Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон омода аст модари Оқил Шарифовро, ки барои ба навор гирифтани лаҳзаи боздошти занони ҳиҷобпӯш дастгир шудааст, қабул карда ва арзаш шунавад.

Ҷалолиддин Садриддин, сухангӯи ВКД рӯзи панҷшанбеи 17 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар ҳафта вазири корҳои дохила ва муовинони ӯ рӯзи махсуси қабули шаҳрвандон доранд ва модари Оқил Шарифов низ метавонад дар қатори дигарон бо вазир мулоқот ва қазияи фарзандашро матраҳ кунад. Оқил Шарифов моҳи гузашта бо иттиҳоми ба навор гирифтан ва паҳн кардани лаҳзаи боздошти занону духтарони ҳиҷобпӯш дар шаҳри Исфара дастгир шуд.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Оқил Шарифов, дар саҳифаи Фейсбуки худ аз Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ даъват кардааст, ки наворбардори боздошти занони ҳиҷобпӯш дар шаҳри Исфара аз ҷониби кормандони пулис Оқил Шарифовро озод кунад ё ҳадди ақал модари ӯро пазируфта ва ба арзаш расидагӣ кунад.

Ҳамзамон, хонуми Воҳидова аз Рамазон Раҳимзода барои мулоқоташ бо 10 модари боздоштшудаҳои шаҳри Роғун ва озод намудани фарзандони “салафӣ”-и онҳо ситоиш карда, ӯро “бениҳоят инсони хуб” хонда ва дуои нек додааст.

Файзинисо Воҳидова рӯзи 17 март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз имкони мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо модари Оқил Шарифов истиқбол карда ва онро як қадаме барои баррасии боадолатонаи зерҳимояааш арзёбӣ кард.

Файзинисо Воҳидова

Файзинисо Воҳидова

Ин вакили мудофеъ гуфт, муддати боздошти зерҳимояааш Оқил Шарифов барои ду моҳи дигар тамдид шуда ва ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.

Ӯ гуфт, додситонии шаҳри Исфара алайҳи Оқил Шарифов, сокини 31-солаи сокини ин ноҳия, ки аз боздошти занони ҳиҷобпӯш тавассути мақомоти пулис норизоӣ карда, ин манзараро бо телефони ҳамроҳаш наворбардорӣ намудааст, бо айбномаи “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ӯ ба думболи пахши навораш аз боздошти занони ҳиҷобпӯш ба шабакаи Интернет рӯзи 20 феврали соли равон аз ҷониби пулиси Исфара дастгир шуда буд.

Хонуми Воҳидова гуфт, ҳоло талош дорад парвандаи зерҳимояааш аз ҷониби додситонии вилояти Суғд бозрасӣ шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, “дар амалҳои Оқил Шарифов унсурҳои ҷиноятӣ мавҷуд набуда ва умедвор аст, додситони вилоятӣ ин парвандарои мунсифона бозрасӣ мекунад”.

Дар ин навори бардоштаи Оқил Шарифов, ки ҳоло дар шабакаи Интернет чарх мезанад, як корманди пулис ду зани ҳиҷобпӯшро ба сӯи микробуси сафеде мебарад. Як ҷавонзани дигар аз дохили микроавтобус дар посух ба саволи наворбардор мегӯяд, ки онҳоро ба хотири ҳиҷобпӯш буданашон ба идораи пулис мебаранд.

Оқил Шарифов пас аз 15 соли муҳоҷирати меҳнатӣ чанд рӯз пеш аз боздошташ аз Русия ба зодгоҳаш, шаҳри Исфара баргашта буд. Бино ба хабарҳо, ӯ шаҳрванди Русия мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG