Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон ба Ироқ: "Осори таърихиатонро ба мо амонат бидиҳед"


Эрон аз Ироқ хостааст, то осории таърихии дар маърази вайронӣ қарордоштаи худро ҳамчун амонат ба Эрон бисупорад.

Хабаргузории ИСНА-и эронӣ рӯзи шанбе хабар дод, ки Созмони фарҳангӣ ва сайёҳии Эрон дар як нома ба раиси ЮНЕСКО, вазири сайёҳат ва мероси фарҳангии Ироқ изҳори омодагӣ кардааст, то осори музейҳо дар дохили Ироқро то вақте, ки субот ва оромиш ба он кишвар баргардад, ба ҳамчун амонат дар ихтиёр Теҳрон бигузорад. Муҳаммадҳасан Толибиён, муовини Созмони мероси фарҳанӣ ва сайёҳии Эрон гуфтааст, агар Ироқ ин ин дархостро қабул кунад, Эрон метавонад ҳарчи зудтар осори бостонии Ироқро ҳамчун амонат нигаҳдорӣ кунад.

Гурӯҳи Давлати исломӣ ҳафтаи гузашта наворе нашр кард, ки аъзои ин гурӯҳ осори бостонии музейи шаҳри Мавсилро бо путк ва пармаҳои калони барқӣ, вайрон мекарданд. Таърихи баъзе аз ин муҷассамаҳо ва осори бостонӣ ба қарни ҳафтуми пеш аз милод мерасад ва ба гуфтаи бостоншиносон, аз ҷумла яке аз онҳо, муҷассамаи даврони шоҳаншоҳиии ашкониён аст. Гурӯҳи Давлати исломӣ ин муҷассамаҳоро нишонаи бутпарастӣ медонад.

Ирина Бокова, раиси ЮНЕСКО рӯзи панҷшанбе гуфт, аз дидани видеои нобудии осории бостонии Мавсил аз тарафи гурӯҳи Давлати исломӣ ба шиддат шок ва ҳайратзада шудааст ва аз Шӯрои амнияти СММ хост, барои ҳифозат аз мероси фарҳангии Ироқ, як нишасти изтирорӣ баргузор кунад.

Дар видеое, ки гурӯҳи Давлати исломӣ рӯзи панҷшанбе нашр кард, яке аз ин афрод ношинос мегӯяд, "мусалмонон, ин ҳайкалҳое, ки пушти сари ман мебинед, бутҳое ҳастанд, ки дар қарнҳои гузашта парастида мешуданд. Ошӯриҳо ва дигарон ин бутҳоро ба унвони Худои борон, кишоварзӣ ва ҷанг мепарастиданд ва ба шаклҳои гуногун онҳоро ситоиш мекарданд."

Дархости Эрон аз Ироқ як рӯз пас аз бозкушоии Осорхонаи миллии Ироқ матраҳ шудааст. Ин музей пас аз ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Ироқ, тӯли 13 сол аз фаъолият боз монда буд. Дар ин муддат бисёре аз осори бостонии Осорхонаи миллии Ироқ ғорат шуд, аммо ин кишвар муваффақ шуд, қисми зиёде аз онҳоро бозпас бигирад. Шаҳри Мавсил, ки дувумин шаҳри калони Ироқ мебошад, тобистони соли гузашта ва тақрибан бидуни ҷанг ва муқовимат ба тасарруфи гурӯҳи Давлати исломӣ афтод.

Нооромӣ ва хушунатҳо дар Ироқ давоми моҳҳои ахир афзоиш ёфта ва тибқи иттилои намояндагии СММ дар он кишвар, дар моҳи феврал дастикам 1100 нафар кушта шудаанд, ки беш аз 600 нафари онҳо ғайринизомиён будаанд. Дар гузориши СММ, ки рӯзи якшанбеи 1-уми март нашр шуд, омадааст, ки бақияи қурбониён аз нерӯҳои амниятии он кишвар будаанд. Дар ин иттилоия шаҳри Бағдод --пойтахти Ироқ бо 329 кушта ва 875 захмӣ, ноамнтарин шаҳри Ироқ дар моҳи феврал гуфта шудааст.

XS
SM
MD
LG