Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон қасди сипари зиддимушакиро аз "Садои Русия" гирифт


Дар масъалаи сонсур Эрон дар байни дӯсту душман фарқ намегузорад ва ахиран як сомонаи давлатии Русияро масдуд кард.

Радиои давлатии “Садои Русия” мегӯяд, ки сомонаи бахши Форсии радио дар Эрон аз 13-уми феврал ба ин сӯ масдуд аст. “Садои Русия” ҳушдор додааст, ки ин иқдом ба равобити Русия бо Ҷумҳуруии Исломии Эрон таъсири нохуб хоҳад дошт. Дар изҳороти сомонаи форсии “Садои Русия” омадааст, ки ҳоло дастрасӣ ба сомона танҳо аз тариқи “прокси”, ё нармафзорҳои филтерӣ имконпазир аст.

“Садои Русия”, ки мегӯяд сомонаи форсӣ бидуни ҳеҷ ҳушдоре баста шудааст, дар як нома аз сафорати Эрон дар Маскав ва ҳамчунин Вазорати фарҳанги Эрон дархост кардааст, ки қазияро шарҳ диҳанд. “Садои Русия” гуфтааст, сонсур ба равоти ду кишвар, ки ҳоло дар сатҳи баланд қарор дорад, таъсири манфӣ мегузорад.

“Ҳайратовар ин аст, ки бахши Форсии радиои “Садои Русия”, як радиои давлатӣ аст ва дар гузоришҳои худ умдатан аз мавқеъи Эрон ҷонибдорӣ мекунад”, - гуфтааст “Садои Русия”.

Сомонаи эронии “Интихоб” бо такя ба як манбаи огоҳи худ навиштааст, ки “ба эҳтимоли қавӣ, сабаби филтер шудани сомонаи форсии “Садои Русия” дар надоштани сабти ном дар Вазорати фарҳанги Эрон аст.

Ин дар ҳолест, ки сомонаи форсии хабаргузориии “РИА Новости” солҳо боз бидуни ҳеҷ мушкилот дар Эрон фаъолият пеш мебарад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия солҳои ахир бо якдигар равобити нисбатан хуб доранд. Албатта, баъзе танишҳо дар муносибати ин ду давлат вуҷуд дорад. Махсусан вақте ки Русия аз таҳримоти ҳастаии алайҳи Эрон пуштибонӣ кард ва аз таъмини Эрон бо сипари дифои мушакии S-300 сарпечӣ намуд. Русия гуфт, ин додугирифт бар хилофи таҳримоти Созмони Милали Муттаҳид хоҳад буд. Чунин бархӯрди Русия Эронро ранҷонд ва мақомоти кишвар Русияро ба додгоҳи Женева кашиданд.

Ноиби вазири хориҷии Русия Сергей Рыбаков рӯзи 15 феврал гуфт, “то замоне, ки Эрон қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро пайгирӣ накунад ва ба лағви таҳримот муваффақ нашавад, набояд ба дарёфти сипари зиддимушакии S-300, ки аз Русия дархост кардааст, умед бубандад”.

Эрон то ҳол ҳазорҳо сомонаро бо иттиҳоми ғайриахлоқӣ будан ва ё “мухолифати”-и онҳо бо манофеи миллии ин кишвар масдуд кардааст.

Сомонаҳои бисёре, аз ҷумла сомонаи бахши радиои Фардо ва ББС низ дар Эрон баста ҳастанд. Мақомоти Эрон пайваста сомонаву блогҳоро филтер мекунанд. Соли гузашта сомонаи собиқ раисҷуҳмурии Эрон Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба муддати чандин ҳафта масдуд шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG