Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эркин Қосимов: Тоҷикистон ҳам бо Русия аст, ҳам бо Ғарб


Эркин Қосимов, сафири собиқи Тоҷикистон дар Бритониё

Эркин Қосимов, сафири собиқи Тоҷикистон дар Бритониё

Эркин Қосимов баъди 8 соли кор дар мақоми Сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ба нафақа баромад ва дубора ба Душанбе бармегардад.

Эркин Қосимов, сафири собиқи Тоҷикистон дар Бритониё баъд аз 8 соли кор дар ин мақом дубора ба Душанбе бармегардад. Ӯ 65 сол дошта, бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифааш канор рафт. Пеш аз тарки шаҳри Лондон, дипломати баландпояи тоҷик аз фурудгоҳ ба суолҳои хабарнигори Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Қосимов, 8 соли фаъолияти худро ба унвони сафир чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Дар ин давра робитаи Тоҷикистон бо Бритониё то чӣ ҳад пешрафт кард?

Эркин Қосимов: Фаъолият дипломатии ман аз 16 декабри соли 1974 дар низоми дипломатии Тоҷикистони Шӯравӣ ва сипас, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол идома ёфта ва ҳамеша талош мекардам барои манфиати халқ кор кунам. Пас аз ифтитоҳи сафорат дар Лондон дар соли 2008 равобити ҷонибҳо густариш ёфт. Қаблан Бритониё дар Тоҷикистон сафорат дошт ва мо дар Лондон надоштем ва манофеи худро ҳимоя карда наметавонистем. Густариши равобит бо Бритониё дар навбати аввал ба манфиати Тоҷикистон буд. Мо ба ҷомеаи Бритониё Тоҷикистонро муаррифӣ кардем. Бахусус, муносибатҳои фарҳангӣ рушд карданд. Аз ҷумла, муносибат миёни осорхонаҳои Бритониё ва Тоҷикистон барқарор шуд. Бархе аз ашёи “Ганҷинаи Ому” аз осорхонаи Бритониё ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ирсол шуд. Ҳоло нусхаи 6 ашё дар осорхонаи миллӣ маҳфузанд. Ба навбати худ, Тоҷикистон 56 намуди ашёи ҳунармандони тоҷик, ба мисли либос, ороиши занона ва дегу табақро ба Музейи Бритониё ҳадя кард. Як корманди Осорхонаи милллии Тоҷикистон дар Музейи Бритониё коромӯзӣ кард. Байни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд ҳамкориҳо шурӯъ шуд. Ҳамчунин, дар Тоҷикистон дар мавриди донишгоҳҳои Бритониё ва шарту шароити таҳсил дар онҳо ташреҳ гардид.

Радиои Озодӣ: Чаро то ҳол дарёфти визаи Бритониё барои шаҳрвандони Тоҷикистон мушкил аст? Баъзе шаҳрвандон маҷбур мешаванд аз сафорати Бритониё дар Қазоқистон виза дарёфт кунанд?

Эркин Қосимов: Ин мушкили танҳо Тоҷикистон набуда, донишҷӯёни Узбакистону Қирғизистон ва Қазоқистон низ дар чунин вазъият қарор доранд. Ин сиёсати Бритониё дар масоили виза аст. Ин ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ин кишвар аст. Ҳоло муқаррароти виза сахттар мешавад. Аммо ҳоло донишҷӯёни тоҷик метавонанд визаи Бритониёро дар Душанбе гиранд. Моҳе як бор ҳайати консулгарииБритониё аз шаҳри Истанбул ба Душанбе омада, дар меҳмонхонаи “Ҳайат” асноди донишҷӯён ва изи ангушти онҳоро гирифта ба Истанбул мебаранд ва сипас шиносномаро бо визааш ба Душанбе мефиристанд. Мушкили рафтан ба Истанбул ё Алма-Ато аз миён рафт. Аммо талаботи гирифтани виза барои мо сангин аст. Ҳаққи виза баланд буда, бояд ҳуҷҷатҳои зиёд хонапурӣ шавад.

Радиои Озодӣ: Дар пайи наздиктару танготанг шудани муносиботи Тоҷикистон бо Русия муносиботаш бо Ғарб, аз ҷумла Бритониё дар муқоиса ба 10 соле пеш чандон наздик нест. Назари Шумо дар ин замина чи гуна аст? Дур шудан аз Ғарб чи паёмаде дорад?

Эркин Қосимов: Сиёсати давлат дар ҳоли тағйиру дигаргунӣ аст. Аммо ҳадафҳо муштарак аст. Ин муборизаи муштарак алайҳи ДИИШ аст. Бешак, Русия шарики стратегии Тоҷикистон буда, дар доираи СПАД ва созмонҳои дигар Тоҷикистон бо Русия алайҳи терроризму ифротгароӣ мубориза мебарад. Сабаби наздикии Тоҷикистон бо Русия ҳамин аст. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон бисёрсамта аст.

Радиои Озодӣ: Чунин тасаввуре вуҷуд дорад, ки созмону гурӯҳҳои террористу ифротиро дар Афғонистон Ғарбу Амрико омода кардаанд. Шояд ин мавзӯъ дар Бритониё бо Шумо матраҳ шудааст?

Эркин Қосимов: Бале ин мавзӯъ бо намояндагони вазорати хориҷӣ ва парлумони Бритониё матраҳ мешавад. Ҳадафи мо як аст: мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм. Ин таҳдид барои ҳамаи ҷомеаи башарӣ аст. Аммо ҳеҷ ҳарфи баде дар мавриди Тоҷикистон нагуфтаанд. Онҳо тарафдори сулҳу субот дар Тоҷикистон ва амнияти сарҳадҳо мо ҳастанд. Аз вазъи ноороми Афғонистон дар ташвишанд.

Радиои Озодӣ: Мудофеони ҳуқуқи башари байналмилалӣ мегӯянд, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи мубориза бо терроризм бо исломи муътадил мубориза мебаранд. Ба шумо дар Британия чунин нигарониҳо изҳор нашуд?

Эркин Қосимов: Сафорати мо бо Ҳуман Райтс Вотч ҳеч робитае надорад. Ин ташкилоти ҷамъиятӣ буда, метавонанд назари худро дошта бошанд. Ҳар кишвар таҳдидҳо ба амнияти худро ба таври худ ҳал мекунад. Ин сиёсати дохилии ҳар кишвар аст. Мо аз дохил вазъи кишвари худро хуб медонем.

Радиои Озодӣ: Курсии Шуморо дар сафорати Тоҷикистон дар Лондон кӣ мегирад?

Эркин Қосимов: Ҳоло маълум нест.

Радиои Озодӣ: Ҳоло масъулияти сафорат ба ӯҳдаи кист?

Эркин Қосимов: Аслиддин Раҳматов, дипломати аршади сафорат. То таъини сафири нав ӯ масъули сафорат хоҳад буд.

Радиои Озодӣ: Нақшаҳои Шумо пас аз бозгашт ба Тоҷикистон чигуна аст?

Эркин Қосимов: Баъди бозгашт ба Тоҷикистон рӯшан хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG