Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ИМА ва Эрон идома меёбад


Музокироти ҳастаӣ миёни ИМА ва Эрон дар Швейсария рӯзи 27 март идома ёфт. Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ ва ҳамтои эронияш Муҳаммад Ҷавод Зариф даври аввали музокиротро дар шаҳри Лозанна, воқеъ дар канори кӯли Женева, рӯзи панҷшанбе шурӯъ карданд.

Гуфтушунидҳо дар ҳоле идома мекунанд, ки 31 март - охирин мӯҳлат барои расидан ба созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон муқаррар шудааст.

Панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин) ба изофаи Олмон тайи ду сол бо Эрон ба хотири маҳдудсозии барномаи ҳастаии Теҳрон дар ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ музокирот карданд. Гурӯҳи “Панҷ ба изофаи як” мехоҳад, ки Теҳрон теъдоди сентрафугаҳо барои ғанисозии ураниумро коҳиш диҳад ва ба ин васила талоши дастёбӣ ъа силоҳи ҳастаӣ надоштанашро собит кунад.

Мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, ки то 31 март расидан ба созиш мумкин аст, аммо бархе шубҳаҳо дар ин маврид ҳанӯз ҳам мавҷуданд.

Аммо мақомоти эронӣ хушбинтаранд. Акбар Солеҳӣ, раҳбари Оҷонси ҳастаии Эрон, ахиран эълом дошт, ки дар ҷараёни музокирот ҳама мушкилоти фаннӣ ва ихтилофи назарҳо аз байн бурда шуданд.

XS
SM
MD
LG