Пайвандҳои дастрасӣ

“Гиряҳои сиёсӣ” - тактикаи нав дар интихоботи Эрон


Алиакбар Вилоятӣ

Алиакбар Вилоятӣ

Навори бойгонӣ аз эълони марги Оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ ва мусиқии ғамангез дар пасманзари он чашмони номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Эрон Алиакбар Вилоятиро лабрези ашк мекунад.

Хотироти марги бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон барои бисёр эрониҳо ғамангез аст ва Вилоятӣ низ саҳнаи мотаму синазаниро ашк дар чашм тамошо мекунад. Ӯ бо гиряи бесадо наворҳои сиёҳу сафеди замони фаъолияташ дар маснади вазири хориҷиро мебинад ва оҳиставу бесадо аз толор берун меравад.

Ин навори таблиғотии номзад ба мақоми раёсати ҷуҳмурӣ Алиакбар Вилоятӣ аст, ки порае он аз тариқи шабакаи давлатии телевизиони Эрон пахш шуда, шакли пуррааш бо номи “Эрони ман, Оҳ меҳани ман” дар сомонаи Вилоятӣ нашр гардидааст.






Сиёсатмадорони Эрон ғолибан гирёнрӯ ҳастанд, аммо то ҳол хеле кам иттифоқ афтодааст, ки номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳур ашки худро ҳамчун абзори талиғот дар маъракаи интихоботӣ истифода кунанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 14 июн баргузор мешавад ва Алиакбар Вилоятӣ яке аз номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳур аст. Гуфта мешавад, ки ӯ яке аз номзадҳои маҳбуби раҳбари рӯҳонии Эрон Оятулло Алӣ Хоманаист.

Аммо Вилоятӣ танҳо номзаде нест, ки сели сиришкро дар шабакаи телевизони давлатӣ сар додааст. Номзади дигар Муҳаммадризо Ориф, ки дар аҳди президенти ислоҳотталаб Муҳаммад Хотамӣ дар мақоми ноиби раисҷумҳур фаъолият мекард , ҳангоми зуҳур дар телевизион ва посухгӯӣ ба суоли сабтшудаи як шунавандаи ҷавон домани гиряро сар дод.

Ин ҷавон аз номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар бораи торафт ҷавон шудани синну соли нашъамандон суол мекард. Ориф гуфт, ки ҳамчун падар аз ин вазъият эҳсоси хиҷолат мекунад. Ин суол то андозае алами номзадро ба бор овард, ки дар пахши барнома лаҳзае танаффус эълон шуд, то Ориф ором шавад ва битавонад ба суолҳо посух бигӯяд.




Гиря метавонад чеҳраи инсонии як сиёсатмадорро ба намоиш гузорад ва ё метавонад бо нишон додани заъфи ӯ, обрӯяшро коста кунад ва мавриди таънаи рақибонаш қарор бидиҳад.

Ҷонибдорони Ориф ашкҳои ӯро нишони самимият ва бетараф набудан аз сарнавишти эрониҳо тавсиф карданд. Ин тавсифро мешавад дар робита ба Вилоятӣ ҳам нисбат дод, ки дар навори таблиғотӣ талош мекард, садоқати худро ба Хоманеӣ ва андӯҳи беохир аз реҳлати ӯ нишон диҳад.

Аммо мунаққидон чашмони ашколуди номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурро “гиряҳои сиёсӣ” , яъне тактикае унвон кардаанд, ки ба хотири дарёфти овозҳои ин миллати хеле ҳассос ва пуршӯр пиёда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG