Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Маҷлиси Эрон: "Марги Саттор Биҳиштӣ таҳқиқ мешавад"


Саттор Биҳиштӣ

Саттор Биҳиштӣ

Маҷлиси Эрон гуфт, сабабҳои марги блогнавис Саттори Биҳиштӣ дар маҳбасро комиссияи махсус пажӯҳиш хоҳад кард.

Муҳаммад Ҳасан Абутуробифард, муовини раиси Маҷлиси Эрон, ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, сабабҳои марги Саттор Биҳиштиро комиссияи бонуфузи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ тафтиш хоҳад кард. Изҳороти Абутуробифард нахустин вокуниши расмии Эрон ба марги то ҳол мармузи блогнавис мебошад.

Биҳиштии 35-сола рӯзи 30-юми октябр аз сӯи пулис барои “аъмоли алайҳи амнияти миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Facebook” боздошт шуд ва чанд рӯз баъд дар маҳбас аз олам даргузашт. Бархе аз гурӯҳҳои мухолифин мегӯянд, Биҳиштӣ дар маҳбас мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Ҳадс зада мешавад, ки баъд аз боздошт ӯ чанд муддат дар маҳбаси Эвини Теҳрон буд.

Ба гуфтаи гурӯҳҳои мухолифини Эрон, ҷасади Биҳиштиро рӯзи 7-уми ноябр ба пайвандонаш доданд ва ӯ дар оромгоҳи шаҳри Работи Карим, воқеъ дар ҷануби ғарби Теҳрон, макони охират пайдо кард. Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон рӯзи 10-уми ноябр изҳор намуд, ки мақомоти Эрон бояд сабабҳои марги мармузу машкуки Биҳиштиро дар маҳбас пурра тафтиш кунад.

Вазорати умури хориҷии Амрико марги Биҳиштиро "куштор" номид ва хостори пажуҳиши мӯшикофонаи он шуд. Созмони Amnesty International ё Афви байнулмилал бар асари шиканҷа дар маҳбас аз олам даргузаштани Биҳиштиро байид намедонад ва мегӯяд, ки ин гуна ҳодисаҳо аз ин пеш ҳам зиёд рӯй додаанд.

Эҳсон Меҳробӣ, хабарнигори эронии муқими Туркия, ба Радиои Фардо (бахши эронии Радиои Озодӣ) гуфт, бархе аз вакилони Маҷлиси Эрон ҳамчунин хостори посухи дастгоҳи қазоӣ ва вазорати умури хориҷӣ дар робита ба марги Саттори Биҳиштӣ шуданд. Ӯ меафзояд, аз ин пеш ҳам қазияҳои марги хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқи башар дар маҳбас, аз ҷумла, қазияи хонум Заҳрои Козимӣ, мавриди таваҷҷуҳи Маҷлиси Эрон қарор гирифта буд, вале паёмади муассире надоштанд. Ба гуфтаи Эҳсон Меҳробӣ, “ҳарчанд Маҷлис ба иттилооти комилтаре дастрасӣ дорад, аммо наметавон интизор дошт, ки баъд аз гузоришҳои Маҷлис иттифоқҳои амалӣ рух медиҳад, зеро Маҷлис имкони бархӯрд бо тахаллуфҳои қувваи қазоиро надорад ва фақат метавонад иттилоърасонӣ кунад.”

Солҳои охир дар Эрон даҳҳо хабарнигорону блогнависон бо сабабҳои гуногун, бештар бо иттиҳоми “талоши рахна задан ба амнияти миллӣ” боздошт ва зиндонӣ шуданд. Саттор Биҳиштӣ қабл аз боздошт дар блогаш навишта буд, ки кормандони амниятӣ ба ӯ барои андешаҳои зиддиҳукуматияш таҳдид кардаанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG