Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Анатолий Карповро ба Тоҷикистон даъват намудем”


Илҳом Юнусов

Илҳом Юнусов

Илҳом Юнусов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиш”-и радиои Озодӣ буд.

Бо ӯ шореҳи варзиш Нарзуллоҳи Латиф дар бораи дастовардҳои шатранҷбозони тоҷик дар соли 2012-ум ва нақшаҳои имсолаи Федератсияи миллӣ сӯҳбат кард.

- Соли 2012-ум барои шатранҷбозони тоҷик чӣ гуна сол буд?

- Соли гузашта барои шатранҷбозони мо соли бобарор буд. Дастаи мунтахаби мардонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Итамбули Туркия нисбат ба Олимпиадаи пешин, ки ду сол муқаддам дар Ханти-Мансийски Русия барпо гардида буд, 27 зина ва мунтахаби занонаи кишвар 23 зина боло шуданд. Бузургустоди шоҳмот Фаррух Амонатов дар мусобиқаи инфиродӣ бо 8,5 имтиёз (7 ғалаба ва 3 мусовӣ) мақоми чаҳорумро касб кард. Моҳи майи соли 2012-ум аввалин бор дар Душанбе семинар- машварати мураббиёни шоҳмот таҳти сарпарастии ФИДЕ (Федератсияи байналмилалии шоҳмот) доир шуд, ки ду шатранҷбози маъруфи тоҷик – Рашид Ҳусейнов ва Ҷамшед Исоев ба унвони “Мураббии ФИДЕ” даст ёфтанд. Шатранҷбози ҷавони тоҷик Икром Илҳомзода дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ғолиб омад. Шатранҷбози дигари умедбахши мо Марворид Насриддинзода дар Ҷоми Осиё дар Иссиқкӯли Қирғизистон мақоми севумро касб кард.
10-уми декабри соли гузашта мо бо даъвати шатранҷбози машҳур Анатолий Карпов дар анҷумани Ассотсиатсияи федератсияҳои шоҳмот дар шаҳри Маскав ширкат кардем. Мо бо қаҳрамони собиқи ҷаҳон ҳамсӯҳбат шудем ва ӯро ба Тоҷикистон даъват намудем. Вай ин таклифи моро хуш пазируфт ва гуфт, ки дар мавриди мувофиқ имсол ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Дарвоқеъ, то ҳоло ягон қаҳрамони шоҳмоти ҷаҳон ба Тоҷикистон наомадааст ва агар Анатолий Карпов ба кишвари мо ояд, бешак, сафари ӯ барои рушди шоҳмот дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

- Шатранҷбозони тоҷик алъон чӣ мушкилот доранд?


- Мушкили асосӣ ин набуди ҷойгоҳ ва ё маркази муташаккили шоҳмот аст. Баъди вайрон кардани бинои мактаби махсуси шоҳмот, ки дар Боғи марказии фарҳангу фароғати Душанбе (ҳоло Боғи устод Рӯдакӣ) ҷойгир буд, ягон ҷойгоҳи дигар ба мо пешниҳод нашудааст.

- Нақшаҳои Федератсияи шоҳмоти кишвар дар соли 2013-ум чӣ гуна аст?

- Қабл аз ҳама мо барои дастгирии шатранҷбозони касбӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем ва дар ин самт ҷавононро барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ сафарбар мекунем, зеро ки шатранҷбозони ҷавону моҳири мо Марворид Насриддинзода, Соҳиб Ҷӯраев, Надежда Антонова ва Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев имкони хуби ба ҷо овардани меъёри устоди дараҷаи байналмилалиро доранд. Ҳамчунин мақсад дорем, ки барномаи ФИДЕ “Шоҳмот дар мактабҳо”-ро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи кишвар ба роҳ монем. Моҳи сентябр бо тасмими Федератсияи байналмилалии шоҳмот дар Душанбе аввалин бор Ҷоми Осиё барои дарёфти ҷоизаҳои раиси ФИДЕ Кирсан Илюмжинов баргузор мешавад.

Сӯҳбати муфассали Илҳом Юнусов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, бо хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф ба таваҷҷӯҳи Шумо пешкаш мешавад:

XS
SM
MD
LG