Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи маълулон - баҳонае барои дарди дили онҳо


Рӯзи ҷаҳонии маълулон дар Тоҷикистон бо баргузории намоишгоҳи ҳунари маъюбон таҷлил шуд ва соате чанд ин қишри ҷомеаро ба ҳам овард.

Рӯзи 3-юми декабр дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии маълулонро таҷлил карданд. Дар Тоҷикистон бо баргузории намоишгоҳи ҳунари маъюбон таҷлил шуд ва лаҳзае ин қишри ҷомеаро ба ҳам овард.

Афроди дорои имконоти маҳдуд дар ҳоле аз рӯзи худ ҷашн гирифтанд, ки бо вуҷуди доштани бархе имтиёзҳо ҳанӯз ба ғамхории ҳар чӣ бештари ҷомеа ниёз доранд. Вале муҳимтар аз ҳама доштани пойи равон, дастони пур аз ҳунар, забони гӯёву чашми бино орзуи ҳар як маълуле аст, ки ақли солим дорад.

Орзуи маълулони тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Абубакри 12-сола, ки аз модар кӯтоҳқад ба дунё омадааст, ҳамеша орзуи доштани қомати баландро дорад. Вай мегӯяд, бо вуҷуди он ки аз ҳамсолони худ ҷисман фарқ мекунад, аммо аз зиндагӣ дилсард нест. Тарроҳи маълул Нигина Икромова бошад талош дорад, бо либосҳои таҳиякардааш Тоҷикистонро дар хориҷ муаррифӣ кунад. Нигина бовар дорад, ки рӯзи ин орзуяш амалӣ хоҳад шуд.

Эсанбой Воҳидов, раиси ҷамъияти маъюбон
Эсанбой Воҳидов, раиси ҷамъияти маъюбон

Рӯзи байнулмилалии маълулон танҳо як баҳонаи дигар барои баргаштан ба масъалаи вазъи ҳуқуқи ин қишри ҷомеа дар кишварҳои ҷаҳон, ба хусус дар кишваре чун Тоҷикистон аст. 3-юми декабр ҳам афроди маълул пас аз интизориҳои зиёд тавонистанд бо раҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мушкили худро дар миён гузоранд ва ҳадди ақал дар ин рӯз дарди дили худро ба гӯши онҳо расонанд.

Бо ин ҳама созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон мегӯянд, вазъияти афроди маъюбу маълул беҳбуд мехоҳад. Эсанбой Воҳидов, раҳбари ҷамъияти миллии маъюбон 3-юми декабр ба Радиои озодӣ гуфт, “бекорӣ, нафақаи ночизи маълулӣ, ки ба ҳисоби миёна ба 60 сомонӣбаробар аст, коҳиши имтиёзоти давлатӣ, норасоии аробаҳои маъюбӣ ва мисли ин, аз мушкилҳои аслии афроди нотавону маълул дониста мешавад”.

Вале мақомоти расмӣ мегӯянд, ба афроди маълул ҳаддалимкон дасти кӯмак дароз карда мешавад. Лола Бобоҳоҷиева, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар чорабинии бахшида ба рӯзи маълулон дар Душанбе гуфт, дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд ду коргоҳи истеҳсоли аробачаҳои маъюбӣ ва дасту пойҳои суннӣ ба кор шурӯъ кард. Ба гуфтаи Бобоҳоҷиева ин иқдом метавонад кӯмаке ба афроди дорои имконияти маҳдуд бошад.

Бар асоси омори расмӣ, шумори афроди маълул, ки дар Тоҷикистон ба 154 ҳазор нафар баробар аст, ки 26 ҳазори онҳоро афроди то 18 сола ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Душанбе теъдоди афроди маълул ҳудуди 13 ҳазор тан будааст.

XS
SM
MD
LG