Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далер Меҳтоҷев: "Роҳи наққошӣ дарозу мушкил аст"


"Кӯзаҳо чӣ мехоҳанд?"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00
Линки мустақим

Далер Меҳтоҷов, наққоши ҷавони тоҷик, барои ташкили намоишгоҳаш, ки таҳти унвони "Кӯзаҳо чӣ мехоҳанд?" баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мебинад.

Далер Меҳтоҷев, наққоши ҷавону муваффақи тоҷик, ҳоло дар миёни дӯстдорони санъати наққошӣ дар Тоҷикистон маъруф аст. Мусаввараҳои ӯро дар ҳар намоишгоҳи дохили кишвар ва хориҷ аз он дидан мумкин аст.

Далер хатмкардаи Коллеҷи рассомӣ ва Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Ӯ мегӯяд, дар миёни ҳамсолонаш афроди эҷодкор ва онҳое, ки ба санъати рассомӣ таваҷҷӯҳ доранд, кам нестанд, аммо ба қавли ӯ, аксари ин ҷавонон баъди як муддати кӯтоҳи фаъолият тарки ин ҷода мекунанд. "Сабаб ҳам мушкилоти молӣ ва имконоти маҳдуди рассомони тоҷик аст",-мегӯяд Далер Меҳтоҷев.

Аммо худи Далер мегӯяд, зиндагиашро ба воситаи маҳсули дастони хеш, яъне тасвирҳояш пеш мебарад. Арзиши тасвирҳои ин наққош вобаста ба заҳмате, ки болои он сарф шудааст, аз 100-200 доллар болост. Сӯҳбати мо дар коргоҳи пур аз тасвирҳои ҷолибу диданӣ ва кӯзаҳои рангоранги ӯ сурат гирифт ва нахуст роҷеъ ба мавзӯи асарҳои рӯйи қоғаз овардааш пурсидем.

Далер Меҳтоҷев: "Ҳоло бештар ба ашъори Ҳофизу Хайём майл дорам ва мехоҳам ин барномаи навамро низ ба ашъори Умари Хайём бахшам. Муҳтаво ва фалсафаи ҳар рубоии ӯро тасвир мекунам. Албатта, ин кори осон нест ва барои ин пеши устодон дарс мегирем, то луғату фалсафаи ашъори шоиронро хубтар дарк кунем."

-Мебинем, ки коргоҳатонро бештар бо акси кӯзаҳо оро додаед, ин ягон сабаб дорад?

Далер Меҳтоҷев: "Бале, ин як навъ бемории ман аст. Намедонам аз чӣ сабаб, аммо ба кӯзаҳо шавқу рағбати зиёд дорам. Ҳар ҷое, ки бинам, онҳоро бо худ мегирам ва ҷамъоварӣ мекунам. Вақте бо кӯза ҳамнишин мешавем, он метавонад бо инсон бидуни забон ҳарф бигӯяд. Ман ҳам ҳаминро мехоҳам ба дигарон ба воситаи тасвирҳоям бирасонам."

-Шумо, ки имрӯз ба наврасону ҷавонон ҳам дарс мегӯед, метавонед гӯед, ки оё зиёданд ҷавононе, ки ба наққошӣ ё рассомӣ таваҷҷӯҳ доранд?

Далер Меҳтоҷев: "Албатта, таваҷҷӯҳ зиёд аст, аммо ин як муддат ва муваққатист, вақте ба зинаҳои асосӣ омаданд, инкишофи худро хуб намебинанд ва аз роҳашон бармегарданд. Ин роҳи хеле мушкил аст ва бояд инсон бояд пуртоқат бошаду ҳунари худро сайқал диҳад. Як омили аслии ин мушкил ҳам ин аст, ки ин санъат ниёз ба дастгирии молӣ дорад. Барои як асар хароҷоти зиёд лозим аст ва имрӯз нархи маводи зарурӣ мисли қоп ё матои махсус ва рангҳо хеле гаронанд ва на ба ҳар нафар муяссар мегардад."

-Аслан мизоҷон ё харидорони асарҳои Шумо киҳоянд?

Далер Меҳтоҷев: "Харидорони асосии мо бештар хориҷиҳоянд. Аммо чанд соли охир, шукр мекунем, ки дар Тоҷикистон ҳам нафарони зиёде таваҷҷӯҳ доранд ва барои оро додани коргоҳу манзилҳои худ ин тасвирҳоро харидорӣ мекунанд. Барои ҳамин, хеле шодем."
XS
SM
MD
LG