Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

О.Бобоназарова ҷоизаи "Беҳтарин ҳомии ҳуқуқ"-ро дарёфт кард


Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2013» дар Тоҷикистон эълон шуд.

Созмони ҷамъиятии «Шӯрои ҳуқуқи башар ва қонунгузорӣ» рӯзи 10-уми декабр Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик ва роҳбари ташкилоти «Перспектива+»-ро "Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар соли 2013" эълон кард. Ин ҷоиза соли 2009 таъсис шуда ҳамасола аз тарафи созмони мазкур ба онҳое дода мешавад, ки барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беҳтарин талошҳоро анҷом медиҳанд ва бо фаъолияти худ таваҷҷӯҳи давлат ва ҷомеаро ба ин риштаи муҳим ҷалб мекунанд.

«Шӯрои ҳуқуқи башар ва қонунгузорӣ» имсол ҳамчунин ба Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ҷоизаи "Беҳтарин саҳм дар пешбурди ҳуқуқи инсон", ба хабарнигор Анора Саркорова ҷоизаи "Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика", ба вакили дифоъ Гулчеҳра Холматова ҷоизаи махсус барои пирӯзӣ дар ду баҳси додгоҳӣ бо Вазорати умури дохилиро тақдим дошт.



Хонум Ойниҳол Бобоназарова, ки имсол аз сӯи Иттиҳоди неруҳои ислоҳотталаби Тоҷикистон номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ шуда буд, дар сӯҳбат бо Радиои "Озодӣ" аз ҷоизаи "Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар соли 2013" изҳори хушҳолӣ кард ва гуфт: "Аввалан ман ифтихор мекунам, вақте як гурӯҳ, ё ҷомеа боварӣ карда мегӯяд, ки шумо кори хуб кардед. Албатта, шояд ман он қадар кореро, ки бояд мекардам, накардам ва иҷрои баъзе корҳо аз ман вобаста ҳам нест, вале қадр кардани ин аз ҷониби гурӯҳе, боиси ифтихор аст. Ташкилоти ҳуқуқи башар ва ҳам ташкилотҳои байналхалқӣ як комиссия ташкил карда, чанд нафаронро пешниҳод карданд ва маро дар он интихоб карданд, зиёд ифтихор дорам. Ин маро водор мекунад, ки бештар кӯшиш кунам, бештар кор кунам."

Озодӣ: Дар ҳамин замина, ба назаратон вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст. Албатта нисбати солҳои қаблӣ?

Ойниҳол Бобоназарова: Хеле бад аст. Агар панҷ сол қаблро назар кунем, он солҳо вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар хубтар буд. Чанд соли охир, хусусан соли гузашта ва имсол, вазъ беҳбудӣ наёфтааст ва баръакс бад шуда истодааст. Бубинед, ки масъалаи шиканҷа як масъалаи доғи рӯз дар Тоҷикистон аст. Чанд маротиба кумитаҳои СММ дар бораи ҳуқуқи башар ба ҳукумат мактубҳо фиристонд. Вазъ дар маҳбасҳо хуб нест. Чизи дигар, онҳое, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, баъзан ба назар мерасад, ки ба ҷазои ҷиноӣ кашида мешаванд. Баъзе ташкилотҳое, ки соли гузашта дар самти ҳуқуқи башар кор мекарданд иҷозатномаи чанд тои онҳоро боздоштанд. Ба ҷои он, ки хуб шавад, бад шудааст.

Озодӣ: Дар қонунгузории имрӯзаи Тоҷикистон ҳастанд, бандҳое, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро маҳдуд кунад, ё боиси поймол шудани ҳуқуқи онҳо гардад?

Ойниҳол Бобоназарова: Албатта. Масалан, ба мақомотҳои қудратӣ хеле ҳуқуқҳои васеъ дода шудааст. Дигар ин, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тамоми давлатҳои демократӣ бояд аз болои тамоми сохторҳои давлатӣ назорат кунанд. Вале мо инро дар Тоҷикистон тамоман намебинем. Дигар ин, ки то имрӯз дар қонунгузории Тоҷикистон ҳукми қатл вуҷуд дорад. Ба қонунгузорӣ бингарем, дар бисёр мавридҳо ҳуқуқи шаҳрвандон маҳдуд ҳам карда шудааст. Бояд ба ҳамаи ин ислоҳот ворид кунем. Мушкилии дигар дар ин самт, андозҳои зиёд дар соҳибкории хурду миёна аст, дар ҳоле, ки ҷомеаро ҳамин соҳибкорӣ пеш мебарад. Дар баробари ин, қавонини хуб ҳам қабул карда шудааст, масалан дар қонуни нави шиканҷа гуфта шудааст, ки шиканҷа бояд набошад. Вале имрӯз мебинем, ки мутаассифона, шиканҷа зиёд шуда истодааст. Агар беҳтарин қонунҳоро ҳам қабул кунем, агар иродаи сиёсии роҳбарият набошад, ҳеҷ чиз намешавад.

Озодӣ: Яъне ин аз роҳбарияти ҳукумат вобаста аст, ки то чӣ андоза қонунгузорӣ дар ин самт риоя шавад?

Ойниҳол Бобоназарова: Албатта, масалан, агар бубинед, ки як нафар худро аз бинои мақомот партофту кушт, ҳеҷ касро гунаҳкор намекунанд. Танҳо касе, ки дастгиршударо задааст, то ҷое ҷазо дода мешавад, вале роҳбарияти он ва он касе, ки вайро партофтааст, тасмиме гирифта намешавад. Бояд онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, ба ҷазои сахти ҷиноӣ кашида шаванд ва бигузор зери қонуни афв қарор нагиранд. Албатта ин аз роҳбарият вобаста аст. Ман фикр мекунам, сардори давлат аз инҳо хабар дорад, чунки созмонҳои хориҷӣ ба ҳукумат мактуб менависанд. Дигар ин, ки ба маҳбасҳо ташкилотҳои ғайридавлтӣ даромада наметавонанд, мониторинг гузаронда наметавонанд. То иродаи сиёсӣ набошад, ба ҷое наметавон расид. Масалан, дар Қирғизистон иродаи сиёсӣ, ки буд, бубинед чӣ корҳо карданд. Аллакай чандум мансабдори давлатӣ аст, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Озодӣ: Сухан аз созмонҳои хориҷӣ кардед, оё чунин ниҳодҳо метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқи башар дар кишвар таъсири бузургтаре дошта бошанд?

Ойниҳол Бобоназарова: Бале, метавонанд. Масалан, дар интихоботи президентие, ки ба наздикӣ гузашт, бисёре аз созмонҳо фаъол буданд. Масалан, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то ҷамъбасти натиҷаҳои интихобот аз қонуншиканиҳо гуфт. Дигар ин ки Тоҷикистон, ки аъзои аксар созмонҳои байналмиллалӣ аст, дар нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ин бора гуфтугузорҳо мешавад ва ба имиҷи Тоҷикистон таъсир мекунад. Барои ҳалли ин мушкилиҳо ҳукумат бояд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ вориди муколама шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG