Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷӯраев: "Набиев гумон дошт, ки ӯ ҳанӯз президент аст"


Солеҳҷон Ҷӯраев ҳангоми сӯҳбат дар студияи Радиои озодӣ дар Душанбе. 15-уми нояби соли 2012

Солеҳҷон Ҷӯраев ҳангоми сӯҳбат дар студияи Радиои озодӣ дар Душанбе. 15-уми нояби соли 2012

Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори Озодӣ бо Солеҳҷон Ҷӯраев, иҷрокунандаи вазифаи додситони кул дар соли 1992.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар рӯзҳои таҷлил аз 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд, ки ба унвони "иҷлосияи тақдирсоз" ёд мешавад, бо Солеҳҷон Ҷӯраев, иҷрокунандаи вазифаи додситони кул (прокурори генералӣ)-и вақт сари сӯҳбат нишаст.

Солеҳҷон Ҷӯраев: "Вақте ҳукумат бо фармони худи раисиҷумҳур Раҳмон Набиев ташкил ва бо пешниҳоди ӯ Акбаршо Искандаров раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда буд, ман ин ҳукуматро ғайриқонунӣ гуфта наметавонам. Зеро дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ аъзои ҳукуматро тасдиқ карда буданд. Истеъфои Раҳмон Набиев дар 7-уми сентябри соли 1992 зери фишор сурат гирифта, қонунӣ набуд. Аммо баъд аз он ҳукумат ва роҳбарияти давлати Тоҷикистон мувофиқи конститусия ба зиммаи раиси Шӯрои Олӣ гузашт. Иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Шӯрои Олиро як кас пеш мебурд ва мебоист дар давоми се моҳ интихоботи навбатии раисиҷумҳури Тоҷикистонро ташкил мекард. Барои ҳамин, роҳбари давлати Тоҷикистон баъд аз рафтани раисиҷумҳур марҳум Раҳмон Набиев ба зиммаи Акбаршо Искандаров гузашт, ки вай ҳамчун раиси Шӯрои олӣ вазифаи раисиҷумҳурро ҳам иҷро мекард ва роҳбари давлат буд. Барои ҳамин онро ғайриқонунӣ ва ғайриконститутсионӣ гуфтан ҳеҷ мумкин нест."



Озодӣ: Гуфта мешавад, дар Хуҷанд чандин гурӯҳ талош мекард, ки ҳокимиятро ба даст оварад. Дар ин бора чӣ метавонед бигӯед?

Солеҳҷон Ҷӯраев: "Ба фикри ман, чандин гурӯҳ онҷо буданд, ки талоши гирифтани ҳукуматро мекарданд. Аммо ман ба ин корҳо аслан шарик набудам, чун ин корҳо ба вазифаи додситони кул дахл надошт. Додситони кул мехост, ки масъалаи ҳокимият дар Шӯрои олӣ ба таври озод ва бар пояи қонун ҳал шавад. Аммо дар ёд дорам, ки ҳанӯз пеш аз интихоби мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раиси Шӯрои олӣ назди ман и.в сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов, раиси вилоят Абдуҷалил Ҳомидов ва як нафар прокурори ноҳияи Ҷабборов, ки депутат низ буд омаданд. Онҳо аз ман хостанд, ки бо Раҳмон Набиев, ки ба гуфтаи онҳо намехостааст, ки аризаи истеъфояшро тасдиқ ва дар кори сессия низ ширкат намекардааст, сӯҳбат намоям. Ман розӣ шудам. Гуфтам, сӯҳбат мешавад, аммо дар идораи давлат. Бо Раҳмон Набиев дар яке аз танаффусҳои иҷлосия сӯҳбат кардам. Абдуллоҷонов медонист, ки агар Набиев дар вазифа монад, ӯ сарвазир намешавад. Хуб, инро мо медонистем, як қонуни нонавишта дар мо амал мекунад, ки раис аз шимол бошад, сарвазир аз тарафи ҷануб бояд шавад. Дар ин миён худи депутатҳо ҳам чанд бор назди Набиев рафтаанд, аммо ӯ розӣ нашуда гуфтааст, ки янгаатон (оилаашон) маро таҳти фишор қарор додааст, ман ҳоло президент. Хуллас ман бо Набиев вохӯрдам. Аслан нияти аз вазифа рафтан надошт. Он одам пештар ҳам маро мешинохт. Гуфт, ки Солеҳҷон, ту ҳамчун Прокурори генералӣ ба ман гӯй, ки ман ҳозир Президент ҳастам ё нестам? Ман гуфтам, ки Раҳмон Набиев Шумо президент будед, лекин ҳозир нестед. Он кас розӣ нашуда гуфтанд, ки он кор дар зери фишор буд-ку? Ман гуфтам, ончи ки Шумо аризаи истеъфо додед, қувваи қонунӣ надорад, вале шумо аз чор силоҳбадаст тарсида, ватанро, Тоҷикистонро, президентиро партофта омада, дар Хуҷанд руст шудед. Он кас гуфт, ки маро халқ интихоб кардааст, на ин боевикҳо ва тақдири маро бояд халқе, ки маро интихоб кардааст, ҳал кунад. Ман гуфтам, ки не мӯҳтарам Раҳмон Набиев. Халқ дар чунин вазъияту Шумо гурехта инҷо омада паноҳ бурдаед, ҳоло халқ ба ёдатон мерасад? То ин вақт дар куҷо будед? Ман гуфтам, ки акнун монед. Нагуфтам, ки шуморо ба ҷавобгарӣ мекашам, вале гуфтам, ки шумо савгандро шикастед. Гуфтам, бигузоред, ки тақдири Тоҷикистонро дигар депутатҳо ҳал кунанд. Ба фикрам, ҳамон бегоҳӣ буд, ки омаданду истеъфои худро эълон карданд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG