Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ таҳти рақами 63386 нисбати Абдулазиз Мирзоев, мудири кулли «Нахуст лизинг» ва ду нафар аз масъулони Хадамоти гумрукро ба анҷом расондааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 3 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтиши парвандаи «Нахустлизинг» дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки Тоҷикистон анҷом ёфта, рӯзҳои наздик ба додситонии кулл супурда мешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, Абдулазиз Мирзоев, мудири кулли ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Нахуст лизинг» ва ду нафар аз афроди масъули Хадамоти гумрук, ки Оҷонсӣ исмашонро ҳанӯз эълон накардааст, бо моддаҳои 291 (саркашӣ аз пардохти гумрукӣ), 295 (сӯиистифода аз ваколати мансабӣ) ва 340, қисми 2 (cохтакорӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста шудаанд.

Тафтишоти пешакӣ нишон додааст, ки масъулони ин ширкат ҳамроҳ бо баъзе аз мансабдорони баландпояи Хадамоти гумрук, шарномаи иҷоравии ҳавопаймои бо Боинг 757-200 ER бо 216 ҷои нишастро ба низоми гумрукии «воридоти муваққатӣ» дар эъломияи гумрукӣ бо қимати 20 миллион 895 ҳазор сомонӣ, муодили 4,3 миллион доллар мавриди баҳрабардорӣ қарор қдода мешавад.

Аммо моҳи апрели соли 2012 баъди ба охир расидани мӯҳлати воридоти муваққатӣ Абдулазиз Мирзоев шумораи курсиҳои ҳавопайморо тариқи компутар аз 216 ба 200 тағйир додааст. Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, ин афрод бо такя ба санаду ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ ва бо сӯиистифода аз имтиёзҳои гумрукӣ аз пардохти молиёту боҷҳои гумрукӣ саркашӣ кардаанд ва дар натиҷа ба маблағи 20 миллиону 812 ҳазору 688 сомонӣ ба буҷаи давлат зарар расондаанд.

Оҷонсии зиддифасод дар моҳи май парвандаи “Нахуст лизинг”-ро расонаӣ кард ва гуфт, "бо мақсади рӯёнидани зарари моддӣ, дар асоси қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ аз 21.04.2014” 2 ҳавопаймои тамғаи “Боинг 737-400”-и “Нахуст лизинг” –ро ба ҳабс гирифтаанд ва "дар рафти тафтиши пешакӣ, ки дар ҳамбастагии зич бо кормандони Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, аз ҷониби ҶСП ШЛ “Нахуст Лизинг” зарари расонидашуда ба маблағи 20.812.688,82 сомонӣ ба буҷаи давлат барқарор карда шуд." Як манбаи Озодӣ он замон гуфт, Абдулазиз Мирзоев ибтидо боздошт шуда, вале баъди пардохтани қариб 21 миллион сомонӣ зарари расондааш ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташ озод карда шуд.

Гуфта мешавад, сохтакории ҳуҷҷатҳо аз сӯи мудири кулли ширкати "Нахуст лизинг" дар робита ба воридоти ду ҳавопаймои "Боинг" барои ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фаосд мегӯяд, дар асоси шартномаи иҷораи ҳавопаймо таҳти №17 аз 01.08 соли 2008 ва иловаи №1 ба ин шартнома, ки «Нахуст Лизинг» ва ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» имзо кардаанд, як ҳавопаймои тамғаи «Боинг 757-200 ЕR» рақами силсилавиаш 24964 бо 216 ҷои нишаст бо низоми гумрукии «воридоти муваққатӣ» бо арзиши гумрукии 20.895.000 доллари ИМА ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби «Тоҷик-Эйр» мавриди истифода қарор дода шудааст.

"Тоҷиксодиротбонк": "Нахуст лизинг" аз мо нест

Тоҷиддин Пирзода

Тоҷиддин Пирзода

"Нахуст лизинг" аз нахустин ширкатҳои ташкилшуда дар бозори лизинги Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат, ба гуфтаи масъулонаш, соли 2004 аз ҷониби "Тоҷиксодиротбонк", ки раҳбариашро Тоҷиддин Пирзода, аз бонкдорони наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, бар ӯҳда дорад, таъсис ёфтааст. Фирдавс Бердиев, яке аз мудирони қаблиии "Нахуст лизинг" дар як мусоҳибаи интернетӣ бо намояндагони ширкатҳои лизингии Тоҷикистон гуфтааст, сармояи бунёдии ширкат 2 миллион сомониро ташкил дода, мудири он аз сӯи Шӯрои муассисони "Тоҷиксодиротбонк" барои ҳар 3 сол таъин карда мешавад.

Аммо «Тоҷиксодиротбонк» рӯзи 14 май дар посух ба хабари ифтитоҳи парванда алайҳи раҳбарони «Нахуст лизинг» гуфт абуд, ки ин ширкат ва ду ҳавопаймои ҳабсшудаи "Боинг"-аш ба «Тоҷиксодиротбонк» ва ба шахси раиси бонк Тоҷиддин Пирзода ҳеҷ иртибот надорад. Қурбоналӣ Восиев, сардори хадамоти матбуоти «Тоҷиксодиротбонк» гуфта буд, «Тоҷиксодиротбонк» ҳанӯз дар соли 2008 аз саҳмияҳояш дар ширкати «Нахуст лизинг» даст кашидааст ва аз он ба баъд саҳмияҳои ин ширкат дар дасти ширкатҳову саҳомдорони дигар қарор доранд. Ба қавли ҷаноби Восиев, ширкати «Нахуст лизинг» дигар ба «Тоҷиксодиротбонк» алоқае надорад ва марбут кардани он ба шахси раиси бонк Тоҷиддин Пирзода низ беасос аст. Ба гуфтаи ӯ, давраи лизингии ду ҳавопаймои «Боинг» низ ҳанӯз дар соли 2012 ба охир расида, онҳо ба «ТоҷикЭйр» тааллуқ доранд.

Бархе манобеъ боз шудани ин қазияро ба номи раиси феълии Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд. Як манбаи Озодӣ дар гумрук гуфта буд, азбаски аз раҳбарии писари президент бар ин ниҳод ним сол мегузарад, барои барҷастатар нишон додани кори ӯ қазияе чунин пурсарусадо лозим буд.

Нақши Рустами Эмомалӣ дар қазияи "Нахуст лизинг"

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ

Хабаргузории ТоjNews низ моҳи май бо такя ба манбааш навишт, қазияи "Нахуст лизинг" аз аъмоли рӯпӯшшудаест, ки дар натиҷаи "мавзеъгириҳои раиси нави Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ошкор шудаааст." Ба гуфтаи ин манбаъ, писари президент "нахостааст ин ҷинояти замони роҳбари собиқи хадамот Гурез Зарипов рухдода рӯйпӯш боқӣ бимонад." Писари 26-солаи раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи ноябр раиси Хадамоти гумрук таъин шуд. Баъди интисоби ӯ як умеди бисёриҳо ин буд, ки шояд ӯ битавонад бо истифода аз нуфузе, ки ҳамчун писари раисиҷумҳур дорад, ба истилоҳ "зӯр"-ҳоеро, ки парвои пардохти андозу боҷҳои гумрукиро надоштанд, лаҷом бизанад ва ба супурдани ҳаққи давлат маҷбур кунад.

Оҷонсии зиддифасод низ дар хабари анҷоми тафтиши парвандаи "Нахуст лизинг" таъкид кардааст, ки таҳқиқи қазия дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумрук сурат гирифтааст.

Лизинг як навъи нисбатан нави хидматрасонии молӣ барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба фарқ аз қарз, ҳангоми бо лизинг гирифтани мол, он то замони пурра пардохт шудани қарз моликияти харидор намешавад, балки моли ширкати лизингӣ меомнад. Аз лизинг бештар ҳангоми харидани молу амволи гаронбаҳое, чун ҳавопаймоҳо истифода мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG