Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ҳамлаи ҳавоӣ ба "Давлати исломӣ" дар Ироқро таъйид кард


Эрон ҳамлаи ҳавопаймоҳои он кишвар ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар хоки Ироқро таъйид кард.

Иброҳим Раҳимпур, муовини вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи ҷумъа ба рӯзномаи бритониёии "Гордиан" гуфтааст, ки ҳадаф аз ҳамлаҳо, "дифоъ аз манофеи дӯстон мо дар Ироқ" будааст.

Муовини вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи ҷумъа аз давлати марказии Ироқ ва иқлими Курдистони ин кишвар ба унвони "дӯстони Теҳрон" ном бурда ва афзуд, "ҳар гуна амалиёти низомӣ барои кӯмак ба давлати Ироқ, вобаста ба дархости он давлат аст". Ин нахустин бор аст, ки як мақоми расмии Эрон ҳамлаи ҳавоӣ ба пойгоҳҳои Давлати исломӣ дар Ироқро таъйид мекунад.

Рӯзи 2 декабр Пентагон хабар дод, ки рӯзҳои ахир ҳавопаймоҳои Эрон низ дар алоҳидагӣ ба мавқеъҳои ин гурӯҳ дар шарқи Ироқро бомборон карданд. Аммо Алии Лориҷонӣ, раиси парлумони Эрон дар посух ба суол дар ин бора гуфта буд, "ман намедонам манбаи ин хабар аз куҷост ва онро таъйид намекунам". Ба гузориши хабаргузории "Тасним", оқои Лориҷонӣ, афзудааст, "ки мо ба амрикоиҳо нуқтаи муштараке дар мубориза бо терроризм надорем."

Марзия Афхам, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, низ аз таъйиди ҳамлаи Эрон ба хоки Ироқ худдорӣ кардааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи чаҳоршанбе танҳо гуфт, ки "ҳеҷ гуна тағйире дар сиёсати Эрон дар хусуси мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ ва кӯмак ба давлати Ироқ ва ироаи машварат дар муқобила бо гурӯҳҳои такфирӣ вуҷуд надорад". Вай афзуд, "хабарҳо дар мавриди ҳамкории низомии Эрон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ назири "Давлати исломӣ", дуруст нест."

Масъуд Ҷазоирӣ, муовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон низ ҳар гуна ҳамкории Эрон бо Эътилоф ба раҳбарии Амрико дар бамборони пойгоҳҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро радд кард, аммо дар бораи ҳамлаи ҳавоии якҷонибаи Эрон сухане нагуфта буд. Ин дар ҳоле аст, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико аз ин гуна ҳамла истиқбол кард.

Алиризо Нуризода, таҳлилгари сиёсии муқими Лондон мегӯяд, мушовирони низомии эронӣ чанд муддат боз дар Ироқ мустақаранд, вале воқеъан ҳам барои нахустин бор аст, ки ҳавопаймоҳои нерӯҳои эронӣ ба мавқеъҳои ситезаҷӯён дар қаламрави Ироқи ҳамсоя зарба мезананд. “Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар Ироқ аз ҳазор то ҳазору панҷсад мушовири низомӣ дорад, ки дар чанд пойгоҳ – дар Самарро ва наздикиҳои Бағдод мустақаранд ва нерӯҳое чун “Бадр”-ро тамрин медиҳанд ва онҳоро бо силоҳ таъмин мекунанд”.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, чаҳор ҳавопаймои F-16 мавқеъҳои “Длавти исломи”-ро дар марзҳои Эрон бомборон карданд. “Аз нигоҳи ман, ин як амри табиӣ буд, зеро Эрон аз наздикшавии ДИИШ ба марзҳояш ҳарос дорад ва аз ин рӯ хост, ки “илоҷи воқеъаро пеш аз вуқӯъ” ёбад. Ва чун нерӯҳои “Давлати исломӣ” дар Ҷолуллоҳ мустақар шуданд, ҳавопаймоҳо он мавзеъро бомбборон карданд. Баъд аз ин зарбаҳои ҳавоӣ нерӯҳои шиаи ироқӣ тавонистанд, ки ин мавзеъро дубора таҳти назорат бигиранд”.

Аммо, меафзояд мусоҳиби мо, ҳавопаймоҳои эронӣ ба дохилтари Ироқ – Мовсил, Такрит ё Анбор, ки ҳавопаймоҳои Эътилофи байнулмилалии зидди “Давлати исломӣ” ҳамеша дар парвозанд, ворид нашудаанд.

Алиризо Нуризода мегӯяд, ки “аз ин амалиёт мақомоти Ироқ огаҳ буданд ва Бағдод ҳам ҳатман нерӯҳои амрикоиро дар ҷараёнгузошта буд, ва чун ин бомбборон ба манфиати ИМА буд, Вошингтон ба он мухолифате накардааст”.

ИМА моҳи августи соли равон ба зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ шурӯъ кард. Охирҳои моҳи сентябр ситезаҷӯёни гурӯҳ дар Сурия ҳам ҳадафи зарбаҳои ҳавоии Амрико ва ҳампаймонҳояш дар Эътилофи зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" – Арабистони Саъудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Урдун ва Баҳрайн қарор гирифтанд.

Ҳоло ҳавопаймоҳои ҷангии дигар кишварҳои узви Эътилоф - Австралия, Белгия, Бритониё, Канада, Дания, Фаронса ва Ҳуланд ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ зарба мезананд.

Расонаҳои хабарии байналмилалӣ дар рӯзҳои ахир аксҳоеро аз ҳавопаймоҳои ҷангии F-4 дар осмони Ироқ ва дар наздикии марзи Эрон бо Ироқ, ки машғули бамборони пойгоҳҳои гурӯҳи Давлати исломӣ ҳастанд, мунташир кардаанд. Танҳо Эрон ва Туркия дар минтақа, ин ҳавопаймоҳои амрикоиро дар ихтиёр доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG