Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ба созиш наздиктар шудаанд


Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, бо вуҷуди он ки "чанд кори сахт" боқӣ мондааст, аммо умедвор аст, тавофуқ миёни Теҳрону шаш қудрати ҷаҳонӣ ба даст хоҳад омад.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар музокирот бар сари барномаҳои атомии Эрон ва расидан ба тавофуқ наздиктар шудаанд. Тарафҳо аҳд додаанд, ки то 13 июл созишро имзо кунанд, вале Ҷон Керрӣ -- вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки баъзе аз масоили мушкил миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 боқӣ мондааст. Ба ин гурӯҳ, Чину Фаронса, Амрикову Русия ва Олмону Бритониё шомил ҳастанд.

Ҷон Керрӣ рӯзи 12 июл ба хабарнигорон гуфт, "фикр мекунам, мо баъзе аз қарорҳои воқеиро қабул мекунем." Ӯ афзуд, "чанд кори сахт" боқӣ мондааст, вале умедвор аст, ки тавофуқ ҳосил мешавад.

Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса 12 июл гуфт, бо вуҷуди он ки корҳое боқӣ мондааст, аммо ду тараф ба марҳилаи ниҳоии музокироти атомӣ ворид шудаанд: "Ман умедворам, ки мо дар ниҳоят ба марҳилаи ин ниҳоии музокироти тӯлонӣ ворид шудем." Вай баъди бозгашташ аз Порис, гуфт, дар музокироти пас аз нисфирӯзӣ аз ҷумла бо мудири кулли Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ ширкат мекунад.

Федерика Могерини, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “соатҳои ҳалкунанда” фаро расидааст. Як аломати он ки эҳтимол созиш ба даст меояд, ин аст, ки Сергей Лавров -- вазири умури хориҷии Русия ва Ван Йӣ, ҳамтои ӯ аз Чин барои пайвастан ба музокирот ба Вена, пойтахти Австрия бармегарданд.

Ба гуфтаи дипломатҳо, 98 дарсади матни созиши атомӣ баъди гуфӯгуҳои пурғалоғулаи дуҷонибаву чандҷониба дар рӯзи 11 июл дар Вена такмил шудааст. Вале бино ба гузоришҳо, ду масъалаи асосӣ, яке мӯҳлати эътибори созиш ва бардоштани таҳримоти таслиҳоти одӣ ва мушакӣ бар зидди Эрон аз масъалаҳои асосии ихтилофи назар боқӣ мондаанд. То кунун тарафҳо аҳд дода буданд, ки то рӯзи 30 июн, 7 ва 9 июл созишро имзо кунанд, вале натавонистанд.

Дар сурати ба даст омадани тавофуқи куллӣ, Эрон бояд фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад ва таҳримоти нафасгиркунанда ва дардноки иқтисодӣ алайҳи Эрон бардошта шавад. Бар асоси чаҳорчӯби созише, ки дар шаҳри Лозанеи Швейтсария моҳи апрел ҳосил шуд, Эрон бояд шумори сентрифугаҳои ғанисозии ураниумро аз 19 ҳазор феълӣ то ба 6 ҳазор адад кам кунад. Дигар ин ки бояд захираҳои ураниуми ғанишудаашро, ки метавон дар сурати ғализтар кардан, аз он бомби атомӣ сохт аз 7 тонна то 350 кило кам кунад.

Ҳадаф аз ин маҳдуд кардани тавоноии Эрон дар сохтани бомби атомист ва бо ин теъдоди сентрифуга ва захираи ураниум ба Эрон ҳадди ақалл як сол лозим мешавад, ки маводи лозим барои сохти бомби атомиро омода кунад.

Дар музокирот дар Вена намояндагони тарафҳо шеваҳои иҷрои тавофуқи Лозанеро баррасӣ доштанд. Яке аз масъалаи ихтилофи назар ҳамчунин роҳ додани нозирони ҳастаии Созмони Милал ба таъсисоти низомии Эрон аст, ки таҳқиқ кунанд, оё Эрон дар гузашта барои сохти бомби атомӣ талош кардааст, ё не.

Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон рӯзи 11 июл дар мулоқоте бо донишҷӯён дар Теҳрон гуфтааст, ки Амрико “намунаи комили такаббур” аст ва онҳо бояд худро барои “муборизаи бештар бо таккаббур” омода кунанд. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Эрон саъй кардааст, бомби атомӣ бисозад, вале Теҳрон мегуяд, ки ҳадафи барномаҳои атомиаш сулҳомез аст ва барои тавлиди нерӯи барқ ва таҳқиқоти тиббӣ равона шудааст.

XS
SM
MD
LG