Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози санҷиши қазияи латукӯби Саидалӣ ҳини "облава"


Санҷиши қазияи латукӯби бераҳмонаи Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми “облава” шурӯъ шуд, худаш ҳоло ҳам дар бемористон аст.

Додситонии низомии шаҳри Панҷакент ба санҷиши қазияи латукӯби бераҳмонаи Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми “облава”-ро шурӯъ кардааст, ки ӯ баъди ин ҳодиса ду рӯз дар бемористон беҳуш буд. Падари Саидалии 24-сола рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи се маъмури комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷакент ба додситонии шаҳр шикоят бурдааст ва ва дар додситонӣ ваъда додаанд, ки ин қазияро тафтиш мекунанд:

“Аввал ба прокуратураи шаҳр арз кардам, онҳо гуфтанд, ба прокуратураи вилоятӣ мерасонем, ман хуб гуфтам. Ман ҷавоби прокуратураи ҳарбиро интизорам, аммо то ҳол ҳеҷ кас аз прокуратураи ҳарбӣ ба назди мо барои саволу ҷавоб наомадааст. “

Ба гуфтаи Мирзоалӣ Ҳақбердиев, онҳо рӯзи 7-уми ноябр расман аризаи шикоятӣ навиштанд, вале то ҳол на аз додситонӣ ва на аз кумиссариати ҳарбӣ ба ӯ ҳатто занг назадаанд. Падари Саидалӣ гуфт, сиҳатии писараш, ки баъди латукӯб ҳоли табоҳе дошт, ба тадриҷ беҳтар шудааст, аммо ӯ дигар мисли пешина нахоҳад буд:

“Хеле беҳтар шуд, аз он пештара, ки 7 соат аз гӯшаш хун рафту ду рӯз беҳуш буд. Ҳоло ҳам дар беморхона аст, аз рӯзи 4-уми ноябр аст, ки дар бистари беморист. Сараш осеб дидааст, пардаи гӯшаш даридааст, ҳамона муолиҷа карда истодаанд. Духтурон шунидавиданшро кафолат надоданд, гуфтанд, ки пардаи гӯшаш даридааст, дуруст намешунавад.”

Мирзоалӣ Ҳақбердиев сокини деҳаи Яккахонаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент афзуд, ки модари Саидалӣ ӯро дар бемористон ҳамроҳӣ мекунад, зеро вақте ӯ аз ҷояш мехезад, сараш чарх мезанад ва имкони афтидану дигарбора осеб диданаш вуҷуд дорад. Волидонаш мегӯянд, маъмурони комиссариати ҳарбӣ писари ӯро танҳо барои он ба чунин ҳол гирифтор кардаанд, ки хостааст, аз ҳаққи худаш дифоъ кунад. Мирзоалӣ Ҳақбердиев, мегӯяд, рӯзи 4-уми ноябр кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия бо ҳадафи бурдан ба артиш, писараш Саидалиро бидуни даъватнома аз даруни хона ба зӯр гирифтаанд ва дар роҳ то маркази ноҳия латту куб кардаанд, ки бар асари он пардаи гӯши Саидалӣ даридааст ва ӯ ду рӯз беҳушу беёд дар беморхона будааст. Худи Саидалӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки афсарони кумиссариати ҳарбӣ барои он ӯро задаанд, ки ба онҳо гуфтааст, “амалкарди шумо ғайриқонунист ва ҳақ надоред маро бо зӯрӣ ба артиш баред.”

Вале ҳукумати шаҳри Панҷакент, иддаоҳои волидони Саидалӣ Ҳақбердиевро рад мекунанд. Ҳукумати шаҳр рӯзи 10-уми ноябр дар як шарҳи расмӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки касе аз маъмурони комиссариати низомӣ бо Саидалӣ бадрафторӣ накардааст, балки ӯ худашро аз мошин берун андохта ва хостааст, аз даъват ба сафи артиш фирор кунад: Мувофиқи маълумоти корманди комиссариати ҳарбӣ Тошев Урунбек маълум гардид, ки даъватшаванда Ҳақбердиев Саидалӣ бинобар аз хизмат ба Ватан саркашӣ намудан, дар гардишгоҳи роҳ худро аз мошин ба берун партофтааст. Нисбати ӯ кормандони комиссариати ҳарбӣ зӯроварӣ ва лату кӯб накардаанд.»

Кумиссиёни ташхиси тиббии судӣ, расман сабабҳои ҷароҳат бардоштани Саидалӣ Ҳақбердиевро эълон накардааст. Дилшод Ҷураев, вакили дифоъ аз Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар Хуҷанд, ки Саидалиро дидааст ва ба ӯ кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, рӯзи 19-уми ноябр дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:

«Ба фикри шахсии ман, вақте шахс худашро аз мошин берун мепартояд, вай ҳадди аққал дар замин як ду бор чарх мезанад ва дар бадани вай осораш мемонад, мисли харошидагиву кабудӣ. Вале вақте шумо Ҳақбердиев Саидалӣ нигоҳ мекунед, дар танаш ягон чиз ва ё харошидагӣ нест.”

Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, мунтазири натиҷаҳои санҷиши додситони шаҳри Панҷакент аст, вале аз ин пештар баъди нашри гузоришҳо дар бораи бадрафторӣ бо Саидалӣ Ҳақбердиев, додситонии низомӣ барои санҷиши ин қазия муфаттишонашро ба Панҷакент фиристодааст. Ба гуфтаи як манбаъ, дар додситонӣ агар санҷиш таркиби ҷиноятро дар рафтори маъмурони кумиссариати низомӣ маълум кунад, он вақт парвандаи ҷиноӣ боз мешавад ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд, вале ҳоло дар ин бора гуфтан барвақт аст.

Даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон ҳар сол 1-уми октябр оғоз меёбад ва ду моҳ идома мекунад. Дар ин муддат ҷавонони аз 18 то 27 соларо ба артиш мебаранд, вале аксарияти ҷавонон аз тарси бадрафтории афсарон ва шароити номуносиб аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ҳазар мекунанд. Аз ин рӯ мақомоти низомӣ нақшаи даъватро асосан аз роҳи даъвати маҷбурӣ ва ё ба истилоҳи мардумӣ “облава” иҷро мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои ин кор танқид кардаанд ва аз вазорати дифоъ хостаанд, ки ба ин таҷрибаи ғайриқонунӣ хотима диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG