Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қонуни асосӣ дархости Ҷӯраевро напазируфт


Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон аз баррасии дархости вакили мудофеъи шинохта Солеҳҷон Ҷӯраев даст кашид.

Ба гуфтаи Котиби додгоҳ Карим Каримов, Додгоҳи Қонуни асосӣ баррасии аризаи Ҷӯраевро хориҷ аз салоҳияти худ дарёфтааст.

Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон ҳанӯз дар таърихи 27-уми апрели соли ҷорӣ аз Додгоҳи Қонуни асосии кишвар хоста буд, то қонунмандии барканории ӯ аз ин вазифа дар соли 1992-ро ба баррасӣ бигирад.

Ӯ даъво дорад, ки барканорияш аз вазифаи иҷрокунандаи додситони кулли Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 1992 ба таври ғайриконститутсионӣ сурат гирифтааст.

Солеҳҷон Ҷӯраев дар як сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфта буд, дар ин муддат ӯ борҳо ҳам ба унвони мақомоти марбута, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам ба таври номаҳои алоҳида ва ҳам аз тариқи матбуот муроҷиат карда, аммо посухе нагирифтааст.

Ҷаноби Ҷӯраев мегӯяд, дар якуми декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, замоне ки ҳанӯз иҷлосияи Шӯрои олӣ идома дошт, бидуни он, ки салоҳияташ дар мақоми иҷрокунандаи Додситони кулли Тоҷикистон қатъ карда шавад, нафари дигар ба ин вазифа таъйин гардид.

Ба эътиқоди ҷаноби Ҷӯраев, чунин қарори Шӯрои олӣ хилофи Қонуни асосӣ ва қонун дар бораи додситонии Тоҷикистон қабул шудааст: "Ҳамчун иҷрокунандаи Прокурори генералӣ дар сессияи Шӯрои олӣ, ки дар Хуҷанд гузашт, ҳокимияти олии давлатӣ маро эътироф кард, ман иштирок кардам. Дар давоми ду ҳафта дар ҷараёни қарорҳое, ки қабул карда шуд, ман ҳамчун иҷрокунандаи Прокурори генералӣ иштирок кардам. Аввал маро ҳамчун иҷрокунандаи Прокурори генералӣ озод мекарданд, баъд Прокурори генералиро таъйин мекарданд. То ҳозир дар давоми 19 сол ягон қарор дар ин бора нест ва баҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба ҳаракатҳои иҷрокунандаи Прокурори генералӣ надоданд."

БАРКАНОРИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ?

Ҷаноби Ҷӯраев афзуд, ӯ тайи ду ҳафтаи кори Иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ дар Хуҷанд дар соли 1992, ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулл фаъолият карда ва дар қабули асноди ҳуқуқии он ширкат доштааст.

Ба ин далел мегӯяд ин вакили дифоъ, агар таъйиноти ӯ ба ин мақом дар моҳи сентябри соли 1992 аз сӯи раёсати Шӯрои олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба таври ғайриконститутсионӣ сурат гирифта бошад, пас, мебоист дар оғози он иҷлосия, аввал мақоми ҳуқуқии ӯ тасдиқ ва ё рад карда мешуд.

Афзун бар ин, дар аризае, ки Солеҳҷон Ҷӯраев ба додгоҳи Қонуни асосӣ фиристода буд, фармони собиқ Додситони кулли Тоҷикистон аз моҳи марти соли 1993 дар мавриди аз вазифаи иҷрокунандаи Додситони кулл сабукдӯш ва ҳамин тавр аз фаъолият дар мақомоти додситонӣ озод шудани ӯ ғайриконститутсионӣ арзёбӣ шудааст. Зеро мегӯяд ӯ, вазифаи Додситони кулл мақоми конститутсионӣ буда, танҳо ҳокимияти олии кишвар, яъне дар он замон Шӯрои олӣ ё раёсати ин Шӯро, ҳақ доштанд, нафареро ба он таъйин ва ё аз он барканор кунанд.

ЧАРО ПАС АЗ БИСТ СОЛ?

Солеҳҷон Ҷӯраев ба ин суол, ки чаро пас аз гузашти наздик ба бист сол ба ин мавзӯъ руҷӯъ кардааст, дар ҳоле ки метавонист дархости худро пештар матраҳ кунад, гуфт, дар ин муддат ӯ борҳо ҳам ба унвони мақомоти марбута, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам ба таври номаҳои алоҳида ва ҳам аз тариқи матбуот муроҷиат кардааст. Вале посухе нагирифтааст. Вай мегӯяд ҳадаф аз ин даъво танҳо барқарории номи накӯ, шаъну шараф ва низ раҳоии бастагонаш аз иттиҳомоти беасос аст.

Бо ин ҳама, Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ӯро ба таври ғайриқонунӣ аз рутбаҳои хидматӣ маҳрум карда, тӯли ин ҳама солҳо ба ҳайсият ва обрӯву номи накӯяш осеби маънавӣ расонидаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳам раёсати Шӯрои олӣ ва ҳам аз сӯи ду Додситони кулли Тоҷикистон фаъолияти ӯ дар замони ифои вазифааш дар солҳои муқовимати шаҳрвандии солҳои 1991-92 мавриди санҷиш қарор гирифта ва ҳеҷ амали ғайриқонунӣ дар он ошкор нашудааст.
XS
SM
MD
LG