Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби Сурх: «Мо бояд дар Тоҷикистон ба ҳолатҳои фавқулодда омода бошем»


Северин Шаппаз, раҳбари намояндагии Кумитаи байнулмилаллии Салиби Сурх дар Тоҷикистон.

Северин Шаппаз, раҳбари намояндагии Кумитаи байнулмилаллии Салиби Сурх дар Тоҷикистон.

Намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон мегӯяд, имкони пеш омадани ҳолатҳои изтирорӣ, мисли ҳаводиси Рашт ё Хоруғ дар ин кишвар вуҷуд дорад ва ин созмон бояд доим дар ҳолати омодабош қарор дошта бошад.

Аз шурӯъи фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон 20 сол сипарӣ шуд. Намояндагони ин созмон рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми декабр дар як нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон бурду бохти фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон матраҳ карданд.

Ин созмон, ки аз қадимтарин созмонҳои дунё буда, ҳанӯз 150 сол ба кор оғоз кардааст, дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта, бо шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ, бо ҳадафи кӯмак ба аҳолии бар асари низоъҳои мусаллаҳона зарардида вориди Тоҷикистон шуд ва дар муддати 20 сол дар роҳи кӯмак ба мардуми зарардида даҳҳо барномаро пиёда кард.

Дар остонаи 20-солагии фаъолияти ин созмон, мо дар як сӯҳбати ихтисосӣ аз Северин Шаппаз, раҳбари намояндагии Кумитаи байнулмилаллии Салиби Сурх дар Тоҷикистон пурсидем, ки ин роҳи тӯлонӣ барои созмон чигуна сипарӣ шуд?


Северин Шаппаз: Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар авохири соли 1992 вориди Тоҷикистон шуд ва ба кори худ шуруъ кард. Барои Кумита бисёр муҳим буд, дар ин замони ҷанги шаҳрвандӣ ба мардуми ҷангзадаи ин кишвар кӯмаки худро расонад. Зеро тибқи салоҳиятҳое, ки Кумитаи Байналмилаии Салиби Сурх дорад, метавонад ҳангоми рух додани ҳолатҳои низоъ ва хушунатомез, миёни мардум кор барад ва ба онҳо кӯмак расонад.



Озодӣ: Созмони шумо дар кадом замон фаъолтар буд ва кӯмакҳо назаррастар буданд?

Северин Шаппаз: Албатта замони фаъолтарини кумитаи мо ин замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Ҳамчунин авоили солҳои 2000-ум, ки мо дар ҳамкории наздик бо Ҳилоли Аҳмар кор мекардем. Аз сӯи дигар замоне, ки низоъҳо вуҷуд доштанд, ниёзҳои мардум низ бештар буд ва КБСС ҳам аз тариқи кӯмакҳои ғизоӣ, беҳдоштӣ ва ҳамчунин бозпайванд додани хонаводаҳои тоҷик машғул буд. Он замон КБСС ба 200 ҳазор нафар кӯмак мекард.

Озодӣ: Тавре медонем, то соли 2003 созмони шумо ҳуқуқи аз маҳбасҳои Тоҷикистон дидан карданро дошт. Аммо тайи даҳ сол аст, ки Салиби Сурх имкони аз ҳоли зиндониён хабар гирифтанро надорад, чаро?

Северин Шаппаз: Бояд гуям, ки КБСС дар кишварҳои зиёди ҷаҳон кор мекунад ва аз ҳоли афроди боздоштшудаҳо дидан мекунад. Аммо дар ҳар кишваре ки сари ин масоил кор мегирад, онро ибқи қавоини ҳамон кишвар анҷом медиҳад. Бояд гӯям, ки қоидаҳои КБСС дар мавриди боздид аз зиндониён, на ҳамеша мутобиқ бо қавонини дигар кишварҳост. Дар мавриди Тоҷикистон гуфтаниям, ки феълан мо дар ин росто бо давлати Тоҷикистон гуфтугӯ дорем дар мавриди он, ки бубинем, қонунҳои Тоҷикистон то чӣ андоза бо қоидаҳои КБСС мутобиқат мекунад ё не.

Озодӣ: Яъне шумо дар ин росто кӯшиш доред ба мушкили зиндониён дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон расидагӣ кунед?

Северин Шаппаз: Албатта ҳадафи аслии мо ин аст, ки ба мушкили зиндониён расидагӣ ва вазъияти онҳоро баррасӣ кунем. Ин корро мо метавонем анҷом диҳем. Аммо тавре анҷом диҳем, ки ҳангоми мулоқоти мо шоҳиде набошад ва мо танҳо ба танҳо сӯҳбат кунем.

Озодӣ: Аз замони ба даст овардан Созишномаи оштии миллӣ 14 сол мегузарад. Дар марҳилаи сулҳ, ки қарор дорем, шумо рӯи кадом барномаҳо бо Тоҷикистон кори худро пеш мебаред?

Северин Шаппаз: Ин маънои онро надорад, ки пас аз он ки вазъияти низоъ тамом шуд мо кор намекунем. Ҳарчанд фаъолиятҳои мо маҳдудтар шуданд, ин ба он маъност, ки ниёзҳо камтар аст. Вале корҳо ҳанӯз ҳам зиёданд. Муҳимтарин масоиле ки ҳанӯз аз замони қабл бозмонданд, бояд ба он расидагӣ кард.

Озодӣ: Яъне ҳанӯз мушкиле ҳаст, ки доғ мондааст, ин кадом масоил аст?

Северин Шаппаз: Албатта, то имрӯз ду мушкил дар Тоҷикисон умда мондааст, ки бояд ба он расидагӣ кард. Яке масъалаи минаҳои пиёдагард ва дигар афроди бедаракшуда. Мо бояд дар ҷустуҷӯи бедаракшудаҳои замони ҷанг кӯмак карда, ҳамчунин барои камтар кардани хатари таъсири минаҳо ва тиру тӯпҳои натаркида ба ҳаёти одамон мадад расонем. Аз сӯи дигар мо бояд ҳамеша омода бошем. Зеро пеш омадани вазъиятҳои изтирорӣ ё хушунатомез вуҷуд дорад. Ҳамон тавре, ки ҳодисаҳои ногаҳони соли 2010 дар Рашт ва соли 2012 ба Хоруғ рух дод.

Озодӣ: Шумо дар бораи низоҳои ба амал омада дар Рашт ва Хоруғ гуфтед. Кӯмакҳои созмони шумо ба одамоне, ки бар асари низоъ ва дигар вазъиятҳои зуроварӣ зарар дидаанд, чӣ аст?

Северин Шаппаз: Албатта, ҳангоми нооромиҳо дар соли 2012 дар Хоруғ мо кӯшиш кардем, ба афроде, ки дар нооромиҳои ин минтақа зарар дидаанд, кӯмак кунем. Барои мисол, ба онҳое, ки захмӣ шуда буданд, мо кӯмаки беҳдоштӣ, аз ҷумлаи маводҳои зарурӣ барои табобати афроди маҷрӯҳ ирсол кардем. Баъдан КБСС ба онҳо маводи ғизоӣ ва ҳамчунин кӯмакҳои равонӣ ҳам кард. Равоншиносони КБСС-ро дарҳол онҷо равон кардем ва ба онҳо кӯмак карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG