Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҷанбаи низомии барномаи ҳастаии Эрон норӯшан аст"


Юкио Амано

Юкио Амано

Мудири кулли МАГАТЭ гуфт, талоши онҳо барои рӯшан кардани паҳлуҳои низомии барномаи ҳастаии Эрон бенатиҷа будааст.

Юкио Амано, мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ ё МАГАТЭ, рӯзи панҷшанбе гуфт, талоши фаровони онҳо барои маълум кардани ҷанбаҳои низомии барномаи ҳастаии Эрон пешрафте надоштааст.

Ҷаноби Амоно, ки дар нишасти Шӯрои ҳукком, иборат аз 35 кишвари узв, сухан мегуфт, шарҳ дод, ки дастовардҳои мушаххасе дар ин замина ба даст наомадааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, мудири кулли МАГАТЭ бори дигар аз Эрон хостааст, то шароиту имконот фароҳам оварад, ки бозрасони ин ниҳоди байналмилалӣ ба муҷтамаи низомии Порчин дар наздикии Теҳрон дастрасӣ пайдо кунанд.

Оҷонс тахмин мезанад, Эрон дар ин пойгоҳи низомӣ, ки зери назари Сипоҳи посдорон аст, озмоишҳои низомии марбут бо таслиҳотии ҳастаиро анҷом додааст.

Амано ибрози нигаронӣ карда, ки фаъолиятҳои густурда дар Порчин ба манзури поксозии он аз озмоишҳои сурат гирифта, монеаи ҷиддӣ бар сари таҳқиқоти Оҷонси байналмилалии нерӯи энержии атомӣ ба шумор меравад.

Ин мақоми баландпояи МАГАТЭ гуфтааст, ниҳоди ӯ ҳанӯз ҳам моили гуфтугӯ бо мақомоти Эрон аст ва тасдиқ карда, ки қарор аст, намояндагони ду тараф рӯзи 13-уми декабр бори дигар музокироти худро аз сар гиранд.

Кишварҳои ғарбӣ Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар садади дастёбӣ ба силоҳи атомист. Ин дар ҳолест, ки Эрон ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, барномаи ҳастаии ин кишвар комилан сулҳомез ва барои тавлиди энержист.
XS
SM
MD
LG