Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷангандаҳои эронӣ ба ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ


Пентагон эълон кард, ҷангандаҳои эронӣ ба як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ ҳамла кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, вазорати дифои Амрико рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки ду ҷангандаи эронӣ ҳафтаи гузашта дар Халиҷи Форс ба як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ ҳамла кардаанд.

Вазорати дифои Амрико ҳушдор додаст, ки ин кишвар омодагии дифоъ аз нерӯҳои худ дар минтақаро дорад. Ин ҳодиса рӯзи якуми ноябр ва як ҳафта пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико рӯй додаст. Ҷорҷ Литл, сухангӯи Пентагон рӯзи панҷшанбе гуфт: «Ин ду ҷангандаи эронӣ ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоиро раҳгирӣ карда ва чандин бор ба сӯи он оташ кушодаанд.»

Сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки ин ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико «ба ҳеҷ унвон дар ҳарими ҳавоиии Эрон» набуда ва ду ҷангандаи Су-25 ба сӯи он оташ кушодаанд. Сухангӯи вазорати дифои Амрико эълом кардааст, ки ин ҳавопаймо парвози «оддии шиносоӣ» дошта ва ИМА ба Эрон гуфтаааст, ки қасд надорад ин парвозҳоро мутаваққиф кунад.

Ҷорҷ Литл дар бора гуфт, ки ИМА бо эрониҳо тамос барқарор кард ва эълом намуд, ки нерӯҳои амрикоӣ ҳамчунон парвозҳои шиносоие бар рӯи обҳои байналмилалии Халиҷи Форсро идома хоҳанд дод.

Сухангӯи вазорати дифои Амрико дар суханоне ҳушдоромез гуфт: «Мо гузинаҳои зиёде дорем, аз иқдоми дипломатик то низомӣ, то аз таҷҳизот ва нерӯҳоямон дар минтақа муҳофизат кунем ва ин корро ҳар вақт зарурат бошад, анҷом хоҳем дод.»

Ба гуфтаи сухангӯи Пентагон, ин ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ бидуни осебе ба яке аз пойгоҳҳои низомӣ дар минтақа бозгашт.
XS
SM
MD
LG