Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Розенблум: "Ҳамкории Амрико бо Тоҷикистон ба зарари Русия нест"


Лаҳзае аз сӯҳбати Хуршеди Ҳамдам бо Даниэл Розенблум.

Лаҳзае аз сӯҳбати Хуршеди Ҳамдам бо Даниэл Розенблум.

Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигории Радиои Озодӣ бо Даниэл Розенблум, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Сафари чоррӯзаи Даниэл Розенблум, муовини ёвари Котиби давлатии Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Стивен Фелдштейн, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА дар масоили демократия, ҳуқуқи башар ва меҳнат дар Тоҷикистон идома дорад.

Ҳайат дидору гуфтугӯҳоеро бо мақомоти Тоҷикистон дар заминаи густариши ҳамкориҳо анҷом медиҳад. Радиои Озодӣ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Даниэл Розенблум, муовини ёвари Котиби давлатии Амрико нахуст аз ин пурсид, баргузории ройзаниҳои сиёсӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон то куҷо сатҳи ҳамкориҳои ду кишварро тақвият бахшидааст?

Даниэл Розенблум: "Ин сафари нахустини ман ба Тоҷикистон дар мақоми муовини ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ аст. Ҳарчанд дар гузашта ман ба Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози кӯмаки берунӣ сафар кардаам. Ҳадафи аслии ин ройзаниҳо густариши равобиту ҳамкориҳои ИМА бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон аст. Ҳамакнун дар ин сафар зимни дидору гуфтугӯҳое бо мақомоти вазорату идораҳо, бо вазъ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳои дуҷониба аз наздик ошноӣ пайдо хоҳем кард. Ҳарчанд ҳанӯз зуд аст арзёбиҳое кунам, аммо гуфта метавонам, ки дар ҷараёни дидору гуфтугӯҳо бисёр ҷанбаҳои мусбати ҳамкориҳоро мушоҳида кардам ва имкониятҳо низ фаровон аст."

Радиои Озодӣ: Яке аз мавзӯҳои ройзаниҳои сиёсӣ миёни мақомоти Амрико ва Тоҷикистон, баҳси ҳуқуқи башар ва демократикунони ҷомеа ва ҳамин тавр, таъмини амният дар Тоҷикистон аст. Вазъи ҳуқуқи башар ва рушди демократия дар Тоҷикистон дар кадом поя қарор дорад?

Даниэл Розенблум: "Густариш ва риояти ҳуқуқи башар ва рушди демократия, ҷузъи ҳамкориҳои муҳими мо бо ҳукумати Тоҷикистон ва ҳатто бо мардуми ин кишвар аст. Риояти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ буда ва дар ҳар дидору гуфтугӯи мақомоти ИМА ва Тоҷикистон ин мавзӯъ матраҳ мегардад. Аз ҷумла, дар мулоқоти солонаи дуҷонибаи Амрико ва Тоҷикистон дар моҳи июни соли гузашта ин нуқта таъкид шуда буд. Ҳамчунин мавзӯи риояти ҳуқуқи башар дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон дар гузоришҳои солонаи вазорати хориҷии ИМА низ зикр мешавад ва дар ин гузоришҳо нигарониҳо дар ин замина ва ҳаминтавр қочоқи инсон матраҳ шудааст. Ман бар ин назарам, ки се сабаби асосие вуҷуд дорад, ки ИМА нигарониашро дар робита ба мушкилоти ҳуқуқи башар ва демократия дар Тоҷикистон баён мекунад. Сабаби аввал ин аст, ки мо худро дӯст ва шарики Тоҷикистон медонем ва албатта, ки дар шарокат, мубодилаи афкор ва баён вуҷуд дорад. Дуввум, риояи ҳуқуқи башар ва рушди демократия қисми ҷудонопазири сиёсати мо ва қонунгузории мо мебошад. Сабаби сеюм, ки дар ин маврид камтар сӯҳбатҳо мешавад, ин аст, ки риояи ҳуқуқи башар ва рушди демократия ба таҳкими сулҳу субот ва таъмини амният барои мутадовим мусоидат мекунад. Чун мо мехоҳем дар ин минтақа ва дар тамоми ҷаҳон сулҳу субот пойдор бошад. Ҳар қадар, ки конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ дар умури ҳуқуқи башар риоя шаванд, ҳамон қадар ин омили мусоидат дар таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон мегардад."

Радиои Озодӣ: Дар масоили амниятӣ бо он, ки Амрико бо Тоҷикистон ҳамкориии густарда дорад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба вазъи ҷаҳон ва минтақа, мақомоти Тоҷикистон аз густариши фаъолияти созмонҳои терористӣ ва ифротӣ, назири “Давлати Исломӣ”, “Толибон” ва ғайра, ки дар шимоли Афғонистон фаъол мегарданд, ба шиддат нигаронанд. Аз назари шумо то куҷо ин нигарониҳо воқеӣ ҳастанд?

Даниэл Розенблум: "Албатта дар ин масъала нигаронӣ аз густариши фаъолияти гурӯҳҳои терористӣ ва ифротгаро бо Тоҷикистон ва дигар шарикони худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамфикрем. Ҳамкории мо дар масоили амниятӣ низ бештар дар заминаи муқобала алайҳи ин гуна таҳдиду хатарҳо ҳаст. Бо шарикони худ дар мавриди таъмини амният дар Афғонистон ва фаъолияти гурӯҳҳои терористӣ ва ифротгаро ҳамеша мубодилаи афкор мекунем ва вазъият дар минтақа арзёбӣ мешавад. Барои муборизаи беамон зидди терроризм ва ифротгароӣ, стратегияи ҳамаҷониба лозим аст. Ҳамчунин тавони кишварҳо дар ҷиҳати таъмини амният мустаҳкам ва марзҳо бояд таҳким гардад. Мо бояд сарчашмаҳои хатари терроризм, ба хусус таҳдиди гурӯҳи “Давлати исломӣ” -ро муайян карда ва пеши роҳи паҳн шудани онро бигирем."

Радиои Озодӣ: Ахиран муовини вазири дифои Русия ба Тоҷикистон сафареро анҷом дод, ки боз ҳам мавзӯи таъмини нуфузи Русия дар ин минтақа ва ҳатто баргашти дубораи марзбонони рус ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сари забони иддае аз таҳлилгарон қарор гирифт. Аммо ИМА барои таҳкими ҷойгоҳи худ дар Тоҷикистон ва минтақа чӣ иқдомотеро рӯи даст дорад?

Даниэл Розенблум: "Таъкид мекунам, ки сафари ман бо боздиди муовини вазири дифои Русия ҳеҷ иртиботе надорад ва дар ин замина ҳамоҳангие низ сурат нагирифтааст. Аммо ҳамкории мо бо Тоҷикистон бо дарназардошти манофеи мутақобили ҳам ин кишвар ва ҳам дигар кишварҳои минтақа ба ҳадафи рушду нумуъ ва таъмини сулҳу субот ва амният густаришу тақвият меёбад. Ин ҳамкориҳо ба хотири пешгирӣ аз истиқрори террористон дар Тоҷикистон ва амалҳои номатлуби онҳо аст. Аммо равобиту ҳамкории мо бо Тоҷикистон ба зарари ҳеҷ кишваре, аз ҷумла Русия нест. Ин ҳамкорӣ ба манфиати Тоҷикистон аст. Мо медонем, ки Тоҷикистон на танҳо бо Русия, балки бо дигар кишварҳо низ дар масоили амниятӣ ва дигар бахшҳо ҳамкорӣ дорад. Умед аст, ки ин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дар оянда низ идома пайдо мекунад. Тоҷикистон худ интихоб мекунад, ки бо кӣ ҳамкорӣ кунад. Аммо мо низ зарфиятҳо ва имкониятҳои хубе барои ҳамкорӣ ба манзури таъмини сулҳу субот ва амнияти Тоҷикистон ва ҳамин тавр, минтақаро дорем."

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Розенблум, суолеро дар иртибот ба таҳаввулоти Украина матраҳ мекунам. Ҳамакнун бо таваҷҷӯҳ ба анексияи Қрим аз сӯи Русия ва ҳамин тавр ҷанг дар шарқи Украина, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА зидди Маскав таҳримҳо ворид кардааст. Аммо ин таҳримҳо то куҷо ҷиддӣ ва таъсиррасонанд?

Даниэл Розенблум: Воқеан ин таҳримҳо идома дорад ва ҳадафи аслӣ он аст, ки Русия бояд аз амалҳои худ даст бардорад. Чунки аз назари мо ва шарикони мо дар Иттиҳоди Аврупо, иқдомоти Русия, нақзи мавозини байналмилалӣ аст. Қазияи Украина роҳи ҳалли низомӣ надорад ва танҳо аз роҳи сиёсӣ ва он ҳам иҷрои “протоколи Минск” аст. Вале мутаассифона, бандҳои “протоколи Минск” иҷро намешавад ва ба ин далел таҳримҳо ҳамчунон иқдома хоҳанд кард. Ҳарчанд ҳоло ин таҳримҳо таъсири худро расонидаанд, аммо душвор аст, маълум кардани он ки таъсире, ки ба иқтисоди Русия ворид карда шуд, натиҷаи ин таҳримҳо аст ё пойин рафтани қимати нафт. Мо боварӣ дорем, ки ин таҳримҳо ба хотири ҳимояти истиқлол ва ҷудоинопазирии Украина муҳим ҳастанд. Вагарна ин гуна амалҳо метавонад оқибатҳои дарозмуддатеро барои дигар кишварҳои ҷаҳон ба бор оварад. Ҳатто ин гуна иқдомот низоъҳои эҳтимолиро низ ба вуҷуд меорад.

Радиои Озодӣ: Аммо бо ин ҳама, ҷанг ҳамчунон дар шарқи Украина идома дорад. Сарнавишти ин кишвар чӣ хоҳад шуд ва сиёсатҳои геополиткӣ ва геостратегии ИМА дар ин минтақа чӣ мешавад?

Даниэл Розенблум: Ҳарчанд ман наметавонам дурнамои вазъ дар Украинаро пешгӯӣ кунам, аммо ин маълум аст, ки мардуми Украина ирода ва ҷасорат нишон дода ва тарафдори қонун ҳастанд. Иродаи таъин кардани сарнавишти худ тариқи интихоботро доранд. Ҳеҷ кишвари дигар, хоҳ, Амрико ё Русия, ё Аврупо наметавонад сарнавишти ин мардумро таъин кунад. Украиниҳо худашон сарнавишташонро муайян ва таъин хоҳанд кард. Ҳамкории мо бо Украина низ ин бозии геополитикӣ нест. Аммо ин ҳамкориҳо ба ҳадафи он аст, ки ба мардуми Украина кӯмак кунем, то онҳо сарнавишти худро мустақилона таъин кунанд ва ҳуқуқи башар риоят гардад.

Радиои Озодӣ: Ташаккур.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG