Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯҳбати ихтисосии Радиои «Озодӣ» бо Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Яке аз иқдомоти аввалини Фарҳод Раҳимов дар вазифаи президенти АИ ташкили як гурӯҳи корӣ, аз ҷумлаи академику олимони тоҷик аст, ки ба миёни мардум мераванд ва бо онҳо мулоқот мекунанд. Суоли аввали мо ҳам ин буд, ки ин гурӯҳи корӣ чӣ ҳадафҳоро дунбол хоҳад кард?

Фарҳод Раҳимов: Ин гурӯҳ, ки аз олимони варзидаи ҳатто сатҳи ҷаҳонӣ иборат аст, мунтазам ба шаҳру навоҳӣ сафар мекунанд ва ҳадафашон, агар аввал, ба мардум фаҳмондани дастовардҳои истиқлолияти миллӣ бошад, дуюм, ташаккули худшиносии мардум аст. Онҳо ба мардум моҳияти ҷаҳонбинии илмиро хоҳанд фаҳмонд. Пинҳон нест, ки ҳоло ҷои ин ҷаҳонбиниро ҷаҳонбинии динӣ гирифтааст. Мутаассифона, ин воқеияти на фақат Тоҷикистон, балки тамоми дунё аст. Он ноамниҳо, амалиёти террористӣ ва руҳияҳои экстремистӣ, ки дар ҷаҳон мушоҳида мешаванд, маҳсули ин раванд аст. Як идда мардум ба воқеиятҳо аз нигоҳи сирф мазҳабу дини худ баҳо медиҳанд ва амнияти ҷаҳониро халалдор мекунанд. Агар чор – панҷ сол пеш гап дар бораи гуфтугӯи тамаддунҳо мерафт, ҳоло онҳо на гуфтугӯ, балки бо ҳам меҷанганд. На фақат ҷанги динҳо, балки, масалан, дар олами ислом миёни мазҳабҳо ҷанг аст. Хулоса мешавад, ки якум, ҳаёти инсон қадр надорад. Дуюм, дар ҷангҳои имрӯза гоҳо ҷабҳа – фронт нест. Як нафар бе ягон сабаб даҳҳо нафарро мекушад. Барои ӯ кӯдак, зан, модар фарқ надорад. Ӯ дунёро аз ҷаҳонбинии худ мебинад, на илмӣ. Аммо дар меҳвари ҷаҳонбинии илмӣ инсон аст, на намояндаи ин ё он дину мазҳаб ва ё ҳизбу равия.

Озодӣ: Шояд манзури Шумо ҷаҳони ислом, қабл аз ҳама Тоҷикистон аст? Зеро мо мебинем, ки ноамниҳо бештар дар олами ислом ҳастанд ва мақомоти Тоҷикистон аз ин хавф доранд, ки дар Тоҷикистон ҳам гурӯҳҳои бузурги мазҳабӣ, ҳатто дар шакли низомӣ пайдо мешаванд?

Фарҳод Раҳимов: Раванде, ки дар мост, танҳо хоси Тоҷикистон нест. Як раванди ҷаҳонӣ аст. Хоси ҷомиаи ҷаҳонӣ ва тамаддуни имрӯза аст. Дар ҳамон ноамниҳои олами ислом ҳам бо баҳонаи ҷаҳонишавӣ, дурусттараш, ҷаҳонигардонӣ, яъне на бо роҳи табиm, балки сохтаву тарҳрезишуда кишварҳои берун аз олами ислом ҳам даст доранд ва манофеъи худро пайгирӣ мекунанд. Худ шоҳидед, ки қариб ҳар рӯз дар Амрико ягон ҳодисаи террористӣ, ҳатто дар мактабҳо рух медиҳанд. Он ҷо ҳам ин раванд мушоҳида мешавад. Садҳо равияи экстремистӣ дар ҷаҳон вуҷуд доранд. Касе дар ҷаҳон эмин нест, бахусус аз терроризм.

Озодӣ: Қаблан Шумо дар соҳаи маориф кор мекардед. Вазифаи оддӣ не, муовини аввали вазири маориф будед. Фикр намекунед, ки заъфи маорифи мо аст барои ҷойгузини ҷаҳонбинии илмӣ шудани ҷаҳонбинии динӣ? Ва ҳоло гапи мулло муассиртар ва серхаридортар аз гапи муаллим аст?

Фарҳод Раҳимов: Гуфтанӣ нестам, ки дар коста шудани тарбияи насли нав ҳама гуноҳи ҷаҳонишавӣ аст. Дар низоми миллии маорифи мо дастовардҳо зиёданд. Дар муқоиса бо 20, ҳатто 5 соли пеш пешравӣ ҳаст. Аммо бо гуфтани он, ки мо хуб мекунем, хуб кардани низоми таълиму тарбия ғайриимкон аст. Мо аз низоми Шӯравӣ, аз китобҳои дарсие, ки асосан барои Русия таълиф мешуд ва ҳам усулҳои шӯравии маориф бояд озод шавем. Барои тарбияи як тоҷик ё сокини Тоҷикистон низоми маорифи худиро бояд ба вуҷуд орем. Ин роҳи дурудароз аст ва мутаассифона, нерӯҳое бо истифода аз заъфҳои мо насли имрӯзи мактабиён ва ҳатто донишгоҳиёну дар умум ҷавононро мехоҳанд ба табъи худ рост кунанд. Ва ин ҷо на фақат заъфи маориф, балки вазъи иҷтимоӣ ҳам ҳаст. Лекин ман бар инам, ки маориф нақши муҳим дорад. Касе мегӯяд, ки дар як ё 10 сол маорифро пешрафта мекунем, хато мекунад. Вақти зиёд даркор аст.

Озодӣ: Айни ҳамин нуктаро мехоҳам дар бораи Академияи улум гӯям, ки ҳоло раҳбараш ҳастед. Ин як пойгоҳи дар гузашта мӯҳташам, баобрӯ ва муассир буд. Ҳоло чунин нест…

Фарҳод Раҳимов: Ҳама гуна сохтор, ҳатто инсон бояд ба таҳаввулот худро мутобиқ кунад. Форматсияи иқтисодӣ – иҷтимоӣ тағйир ёфт, низоми планӣ аз миён рафт ва ба ҷои он иқтисоди бозорӣ омад. Агар академия ба ин таҳаввулот мутобиқ шавад, мавқеи худро пайдо мекунад. Агар не, дуруст аст, ки мардум мепурсад, андозе, ки ман медиҳам куҷо меравад. Академия аз ҳисоби буҷа вуҷуд дорад. Мардум ҳам натиҷа талаб мекунад. Тайи солҳои ахир академия бенатиҷа набуд. Аммо мавзӯҳо то андозае мавзӯи рӯз набуд. Он самтҳои афзалиятноки илмӣ ва илмӣ - таҳқиқотӣ, ки академия пеш мебурд, мутаассифона, аз воқеияти рӯз камтар дуртар буд. Ва ин мутобиқ кардан ҳам масъалаи як рӯз як сол ва чанд соли дигар нест. Олимон бояд ҷомиаро биомӯзанд ва дарёбанд, ки дар кадом самтҳо бояд кор кунанд. Олим бояд зиндагии мардумро осон кунад, бо як кашфиёт ё навигарӣ, мардум эътироф мекунад. Дуюм, олимони мо бояд бо дастовардҳои худ дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кунанд. Он замон академия ҳам мавқеи худро барқарор мекунад.

Озодӣ: Инак, худи Шумо роҳбари ин академия шудед. Шояд то панҷ – даҳ соли дигар роҳбар бошед. Роҳи боло бурдани обрӯву маҳсули онро дар чӣ мебинед?

Фарҳод Раҳимов: Ба назари ман, самтҳои фаъолияти академия бояд ба се афзалияти стратегии Тоҷикистон – таъмини амнияти ғизоӣ, амнияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мутобиқ карда шаванд.

Озодӣ: Бубинед, дар ин се самт, тавре дида мешавад, асосан олимони улуми дақиқ метавонанд ҷалб шаванд, аммо олимони соҳаҳи улуми башарӣ чӣ кор хоҳанд кард?

Фарҳод Раҳимов: Масалан, барои олимони забоншинос вазифа ҳаст: бой ва ғанӣ гардонидани забони давлатӣ. Муаррихон бояд дар баробари ҳамлаҳои олимони хориҷӣ, ки кӯшиш доранд арзишҳову шахсиятҳои миллии моро аз худ кунанд, истодагарӣ кунанд. Бо онҳое, ки таърихи моро таҳриф мекунанд, муборизаи беамон баранд. Ин кӯшишҳо имрӯз аз хориҷ вуҷуд доранд. Ҳамчунин мо бояд ҳамсояҳои худро омӯзем, то бишносем. Ман пешниҳод кардам, ки маркази чиншиносӣ ва туркшиносӣ ташкил кунем. Як маркази дигар барои омӯзиши кишварҳои пешрафтаи Осиё, назири Малайзия, Сингапур ва ғайра. Ин омӯзишҳо дар оянда барои муайян кардани афзалиятҳои давлатдории мо заруранд, чун вақте афзалиятҳои имрӯза амалӣ шуданд, боз афзалиятҳои нав пеш меоянд.

Озодӣ: Воқеан, дар бораи ҳимояти арзишу шахсиятҳо гуфтед. Чанде қабл баҳси чавгон бо Озарбойҷон бархоста буд. Ва ин нукта ҳам зикр шуд, ки олимони мо дер карданд. Ин маънои онро надорад, ки олимони мо қафо мондаанд?

Фарҳод Раҳимов: То ба имрӯз бо кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон бархе сарватҳои таърихии мо ба номи мо сабти ном шудаанд, аммо дар бархе ҳолатҳо дермонӣ дида мешавад. Дар масъалаи чавгон, ман эҳсос кардам, ки дермонии мо буд. Дар мактуби ҳамон озариҳо ҳам омада буд, ки вақте мо пешниҳод кардем, куҷо будед? Ҳол он ки дар таърихи мо чавгон дар Бадахшон буду дар «Шоҳнома» ҳам аз он зикри зиёде рафтааст. Хулоса, мо бояд фаъол бошем, ки арзишҳои таърихии худро соҳибӣ карда тавонем.

Озодӣ: Вазъи молии Академия ва кормандони он чӣ гуна аст? Оё онҳо бо хотири ҷамъ, яъне бе фикри нон, метавонанд он ҳадафҳоеро, ки дар пеш мегузоред, роҳандозӣ кунанд?

Фарҳод Раҳимов: Дар қиёс бо кормандони соҳаи маориф музди маоши кормандони академия зиёд аст. Дар соҳаи маориф музди миёна атрофи 400 сомонӣ бошад, музди миёнаи кормандони академия 808 сомонӣ аст. Ва албатта, маболиғи зери даст бояд сарфакорона харҷ шаванд.

Озодӣ: 800 сомонӣ, бигзор 3 ҳазор сомонӣ, таври маълум, боз як олимро чашм ба дар мегузорад. Ҷои пӯшидан нест, ки ҳатто дар мактабҳои миёна роҳҳои даромади берун аз маош вуҷуд дорад. Оё роҳе вуҷуд дорад, ки Академия ба «дасти буҷа» нигоҳ накарда, худро бо маблағ таъмин кунад?

Фарҳод Раҳимов соли 1968 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси физик ва физик - омӯзгор аст. Доктори илмҳои физика ва математика, профессор.

Соли 1995 рисолаи илмиашро пеш аз мӯҳлат дифоъ намудааст. Аз соли 1995 то соли 2000 муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва докторанти ҳамин Донишгоҳ буд. Таҳқиқоти илмиашро дар Пажӯҳишгоҳи мутаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Русия идома дода, рисолаи докториро дифоъ ва унвони илмии доктори илмҳои физика ва математикаро соҳиб гардидааст.

Солҳои 2005-2013 муовин ва муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон буд.
Муаллифи 4 монография, 8 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ ва зиёда аз 95 мақолаи илмӣ мебошад.

Соли 2012 аз рӯи натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва саҳми онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) дар соҳаи «Илм ва технология» шуд.

Бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Фарҳод Раҳимов: Ман ҳам бар инам, ки фақат ба маблағи буҷа нигоҳ карда нишастани академия салоҳи кор нест. Яке аз самтҳои афзалиятноке, ки ман эълон кардам, ин дарёфти маблағҳои ғайрибуҷавӣ аст бо истифода аз зарфиятҳои кадрӣ ва фанние, ки академия дар ихтиёр дорад. Дар асри 21 як мафҳум пайдо шудааст – тиҷорӣ кардани илм. Нерӯи зеҳнӣ, кашфиёт ин ҳама пул аст. Мо метавонем моли худро ба бозор барорем. Мо тасмим гирифтем, ки аз моҳи феврал сар карда, нишастҳо ташкил намоем ва ба корхонаҳову ширкатҳо хадамоти худро пешниҳод кунем. Ва онҳо гӯянд, ки аз мо чӣ мехоҳанд. Масалан, бо вазорати кишоварзӣ як пешниҳод кардем. Соли гузашта мо 25 тон картошкаи ба вирус тобовари навъи «Тоҷикобод», «Академия» ва «Файзобод» дар заминҳои академия дар Ҷиргатол ба даст овардем. Ё дар соҳаи саноат мо рангҳоеро аз маъданҳои худӣ кашф кардаем, ки дар дарозмуддат сифати худро аз даст намедиҳанд. Ё аз гиёҳҳои шифобахш чандин навъи доруро кашф кардаанд. Ҳоло дар ин самт кор мекунем. Тиҷорӣ кардан илм дар мо хеле қафо мондааст

Озодӣ: Худи Шумо, ҳамчун олим, ҳоло ба чӣ машғулед? Ягон кори илмӣ ҳам доред?

Фарҳод Раҳимов: Самти таҳқиқоти ман яке аз самтҳои физикаи омӯзиши ҳодисаҳои дохилиядроӣ аст. Бевосита бо омӯзиши як намуд мавҷҳое машғул ҳастам, ки ҳангоми ҳаракати электрон дар атрофи ядро паҳн мешаванд. Омӯзиши босуръати ин мавҷҳо охирҳои асри 20 шурӯъ шуда буд. Содlа карда гӯям, мавҷе, ки ҳоло тариқи он садо меояд, аз рӯи таҳқиқотҳои имрӯза 30 то 40 дарсади садоро «мехӯранд». Кори ман ин аст, ки садо пурра 100 дарсад расад. Гап дар бораи ҳамон садое меравад, ки аз интернет, радио ва телефонҳо меояд.

Озодӣ: Кори Шумо ба се афзалияте, ки дар академия эълон кардаед, рост меояд?

Фарҳод Раҳимов: Барои дар амал татбиқ кардани ин таҷриба маблағи калон даркор аст. Мо дар ҷаҳон қариб 6 нафар таҳқиқот мебарем. Ман бевосита бо олимони Ҷопон, Ҳолланд, Ҳиндустон ва Русияву Қазоқистон ҳамкорӣ дорам. Аммо мо аз нигоҳи назариявӣ онро омода мекунем, дар истеҳсолот бо он муҳандисону дигар мутахассисон кор мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG