Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳмуди Аҳмадинажодро чӣ сарнавиште дар пеш аст?


U.S. -- Iranian President Mahmud Ahmadinejad gestures during a news conference in New York, 24Sep2010

U.S. -- Iranian President Mahmud Ahmadinejad gestures during a news conference in New York, 24Sep2010

Бо назардошти душманони зиёд доштани Маҳмуди Аҳмадинажод, чунин ба назар мерасад, ки ӯ дар пеш ояндаи хубе надорад, зеро дар ҳашт соли ҳукумати ӯ на танҳо обрӯи худаш, балки обрӯи Эронро дар арсаи байналмилал поин бурд. Маҳмуди Аҳмадинажод, аз минбари Созмони Милал Ҳолокостро "афсона" ва омилҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқ "мармузу торик" хонд ва худро ба раиси ҷумҳури номаҳбубе дар миёни кишварҳои бисёр табдил дод.

Аммо Маҳмуди Аҳмадинажод бо амалкарду баёниҳои ҷанҷолиаш на танҳо дар хориҷ, балки дар дохили Эрон ҳам барояш душман сохт. Ӯ хост, аз ҳисоби афроди бонуфузи наздик ба Алии Хоманаӣ раҳбари Эрон қудрату салоҳиятҳои бештар ба даст орад, вале муввафақ нашуд. Аз ин рӯ баъд тарки мақоми раиси ҷумҳур кардани Маҳмуди Аҳмадинажод дар рӯзи 3-уми август, ӯ худро дар ҳалқаи душманони зиёде хоҳад дид.

Скот Лукас, коршиноси умури Эрон дар Донишгоҳи Бирмингеми Бритониё, мегӯяд, дар даври дуввуми раёсати ҷумҳуриаш Маҳмуди Аҳмадинажод аз як муттаҳиди наздики оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба раиси ҷумҳуре табдил шуд, ки бо рӯҳониёни ҳоким дар Эрон ихтилофи ошкор дошт:

"Ҷанҷоли ҷиддии воқеъӣ миёни Аҳмадинажод ва дафтари раҳбари муаззами Эрон соли 2011 сурат гирифт, зеро он вақт бозӣ барои ба даст овардани назорати вазорати иттилоот ва пеш аз он вазорати хориҷӣ буд. Маҳмуди Аҳмадинажод қисман муввафақ шуд ва назорати вазорати хориҷиро ба даст овард, аммо бо талош барои ба даст овардани вазорати иттилоот аз ҳад гузашт, зеро ин вазорат, қаламрави раҳбарии олии Эрон аст. Аз ҳамон замон муносиботи Аҳмадинажод на танҳо бо Хоманаӣ, балки дигар бахшҳои низом ғаразмандона буд.“

Аломатҳое зиёде мавҷуд аст, ки бисёриҳо дар Ҷумҳурии Исломӣ мехоҳанд, Аҳмадинажодро ҷазо диҳанд. Дуруст пеш аз интихоботи рӯзи 14 июн, Раҳим Машоӣ, номзади баргузидаи Аҳмадинажод ба мақоми раиси ҷумҳури Эронро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум карданд. Баъди ин дар корзори интихоботӣ ҳамаи номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур, ӯро барои мудирияти нодурусти иқтисоди Эрон зери тозиёнаи танқид гирифтанд.

Ҳасан Рӯҳонӣ, пирӯзи интихобот, амалкардҳои ҳукумати Аҳмадинажодро ифротӣ хонд, ҳарчанд ин гуфтаашро тавзеҳ накард, аммо мегӯянд, ки Рӯҳонӣ бархӯрди Аҳмадинажод бо ислоҳталабони Ҷунбиши Сабзро дар назар дошт, ки баъди тазоҳуроти интихоботи баҳсбарангези соли 2009, ҳукумати онҳоро бераҳмона саркӯб кард.

Аммо бо вуҷуди сарзанишу ҳамла ба Аҳмадинажод ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳокимони Эрон баъди аз мақомаш рафтани раиси ҷумҳур ба ӯ даст намерасонанд. Ҳусейн Аскарӣ, профессори улуми равобити байналмилалӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон мегӯяд:

"Эрон намехоҳад баъди интихоби Ҳасан Рӯҳонӣ, як ғавғои дигаре барпо кунад. Ҳасан Рӯҳонӣ фарди бисёр пухта аст ва корҳои муҳим зиёд дорад ва намехоҳад, таваҷҷӯҳи миллатро ба сӯи Аҳмадинажод кашида ӯро фарди муҳиме нишон бидиҳад."

Ба гуфтаи Ҳусейн Аскарӣ, ҷазо додани Аҳмадинажод на фақат таваҷҷӯҳро ба дигар самт мекашад, балки ба худи режими Ҷумҳурии Исломӣ ҳам латма мезанад. Ва ин чиз ба гуфтаи Аскарӣ, на ба манфиати низом ва на ба манфиати Аҳмадинажод аст:

"Дар воқеъ мо бояд огаҳ бошем, ки Аҳмадинажод, дар бораи корҳое, ки режим кардааст, чизи бисёр медонад ва албатта метавонад онҳоро ифшо кунад. Аммо ба андешаи ман, ӯ ин корро нахоҳад кард, зеро бо афроди он иртибот дорад ва мехоҳад, ки режим дар оянда муввафақ шавад."

Дигар ин ки ҷазо додан ба Маҳмуди Аҳмадинажод, метавонад ба обрӯи худи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ латма занад, зеро худи Алии Хоманаӣ, ӯро соли 2005 ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур баргузида буд. Дар он вақт, Аҳмадинажод мири шаҳри Теҳрон ва фарди начандон шинохта дар тамоми Эрон буд.

Аммо дар рӯзҳои охири раёсаташ ва билофосила баъди он баъзе аз душманони Маҳмуди Аҳмадинажод ӯро ба дарди сар гирифтор хоҳанд кард. Рӯзи 17 июн додгоҳе дар Теҳрон аз ӯ даъват кард, ки то рӯзи 26 ноябр барои посух додан ба суолҳо доир ба парвандае ба додгоҳ ҳозир шавад.

Маҳмуди Аҳмадинажод ошкоро дар порлумон бо Алӣ Лориҷонӣ ҷанҷол кард.

Маҳмуди Аҳмадинажод ошкоро дар порлумон бо Алӣ Лориҷонӣ ҷанҷол кард.

Ба гуфтаи торнамои давлатии dolat.ir Алии Лориҷонӣ, раиси порлумон ва як кумиссиёни порлумон аз Маҳмуди Аҳмадинажод ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Ҳарчанд доир ба ҷузъиёти парванда чизе нагуфтаанд, вале моҳи феврал, Маҳмуди Аҳмадинажод, дар ҷаласаи порлумон ошкоро хонаводаи Лориҷонӣ, раиси маҷлисро ба фасодкорӣ муттаҳам кард.

Алӣ Лориҷонӣ аз ин рафтор ба хашм омада ва гуфт, ки бо ин кораш Маҳмуди Аҳмадинажод ахлоқи худро ба мардум нишон дод. Раиси ҷумҳури Эрон, ки дар аввал симои “хидматгори хоксори мардумро” ба намоиш гузошта буд, дар даври дуввум майли афзояндае ба нозу неъмати зиёду дабдаба нишон дод.Ба гуфтаи Ҳусейн Аксарӣ, мумкин аст, Маҳмуди Аҳмадинажод дар пайи ҷамъ овардани сарват шавад, зеро метавонад бо истифода аз робитаҳояш дар дохили низом ва бахусус Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, миёнҷигарӣ кунад.

Раиси ҷумҳури 56-солаи Эрон то кунун дар бораи корҳои ояндааш чизи зиёде нагуфтааст, фақат ҳаминро зикр кардааст, ки баъди хотимаи раёсати ҷумҳуриаш барои тадрис ба донишгоҳ бармегардад. Ӯ унвони номзади илм дар арсаи нақлиётро дорад ва қабл аз карйераи сиёсиаш дар донишгоҳ дарс мегуфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG