Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додхоҳии собиқ додситони кулл. Пас аз 19 сол


Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон, аз Додгоҳи Қонуни асосии ин кишвар хостааст, то қонунмандии барканории ӯ аз ин вазифа дар соли 1992-ро ба баррасӣ бигирад.

Ӯ даъво дорад, ки барканорияш аз вазифаи иҷрокунандаи додситони кулли Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 1992 ба таври ғайриконститутсионӣ сурат гирифтааст.
Солеҳҷон Ҷӯраев гуфт, дар ин муддат ӯ борҳо ҳам ба унвони мақомоти марбута, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам ба таври номаҳои алоҳида ва ҳам аз тариқи матбуот муроҷиат карда, аммо посухе нагирифтааст...


Ҷаноби Ҷӯраев мегӯяд, дар якуми декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, замоне ки ҳанӯз иҷлосияи Шӯрои олӣ идома дошт, бидуни он ки салоҳияташ дар мақоми иҷрокунандаи Додситони кулли Тоҷикистон қатъ карда шавад, нафари дигар ба ин вазифа таъйин гардид.

Ба эътиқоди ҷаноби Ҷӯраев, чунин қарори Шӯрои олӣ хилофи Қоунни асосӣ ва қонун дар бораи додситонии Тоҷикистон қабул шудааст.

"Ҳамчун иҷрокунандаи Прокурори генералӣ дар сессияи Шӯрои олӣ, ки дар Хуҷанд гузашт, ҳокимияти олии давлатӣ маро эътироф кард, ман иштирок кардам. Дар давоми ду ҳафта дар ҷараёни қарорҳое, ки қабул карда шуд, ман ҳамчун иҷрокунандаи Прокурори генералӣ иштирок кардам. Аввал маро ҳамчун иҷрокунандаи Прокурори генералӣ озод мекарданд, баъд Прокурори генералиро таъйин мекарданд. То ҳозир дар давоми 19 сол ягон қарор дар ин бора нест ва баҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба ҳаракатҳои иҷрокунандаи Прокурори генералӣ надоданд",-афзуд ӯ.

Солеҳҷон Ҷӯраев

Ҷаноби Ҷӯраев афзуд, ӯ тайи ду ҳафтаи кори Иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ дар Хуҷанд дар соли 1992, ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулл фаъолият карда ва дар қабули асноди ҳуқуқии он ширкат доштааст.

Ба ин далел мегӯяд ин ваикли дифоъ, агар таъйиноти ӯ ба ин мақом дар моҳи сентябри соли 1992 аз сӯи раёсати Шӯрои олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба таври ғайриконститутсионӣ сурат гирифта бошад, пас, мебоист дар оғози он иҷлосия аввал мақоми ҳуқуқии ӯ тасдиқ ва ё рад карда мешуд.

Афзун бар ин, дар аризае, ки Солеҳҷон Ҷӯраев ба додгоҳи Қонуни асосӣ фиристодааст, фармони собиқ Додситони кулли Тоҷикистон аз моҳи марти соли 1993 дар мавриди аз вазифаи иҷрокунандаи Додситони кулл сабукдӯш ва ҳамин тавр аз фаъолият дар мақомоти додситонӣ озод шудани ӯ ғайриконститутсионӣ арзёбӣ шудааст. Зеро мегӯяд ӯ, вазифаи Додситони кулл мақоми конститутсионӣ буда, танҳо ҳокимияти олии кишвар, яъне дар он замон Шӯрои олӣ ё раёсати ин Шӯро, ҳақ доштанд, нафареро ба он таъйин ва ё аз он барканор кунанд.

"НОМАРО БАРРАСӢ ДОРЕМ"

Бо ин ҳол, дар додгоҳи Қонуни асосии кишвар таъйид карданд, ки аризаи Солеҳҷон Ҷӯраев дар ҳоли баррасист. Карим Каримов, дабири додрас дар Додгоҳи қонуни асосӣ гуфт, ки ин ниҳод метавонад дар давоми як моҳ назари худро баён кунад.

Аммо дар сурати дар ин мӯҳлати пешбинишуда ба итмом нарасидани муҳокима ин додгоҳ ҳақ дорад замони расидагиро то шаш моҳи дигар дароз кунад. Вале ба ҳар сурат, гуфт ин манбаъ, қарори Додгоҳи қонуни асосӣ дастҷамъона қабул хоҳад шуд.

ЧАРО ПАС АЗ БИСТ СОЛ?

Аз Солеҳҷон Ҷӯраев пурсидем, ки чаро пас аз гузашти наздик ба бист сол ба ин мавзӯъ руҷӯъ кардааст, дар ҳоле ки метавонист дархости худро пештар матраҳ кунад.

Ҷаноби Ҷӯраев гуфт, дар ин муддат ӯ борҳо ҳам ба унвони мақомоти марбута, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам ба таври номаҳои алоҳида ва ҳам аз тариқи матбуот муроҷиат кардааст. Вале посухе нагирифтааст. Вай мегӯяд ҳадаф аз ин даъво танҳо барқарории номи накӯ, шаъну шараф ва низ раҳоии бастагонаш аз иттиҳомоти беасос аст.

Вале оё мӯҳлати ин дархост тибқи қавонин нагузаштааст, чун ҳама даъвоҳои ҳуқуқӣ тибқи қонунгузорӣ замони мушаххас доранд?

НАЗАРИ КОРШИНОС

Ватан Абдураҳмонов, собиқ додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ва мудири маркази таълими ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, қонун барои барқарории шаъну шараф ва эътибори шахсият маҳдудияти замонӣ пешбинӣ накардааст.

Ба қавли ӯ, "ҳар як шахс ҳақ дорад. Зеро сабаби аз кор озод кардан муайян карда нашудааст. Бояд ин сабаб ошкор шавад ва дар қарор ё фармон навишта шавад, ки бо кадом сабабҳо ӯро озод кардаанд. Агар шахс фикр кард, ки аз сабаби озод кардан шаъну шарафи ӯ дар ҷамъият паст карда шуд, ӯ ба муроҷиат кардан ҳуқуқ дорад. Дар ин маврид мӯҳлат пешбинӣ нашудааст. Барои барқарории шаъну шараф мӯҳлат муқаррар карда нашудааст."

Бо ин ҳама, Солеҳҷон Ҷураев, собиқ иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ӯро ба таври ғайриқонунӣ аз рутбаҳои хидматӣ маҳрум карда, тӯли ин ҳама солҳо ба ҳайсият ва обрӯву номи накӯяш осеби маънавӣ расонидаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳам раёсати Шӯрои олӣ ва ҳам аз сӯи ду Додситони кулли Тоҷикистон фаъолияти ӯ дар замони ифои вазифааш дар солҳои муқовимати шаҳрвандии солҳои 1991-992 мавриди санҷиш қарор гирифта ва ҳеҷ амали ғайриқонунӣ дар он ошкор нашудааст.
XS
SM
MD
LG