Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар моварои умеду навмедиҳо


Оятулло Алии Хоманеӣ изҳор намуд, ки фишори Ғарб болои Теҳрон дар робита ба барномаи ҳастаияш наметавонанд Эронро ба зону нишонанд.

Ба думболи ин изҳорот дар Твиттер, раҳбари Эрон дар як паём ба рӯҳониёни кишвар ҳам ин гуфтаҳояшро такрор намуд, ки кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ба хотири ба зону нишондани Эрон дар робита ба барномаи ҳастааш фишори шадид оварданд ва аммо муваффақ нашуданд ва дар оянда ҳам нахоҳанд шуд.

Музокироти ҳастаӣ миёни Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ – ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ба изофаи Олмон бо миёнаравии Иттиҳодияи Аврупо дар Вена, пойтахти Австрия, шоми душанбе бенатиҷа поён ёфт. Қарор буд, ки дар фарҷоми ин музокирот то 24 ноябр созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон имзо шавад.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки мӯҳлати гуфтугӯҳои ҳастаӣ то 30 июни соли оянда тамдид шавад.

Лоран Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, рӯзи 25 ноябр изҳор намуд, ки дар гуфтугӯҳои ҳастаӣ дар Вена дар масоили муҳимтарин “ҳаракате ба самти пеш” ва талоши воқеъӣ даст ёфтан ба тавофуқ мушоҳида шуд, ки дар музокироти қаблӣ эҳсос намешуд”.

Муҳаммад Ҷавод Зариф
Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, баъд аз анҷоми музокирот дар Вена гуфт, “дар як соли гузашта ҳайати эронӣ дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе аз ин тавофуқ дошт ва муҳимтарин аст, ки барномаи ҳастаӣ - натиҷаи талоши донишмандону муқовимати мардуми Эрон – имрӯз ба сурати комил идома дорад”. Ӯ афзуд, ки ҷонибҳо мувофиқа оид ба созиши ниҳоиро тулонӣ карданӣ нестанд ва шояд тайи чаҳор моҳи наздик мавқеъҳояшон комилан ҳамоҳанг шаванд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, сабаби нокоми гуфтугӯҳои ҳастаӣ дар он аст, ки ҷонибҳо дар чанд мавзеъ, аз ҷумла, дар бораи шумораи сентрофугаҳои барои барномаи ҳастаии Эрон зарурӣ ихтилофи назари шадид доранд. “Шашгона” пойфишорӣ дорад, ки теъдоди сентрафугаҳои Эрон аз даҳ ҳазор бештар набошад, дар ҳоле, ки ба иддаои Теҳрон, барои рушди мӯътадили барномаи ҳастаии кишвар дасти кам 80 баробар бештар сентрафуга зарур аст.

Раҷаб Сафаров
Раҷаб Сафаров

Раҷаб Сафаров, раиси Маркази мутолеоти Эрони муосир, мақараш дар шаҳри Маскав мегӯяд, бо вуҷуди баъзе аз эъломияҳои мусбати мақомоти эронӣ ва умедвориҳо ба музокироти нав дар пайи тамдиди мӯҳлати гуфтугӯҳои ҳастаӣ бояд эътироф кард, ки музокирот ноком шуд ва баъд аз ҳафт моҳи дигар ҳам имзо шудан созиши ниҳоӣ гумон аст. Ӯ меафзояд, “ҷоизаи “ҳавасмандӣ” барои Эрон дар музокирот ин шуд, ки алайҳи кишвар ягон таҳрими нав эълон намешавад ва зиёда аз ин бархе аз таҳримҳои молиявӣ бардошта мешаванд, аз ҷумла, Эрон ҳаққи онро пайдо хоҳад кард, ки аз ҳисобҳои мунҷамидшудааш ҳар моҳ то 700 миллион доллар дарёфт кунад”.

Алиризо Нуризода, таҳлилгари масоили сиёсии муқими Лондон, сабаби ноком шудани гуфтугӯҳои ҳастаиро дар бардошту хулосаи бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Амрико, аз созиши ниҳоӣ мебинанд. “Ба назари ман, ниёзе барои музокироти бештар, ба вижа, аз сӯи ИМА, ҳис мешуд, чун раисиҷумҳур Обама намехоҳад як қарордоди ноқис бубанданд, Аз сӯи дигар, дар сурати шикасти музокирот Амрико интихобе ба ҷуз ҷанг надорад ва аммо Обама ба ҳеҷ ваҷҳ омодагии ҷангро надорад”. Оғои Нуризода меафзояд, “раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам интихоби зиёд надорад, вазъи бади иқтисодии Эрон ва ваъдаҳои зиёде, ки ӯ ба мардум додааст, рӯи шонааш сангинӣ мекунад”. Аз ин рӯ Ҳасани Рӯҳонӣ маҷбур аст, ки натиҷаҳои гуфтушунидро барои Эрон мусбат арзёбӣ кунад.

Ҳамзамон Алиризо Нуризода иддаои баъзе расонаҳоро, ки гӯё гуфтугӯҳои ҳастаӣ дар Вена бар асари фишори Арабистони Саъудӣ ва Исроил болои Амрико ба шикаст мувоҷеҳ шудаанд, рад мекунад. Ба гуфтаи ӯ, “воқеъан ҳам Арабистони Саъудӣ баъди мудохилаҳои Эрон ба умури Баҳрайн ва Яман дар мавриди аҳдофи Теҳрон бадгумон шудааст. Саъдиҳо аз он ҳам нороҳатанд, ки Ғарб кишварҳои ҳамсояи Эронро аз ширкат дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон дар фосила нигаҳ медорад”.Аммо, меафзояд таҳлилгар, миёни Арабистони Саъудӣ ва Исроил дар робита ба мавзӯи Фаластин он қадар ихтилофи амиқ мавҷуд аст, ки дар мавриди Эрон сиёсати ҳамоҳанг доштани онҳоро номумкин месозад. Алиризо Нуризода мегӯяд, "шояд ҳарду аз Эрон нигарон бошанд, вале нигарониҳояшон ба шеваи гуногун аст, бигирем, саъудиҳо бештар аз мудохилаҳои Теҳрон ба Ироқу Сурия ва Баҳрайну Яман хашмгинанд”.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, нокомӣ дар имзои созиши ниҳоӣ муҳофизакоронро барои интиқоди бештар аз ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ ва ҷавонону бозаргонҳои эрониро шояд барои даст ба тазоҳурот задан таҳрик диҳад. Ба гуфтаи Алиризо Нуризода, шояд ба ҳамин хотир раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ дар сӯҳбат бо мардум кӯшиш кард, ки шӯълаи умедро зинда нигаҳ дорад ва ба онҳо бигӯяд, "агар имрӯз созиш имзо нашуд, боке нест, ин санад баъд аз чанд моҳи дигар имзо хоҳад шуд".

Аммо Раҷаб Сафаров ҳадс мезанад, муҳофизакорон, ки аз аввал ошкоро зидди гуфтушунидҳои ҳукумати Рӯҳонӣ бо Ғарб, аз ҷумла, бо ИМА буданд, шояд баъд аз шикасти гуфтугӯҳои ҳастаӣ алайҳи ҳукумат тазоҳурот кунанд ё ҳадди аққал маъракаи интиқоди шадиди онро ба роҳ монанд ва дар ин амалҳо ҷавонону тоҷирон ба муҳофизакорон ҳамроҳ хоҳанд шуд.

Қарор аст, ки даври навбатии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон миёнаҳои моҳи оянда дар Умон баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG