Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои тӯю мошин пул ёфт мешавад, барои маънавиёт чӣ?


Аксар хонаводаҳои тоҷик асосан аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ дар Русия, ки теъдодашон бештар аз 1 миллион аст, рӯз мегузаронанд.

Бархе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, даромади ками онҳо боис шудааст, ки ба боло бурдани маънавиёти фарзандони худ камтар аҳамият диҳанд. Зебо, як сокини шаҳри Душанбе, гуфт, дар хонавода ӯву шавҳараш кор мекунанд, аммо бо вуҷуди ин, маоши гирифтаашон ҳатто барои хароҷоти рӯзмарра кофӣ нест.

Хонум Зебо мегӯяд, барои боло бурдани маънавиёти фарзандон, масалан, харидани компютер ё дигари лавозимоти рушди маънавӣ маошашон умуман намерасад. Ақидаи роиҷ дар кишварҳои пешрафта, ки сармоягузорӣ дар таълим ва тарбияи фарзанд беҳтарин боздеҳ дорад, дар Тоҷикистон ҳанӯз васеъ паҳн нест.

Хонаводаҳои тоҷик аксаран пулу даромади ночизи худро барои он ҷамъ мекунанд, ки тӯйҳои пуршкӯҳ баргузор кунанд ё ҳадди ақал соҳиби мошини хуб ё зару зевар шаванд. Ҳамин рӯҳияи “шукуҳу дабдаба” дар сатҳи давлатӣ низ дар баргузории ҷашнҳои пурхарҷ мушоҳида мешавад.

Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, давлату ҳукумати Тоҷикистон метавонанд ин маблағҳоро дар чаҳорчӯбаи барномае барои кӯмак ба фарзандони хонаводаҳои камбизоат сарф кунанд ва ё корхонаҳо бунёд кунанд, то барои аҳолӣ ҷойҳои бештари корӣ ба вуҷуд ояд: “Он қисмати пуле, ки мардум ҷамъоварӣ мекунанд, дар ду-се моҳ танҳо барои харидории либосу пардохтҳои иҷтимоиву зиндагии мардум сарф мешаваду халос.” Ҷаноби Ҷумъаев мегӯяд, дар чунин вазъ волидон аз пайи “қути лоямут” шуда, тарбияи маънавии фарзанд як тараф мемонад. Барои ҳамин, дар Тоҷикистон, кишваре, ки аксари аҳолӣ дар деҳот ба сар мебаранд, сатҳи тарбияи маънавии кӯдакон ва сатҳи дониши онҳо паст шудааст.

Давлатмурод Ҷумъаев
Давлатмурод Ҷумъаев
Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, нодории хонаводаҳо имкон намедиҳад, ки ҳатто дар 50 соли оянда талаботе, ки дар “Қонун дар бораи масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд” дарҷ шудаанд, амалӣ шаванд. Нодории хонаводаҳо кӯдаконро ба бозорҳо кашидааст. Кӯдакон, ки аз роҳҳои гуногун хонаводаашонро бо нон таъмин мекунанд, фаъолияташонро дар бозор аз таълим дар мактаб беҳтар мешуморанд.

Коршиносон кишвари Исроилро намуна меоранд, ки ба хонаводаҳо барои тарбияи ҳар фарзанд 500 доллар кӯмакпулӣ медиҳанд ва дар баъзе хонаводаҳои серфарзанд падару модарон кор намекунанд ва бо ҳамин пул зиндагии хуб доранд. Тарбияи фарзанд ва боло бурдани донишу малакаи фарзанд барои онҳо собиқаи корӣ низ эътироф мешавад. Ин кор барои ояндаи миллат ва ҷомеа пураҳамият дониста мешавад.

Аммо давлати Тоҷикистон ин имкониятро надорад ва ҳадди ақал бо фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ метавонад сатҳи зиндагиро то андозае дар шароити боло рафтани нарх дар бозорҳо беҳбуд бахшад. Чун хонаводаҳои тоҷик барои таълими фарзанд пули кофӣ надоранд, фарзанди зиёдро нерӯи бештари корӣ ва ноновари хона медонанд.

Бино ба таҳқиқоте, ки моҳи майи соли 2012 Барномаи озуқаи Созмони Милал дар Тоҷикистон анҷом додааст, 70-80 дарсади даромади хонаводаҳо барои харидории маводи ғизоӣ сарф мешавад. Дар манотиқи куҳистонӣ ин нишондод то ба 90 дарсад мерасад ва 10 дарсади боқимонда ҳеҷ гоҳ ба ниёзмандиҳои дигари рӯзгор кифоят намекунад. Саидамон Бодамаев, корманди масъули намояндагии Барномаи озуқаи СММ, дар Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқоти ахир нишон додааст, ки аксари хонаводаҳо дар чунин вазъ ҳатто ҳангоми беморӣ ба назди пизишк намераванд: “Дар кишварҳои пешрафта маблағи каме барои хурокворӣ сарф мешавад ва маблағи боқимондаро хонаводаҳо дар соҳаи тандурустиву маориф сарф мекунанд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон баъзан касал ба беморхона намеравад, метарсад, ки агар равад, боз пул даркор мешавад, ки дору харад.”

Коршиносон мегӯянд, ҳоло аксари хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби муҳоҷирони кории худ зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин таҳқиқоти ахири Барномаи озуқаи СММ нишон медиҳад, ки 47,2 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли фақр ба сар мебаранд ва онҳо дар як рӯз барои зиндагии худ 1 доллару 33 сент сарф мекунанд. Ҳатто баъзе хонаводаҳо танҳо 85 сент сарф мекунанд. Чунин нишондод Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои фақиртарини ҷаҳон ҷой додааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG