Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати музокироти шашгона бо Эрон


Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ
Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ

Музокирот бар сари барномаи ҳастаии Эрон қарор шуд ҳатто баъди анҷоми мӯҳлати зарбулаҷал ҳам идома кунад.

Музокиракунандагоне, ки дар шаҳри Лозаннаи Швейсария гуфтугӯ мекунанд, чаҳорчӯби созишномаи марбут ба маҳдудиятҳо дар барномаи ҳастаии Теҳронро баррасӣ мекунанд, ки қарор аст таҳримҳои иқтисодии Эронро аз байн бубарад. Ҳоло ширкатдорон бар сари матни ин созишнома баҳсро идома медиҳанд, ки барояшон то 30 июн фурсат медиҳад, ба созиши ниҳоӣ бирасанд.

Сухангӯи департаменти давлатии Амрико Марӣ Ҳарф гуфт, “дар рӯзҳои гузашта мо ба натиҷаҳои зарурӣ даст ёфтем, ки шароити тамдиди гуфтугӯҳоро то рӯзи чоршанбе фароҳам меорад”. Айни замон, ӯ илова кард, ки “ҳаморо баъзе мушкилот боқӣ мемонад”.

Аз ин пеш, вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, тарҳи созишномаи миёни Эрону шаш қудрати ҷаҳонӣ ба даст омадааст ва он бар ивази боздошта шудани барномаи ҳастаӣ бекор кардани таҳримҳои иқтисодии Эронро дар назар мегирад. Вай гуфт, "масъалаҳои асосӣ ҳалли худро ёфтаанд".

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе ба хабаргузории русиии ТАСС гуфтааст, ки Эрон ва гурӯҳи 5+1 бар сари масоили асосӣ ба тавофуқ расиданд ва коршиносон бар матне, ки Муҳаммадҷавод Зариф ва Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо "дар чанд соати оянда эълом хоҳанд кард", машғули кор ҳастанд.

Аммо хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли як мақоми баландпояи амрикоӣ навиштанд, ки ин ҳарф дуруст нест ва на дар ҳама масъалаҳои калидӣ бо Эрон тавофуқе ҳосил шудааст.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон пешрафт гуфтугӯҳои ҳастаиро бисёр хуб арзёбӣ кард ва гуфт, ки "роҳи ҳалли аксари мавзӯот комилан мушаххас шудааст." Вазири умури хориҷии Эрон нимашаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки "аз субҳи соати 6 ҳама ҳайатҳо машғули музокира буданд ва ба ғайр аз як-ду соат барои намоз ва истироҳат, ҳеҷ фурсате набуд. Аз ҳама фурсатҳо истифода шуд."

Оқои Зариф дар идома гуфтаст, пешрафтҳои хеле хубе дар сӯҳбатҳо буд ва то ҳоло, ки соат якуними шаб аст, кор идома пайдо кард. Вай гуфтааст, "тасмим гирифта шуд, ки бақияи корро аз соати 6 то 7 субҳи рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ кунем, умедворем, фардо ба натиҷа бирасем."

31 март то поёни шаб музокироти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Лозаннаи Швейсария идома кард. Бо наздик шудани мӯҳлати поёнии музокирот ҷонибҳо бештар саъй мекунанд ба мухолифатҳои 12-сола бар сари фаъолиятҳои ҳастаии Эрон хотима диҳанд. Кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ мешавад, вале Эрон ин иддаоро рад мекунад.

Агар ҷонибҳои музокиракунанда роҷеъ ба чаҳорчӯби созишнома ба тавофуқ бирасанд, дар он сурат роҳ барои имзои созишномаи ниҳоӣ дар таърихи 31 июн ҳамвор хоҳад шуд.

Ба ҳайати музокиракунанда дар муқобили Эрон дипломатҳои ИМА, Бритониё, Фаронса, Чин ва Русияву Олмон шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG