Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: 35 сол баъди суқути шоҳ (бо 18 АКС)


Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ
Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ

11 феврал аз поёни салтанати Муҳаммад Ризошоҳ 35 сол мегузарад. Вале имсол ба даргузашти худаш низ 33 сол пур мешавад.

Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ, мулаққаб ба Шоҳаншоҳ Ориёмеҳр, бештар аз ҳар каси дигар, яъне бештар аз 37 сол дар Эрон ҳукумат кард. Дар зоҳир низоми давлатдории шоҳ машрута ё конститутсионӣ буд, вале дар амал он шабоҳате ба подшоҳи машрута надошт. Дар даврони салтанаташ маҳбубияти вай дар миёни мардуми Эрон яксон набуд, вале имрӯз маҳбубияташ тағир ёфтааст.

Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки ба эътибори шоҳ дар давраи ҳокимияташ ва баъд аз барканориаш чӣ тавр будааст?

37 сол пеш вақте ки шоҳро аз қудрат канор андохтанд, Шоҳаншоҳ Ориёмеҳр барои эрониён шахсияти маҳбубе набуд. Баръакс дар миёни инқилобиён ба вай танаффур доштанд.

Муҳаммад Ризошоҳ ҷавони 21-сола буд, ки ба курсии шоҳи Эрон нишаст. Ӯ забони фаронсавиро хеле хуб медонист. Баъзе аз коршиносони эронӣ мегӯянд, ки дар оғози салтанаташ шоҳи ҷавон маҳбуб буд ва мардум дилгарму умедвор буданд, ки вай дар кишвар тағйирот ҷорӣ мекунад. Яке аз мояҳои дилгармӣ он буд, ки вай ба ҳукумати худмухтори ҳизби демократи Озарбойҷон хотима дод ва бад-ин тариқ талошҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин - ҳамсояи қудратманди Эрон дар шимол, ки мехост Озарбойҷони Эронро аз Эрон ҷудо кунад, нақше бар об шуд. Пешгирӣ аз ин барномаи Шӯравӣ яке аз вазифаҳои давлати машрута буд. Шоҳ бо иҷрои ин вазифа ба ифтихори миллӣ табдил ёфт ва дигар барои худ рақиб надошт.

Хумайнӣ - раҳбари инқилоби исломӣ
Хумайнӣ - раҳбари инқилоби исломӣ
Вале баъд аз 5 сол наҳзати миллӣ кардани нафти Эрон шурӯъ шуд ва нирӯҳое дар дохил ба шоҳ фишор меоварданд, ки саноати нафтро аз назорати ширкатҳои ғарбӣ берун оварда, миллӣ кунад. Бо назардошти ин шоҳ барномаҳои иқтисодиро таҳия ва ба иҷрои он пардохт. Чунин барномаҳо вазъи иқтисоди кишварро беҳбуд бахшид ва он ба зиндагии рӯзмарраи мардуми оддӣ таъсир гузошт. Эрон ба истилоҳ аз содироти нафт на фақат соҳиби пул шуд, балки дар арсаи сиёсиву иқтисодии минтақаву ҷаҳон ба як кишвари муҳим табдил ёфт. Дар он солҳо нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ якбора чаҳор баробар боло рафт. Дуруст дар ҳамон солҳо буд, ки табақаи муттавассит ё миёнаи Эрон шакл гирифт. Дар ҳамин давра шумораи донишгоҳҳову донишҷӯён афзоиш ёфт.

Вале шароити зисти мардуми деҳот ба сатҳи зисти аҳолии шаҳр баробар набуд. Нирӯҳои чапгаро, масалан, ба таблиғи ин мавзӯъҳо пардохтанд, ки аз канори деҳоти онҳо лӯлаҳои нафту газ мегузарад, вале онҳо оби ошомиданӣ надоранд. Гузашта аз ин ҷашнҳову тантанаҳо афзоиш ёфт, барои ин гуна тантанаҳо аз Фаронса маводи ғизоӣ меоварданд. Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба шоҳ ҳадяҳои гаронбаҳо медоданд ва махориҷи ҷашнҳо, масалан, бакарат боло рафт.
Ба ин тартиб, шоҳ эътибори миллии худро тадриҷан аз даст медод.

Ардашери Зоҳидӣ - яке аз наздикон ва домоди шоҳи собиқи Эрон - бар ин ақида аст, ки атрофиёни шоҳ бо тасмимоти иштибоҳомези худ низоми подшоҳиро ба буҳрон рӯ ба рӯ карданд ва ба маъруфияти шоҳ дар миёни мардум зарба заданд. Чунин равиш тадриҷан заминаҳои инқилоби исломӣ дар Эронро фароҳам кард ва ҷавонон ба равандҳои шоҳситезӣ ҳамроҳ мешуданд. Баъд аз инқилоби исломии соли 1979 шоҳ Эронро тарк кард ва баъд аз ду сол дар Қоҳира аз бемории саратон даргузашт.

Тайи 35 соли ҳукумати Ризошоҳ исломгароён бар зидди шоҳ таблиғ мекарданд ва ин таблиғ гоҳо бо таҳқиру тавҳин ҳам ҳамроҳ будааст.

Муҳаммад Ризошоҳ
Муҳаммад Ризошоҳ
Бо вуҷуди ин ки ҳоло дар барномаҳои садо ва симои Эрон ҳамеша аз Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ “шоҳи хоин” ном мебаранд, вале ин ибораҳо барои баъзеҳо ёдовари рӯзҳоест, ки гӯё ҳама чиз дар давраи шоҳ хуб буд, арзонӣ буд, мардум озод буданд. Духтару писарон, барои он ки дар хиёбонҳо даст ба дасти ҳам медоданд, шаллоқ намешуданд. Занҳо либоси майли дили худро мепӯшиданд. Овозхонони дӯстдоштаи эрониён мисли Гугушу Саттор, Муину Дориюш ва даҳҳо нафари дигар дар Эрон зиндагӣ мекарданд.

Аммо ҳамон ба истилоҳ “шоҳи Худобиёмурз”, вақте ки ночор ба хотири эътирозҳои густардаи мардум Эронро тарк кард, вазъияти худаш ва хонаводааш ба гунае буд, ки ҳатто дӯстонаш ҳам тарафаш намерафтанд. Аммо ин вазъият барои хонаводаи шоҳ ба мурур тағйир кард ва кор ба ҷое расид, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳамакнун на танҳо дӯстдорони шоҳ, балки мардуми оддӣ ҳам аз Муҳаммад Ризошоҳ ба некӣ ёд мекунанд.

Алии Киштгар - яке аз раҳбарони созмони Фидоиёни халқ, ки бар зидди шоҳ мубориза мекард, мегӯяд, агар ҳамин ҳоло ба 37 соли пеш баргарданд, ба ҷои интиқод аз амалкарди иқтисодии шоҳ аз набуди озодиҳои сисёсӣ интиқод мекунад. Алии Киштгар мегӯяд, “таблиғоте, ки он вақт мешуд, таблиғоти идеологӣ буд ва бисёриҳо воқеиятро намедиданд.” Ба гуфтаи вай, интиқоди меҳварии чапгароҳо, яъне вобастагии иқтисодии Эрон интиқоди дуруст набуд, ва мушкили асосии шоҳ ин буд, ки ба Қонуни асосӣ беэътиноӣ кард.

XS
SM
MD
LG