маска мебошанд. Акнун Теҳрон бояд аз ҳисоби соҳаҳои дигари хоҷагиаш алтернативае пайдо кунад.”

Вале ба қавли коршиносон вазъи саноати автомобилсозии Эрон ҳам чандон хуб нест. Беқурбшавии риёл харидани фанновариҳо ва сомони хориҷиии мошинҳоро гаронтар намудааст. Бар илова бо ишора ба таҳрими аврупоии Эрон коршарикони хориҷии ҷумҳурии исломӣ ба монанди ширкати фаронсавии "Пежо" (Peugeot) ҳамкорӣ дар чорчӯби муассисаҳои муштарак бо ҷумҳурии исломиро хотима бахшидаанд.

Моҳи феврал рӯзномаи британиявии "Financial Times" гузориш дод, ки аз моҳи апрел то январи гузашта дар Эрон 677 ҳазор адад мошин истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо нуҳ моҳи соли гузашта 50 дар сад камтар аст. Коршиносони соҳаи истеҳсоли автомобил мегӯянд, мошинҳое, ки Эрон тавлид мекунад, мошинҳои солҳои навадуми қарни гузаштаанд.

Яке аз ин мошинҳо "Саманд" номида мешавад, ки ширкати давлатии Эрон бо номи "Худрав" истеҳсол мекунад. Эрон дар Беларус як корхонаи истеҳсоли "Саманд" таъсис додааст, ки тавлидоти он тибқи нақша мебоист, дар бозорҳои Беларусу Русия ба фурӯш равад.

Иқтисодшиноси беларусӣ Алес Ҳерасименка мегӯяд, бозори дохилии Иттиҳоди гумрукии Беларус, Русия ва Қазоқистон саршор аз мошинҳои замонавии саросари дунё буда, "Саманд"-и эронӣ дар он муштарии зиёде пайдо нахоҳад кард. Ӯ хотирнишон мекунад, ки соли 2006-ум ҳангоми имзои санади ташкили корхонаи муштарак таъкид шуда буд, ки солона то 30 000 "Саманд" истеҳсол хоҳад шуд. Аммо соли гузашта муовини аввали сарвазири Беларус, Владимир Сямашка, иброз дошт, ки дар давоми панҷ соли мавҷудияти корхонаи муштарак ҳамагӣ 1 000 адад мошин тавлид шудааст.

Иттифоқан, мошинҳои "Саманд" дар Тоҷикистон ҳам харидори зиёде пайдо накарданд. Иқтисодшиноси тоҷик, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон -- “Тоҷ-Ирон”-ро мисол меорад, ки бо ҳадафи истеҳсоли муштараки трактор дар Тоҷикистон бунёд шуд, вале бо вуҷуди фаъолияташ дар давоми чанд соли охир муваффақияте ба даст наовард.

Ҳамчунон соли гузашта Эрон, ки яке аз сармоягузорони бузург дар иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, дар сохтмони нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда-2" саҳми калон гузоштааст, дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки дар канори пойтахти Тоҷикистон як шаҳраки саноатӣ бунёд хоҳад кард, вале то кунун дар бораи сохтмони кадом муассисае дар ин шаҳрак иттилоъ нарасидааст.

Эрон Ироқро яке аз бозорҳои дигаре барои мошинҳои эронӣ эълон кардааст, вале ахиран Ҳайдар Шиммарӣ, сухангӯи ширкати давлатии Ироқ бо номи General Automobile Company дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Ироқ то кунун ягон музокироте бо Эрон дар ин бора надоштааст ва кишвараш дар масъалаи ташкили корхонаҳои муштараки тавлиди мошин бештар ба ҳамкорӣ бо Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Фаронса таваҷҷуҳ дорад.
XS
SM
MD
LG