Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи келини Қоимдодов ба додгоҳ меравад


Дар акс Қозидавлат Қоимдодов.
Дар акс Қозидавлат Қоимдодов.

Як манбаъ аз додситонии нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, тафтиши парвандаи ҷиноии Муштарӣ Муборакшоева ба анҷом расидааст ва рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристонда мешавад.

Як масъули додситонии нақлиёт, ки нахост номаш оварда шавад, рӯзи 17-уми декабр дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки тафтиши парвандаи Муштарӣ Муборакшоева, ки ба интиқоли маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад, ба анҷом расидааст ва рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.

Муштарӣ Муборакшоева, ҳамсари Қоимдод Қоимдодов, писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус рӯзи 16 сентябр дар фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳи шавҳараш ҳангоми сафар ба Минск тавассути Маскав дастгир шуда буд. Мақомот гуфтанд, ки дар ҷомадони онҳо 2,5 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд.

Як манбаъи Озодӣ дар фурудгоҳи Душанбе гуфта буд, Қоимдод Қоимдодов бо иттифоқи ҳамсараш Муштарӣ Муборакшоева субҳи 16 сентябр тавассути хатсайри 631 аз Душанбе ба Маскав ва аз онҷо бояд ба Минск парвоз мекарданд, вале ҳангоми гузаштан аз расмиёти гумрукии фурудгоҳи Душанбе аз сӯи кормандони гумрук боздошт шуданд. Ин манбаъ афзуд, онҳо вақте мавриди шакк қарор гирифтанд, ки дар бағочи онҳо мошини тафтишоти коло маводи шубҳаангезеро нишон дод ва вақте бағочро боз карданд, аз «махфигоҳ» - и махсуси ҷомадони онҳо 2,5 кило маводи мухаддир кашф шуд.

Баъдан эълон шуд, ки дар иртикоби ин қазия танҳо Муштарӣ Муборакшоева дастгир шуда, аммо Қоимдод Қоимдодов, ки дар Минск дар Додгоҳи иқтисодии СНГ кор мекардааст, дар озодӣ қарор дорад.

Мақомот тақрибан як моҳ аз ҳар навъ шарҳи ин парванда худдорӣ мекарданд. Ва танҳо рӯзи 18 октябр вВазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар сӯҳбат ба Озодӣ дар мавриди боздошти келини Қозидавлат Қоимдодов гуфт, ки "вай ҳоло дар маҳбас аст ва тафтишот гунаҳгор будани ӯро дар содир шудани ҷиноят мушаххас хоҳад кард."
XS
SM
MD
LG