Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б.Раҷабалиев: "Барои омодагиҳои олимпӣ $1 млн зарур аст"


Рӯзи 24 июн дар Душанбе ҷаласаи ситоди корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро баргузор шуд.

Дар ҷаласаи ситоди корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки рӯзи 24 июн дар Душанбе таҳти раёсати Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, барпо гардид, зикр шуд, дар айни ҳол таваҷҷӯҳи ташкилотҳои варзишии кишвар бештар ба намудҳои афзалиятноки варзиш – бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо ВТФ ва варзиши сабук - равона шудааст.

Ҳоло 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ мушарраф шудаанд, барои омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2016 мубориза мебаранд. Гурзандоз Дилшод Назаров дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро гардидааст.

Дар ин ҷаласа Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зикр намуд, ки барои татбиқи “Барномаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро” ҳудуди як миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Ин маблағ аз ҳисоби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ ва сарпарастон ихтисос дода мешавад.

Ба иттилои ҷаноби Раҷабалиев, дар рӯзҳои сафари президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ ба Тоҷикистон (15-16 июни соли равон) дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпӣ Маркази ташхиси тиббии варзишгарон таҳти раҳбарии мутахассиси кореягӣ Санг Унг Ли аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кор шурӯъ кард, ки аъзои мунтахаби кишвар аз ин марказ барои ташхису табобат ба таври ройгон истифода мебаранд.

Дар ҷаласаи мазкур, инчунин Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои кишвар дар бораи омодагии варзишгарони худ ба Олимпиадаи соли 2016 иттилоъ доданд.

Ширкати испании Joma, ки дар ҷаҳон бо истеҳсоли либосу пойафзоли варзишӣ маъруф аст, инчунин ширкати нави тоҷикии iamdifferent ба аъзои ситод тарҳи либосҳои миллии варзишии мунтахаби Тоҷикистонро пешниҳод карданд. Ширкати iamdifferent, ки ғолиби озмун дониста шуд, дар ҷаласаи навбатӣ ба аъзои ситод намунаҳои либосҳои дӯхтаи миллии варзиширо намоиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG