Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт


Марафони соли гузашта дар Душанбе.
Марафони соли гузашта дар Душанбе.

Рӯзи 19-уми апрел дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт ниммарафони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, аз рӯи масири дав – Наврӯзгоҳи Душанбе – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) барпо мегардад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, хабар дод. Вай афзуд, “дар ин ниммарафони байналмилалӣ, ки барои бори панҷум доир мешавад, ба ҷуз варзишгарони тоҷик давандаҳои касбӣ аз бародаршаҳрҳои Душанбе, варзишгарони Афғонистон, Беларус, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон, Украина ва Эрон ба мо дархост додаанд.Имсол ниммарафони Душанбе ба рӯйхати мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Саймуддинов барои баргузории ниммарафони байналмилалӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ 202 000 сомонӣ, муодил ба зиёда аз 40 ҳазор доллари амрикоӣ, ихтисос дода шудааст. Ӯ афзуд: “ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда хоҳад шуд. Ҳамчунин варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд: ҷойҳои 2-юм – 3000-долларӣ, 3-юм – 2500-долларӣ, 4-ум – 2000-долларӣ, 5-ум – 1800-долларӣ ва 6-ум – 1500-долларӣ. Мукофотро ба ғолибону беҳтаринҳои пойга дар маросими ботантана бахшида ба Рӯзи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев месупорад.”

Ҷаноби Саймуддинов ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳамзамон пойга миёни бачаҳои синнашон аз 8 то 10-сола ба масофаи 3 км, аз 10 то 12-сола ба масофаи 5 км ва аз 12 то 15-сола ба масофаи 8 км барпо мегардад ва ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои шаҳрдории Душанбе сарфароз мешаванд.
XS
SM
MD
LG