Пайвандҳои дастрасӣ

“ИМА ба муносибати Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дахолат намекунад”


Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон.

Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки кишвараш дар муносибати Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дахолат намекунад.

Радиои Озодӣ дар поёни соли 2014 сӯҳбати ихтисосиеро бо хонум Сюзан Эллиотт дар мавриди ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон, таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон ва ҳамин тавр омодагиҳо ба ҷашнгирии соли нави 2015 анҷом дод:

Озодӣ: Хонум сафир, нахуст фарорасии Соли нави милодии 2015 –ро барои шумо ва мардуми Амрико шодбош мегӯям. Бо наздик шудани поёни соли 2014, ин сол барои шумо чӣ гуна сол буд. Ба чӣ ноил шудед ва иҷрои кадом нақшаҳо даст надод?

Сюзан Эллиотт: Соли ҷорӣ сатҳи равобиту муносиботи миёни Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико ва Тоҷикистон самаранок буд. Яке аз дастовардҳои ҳамкориҳои судманди ИМА ва кишварҳои минтақа, ба хусус Тоҷикистон, ин ҳимояти молии лоиҳаи КАСА - 1000 аст. Чун Иёлоти Муттаҳида барои иҷрои ин тарҳ маблағи 15 миллион доллар ихтисос додааст ва умед аст, ки ин кӯмак на танҳо барои рушди иқтисодии Тоҷикистон, балки барои рушди иқтисодии дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мусоидат хоҳад кард. Аммо бояд бигӯям, ки нақши асосиро ин чор кишвар анҷом доданд ва ин нишонаи хуби ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа аст. Ҳамчунин дар соли ҷорӣ чанд лоиҳаи дигар аз сӯи ИМА дар Тоҷикистон маврид иҷро қарор гирифт, ки яке аз он лоиҳаи беҳтар кардани сатҳу сифат ва амнияти ғизоӣ барои кӯдакону занони тоҷик аст. Ин тарҳ дар ҳамкории USAID ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон амалӣ мешавад ва ҳадафи аслӣ аз ин иқдом беҳтар кардани дастрасии кӯдакону занон ба ғизои босифат аст ва ба ин тартиб аз байн бурдани мавориди сӯъи тағзия миёни ин табақа аст.

Ҳамкориҳои ИМА бо ҷониби Тоҷикистон дар заминаи амниятӣ ё тақвияти амнияти марзи ин кишвар бо Афғонистон, ба хусус ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар соли ҷорӣ густариши чашмрасе касб кард. Аммо дар соли равон барномаҳое буданд, ки мутаассифона ба иҷрои он ноил нашудем, аммо ба оянда ба умед нигоҳ мекунам ва итминон дорам, ки ҳатман ҷомаи амал хоҳанд пӯшид.

Озодӣ: Пас метавон гуфт, ки шумо аз сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Амрико қаноатманд ҳастед ва ҳеҷ гуна мушкилоте байни ду кишвар вуҷуд надорад?

Сюзан Эллиотт: Дар ҳоли ҳозир сатҳи муносибот ва равобту ҳамкориҳо миёни ИМА ва Тоҷикистонро дар сатҳи олӣ арзёбӣ мекунам. Аммо ҳамзамон умедворӣ тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф миёни ҳар ду кишвар ҳастам. Дар муносиботи ИМА ва Тоҷикистон ягон мушкилотро намебинам. Фақат орзуи қавитар шудани ин муносиботро дорам.

Озодӣ: Аммо дар масоили равобиту ҳамкориҳои омӯзишӣ мехоҳам як суолро матраҳ кунам. Чун баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз он гила доранд, ки Амрико ба ҷавонони кишварҳои дигари минтақа барои таҳсил дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имкони бештар фароҳам оварда, барои точикистониҳо ин имкон маҳдудтар аст. Шумо ба ин иддаоҳо мувофиқед?

Сюзан Эллиотт: Ман ба ин назарам, ки барои ҷавонони тоҷик имкониятҳои зиёде барои таҳсил дар Амрико вуҷуд дорад. Ду барномаи мо дар бахши омӯзишӣ ва таҳсил, ин Фуулбред ва Флекс комёбтарин ба ҳисоб мераванд. Ин барномаҳо табодули хонандагон ва донишҷӯён ва ҳамчунин табодули пешвоёни ҷавонро фаро мегирад, ки дар чорчӯби ин барномаҳо иддае аз ҷавонони тоҷикро ҳар сол ба ИМА мефиристем ва маблағгузорӣ мекунем. Иҷрои барномаи Флекс аз соли соли 1992 шурӯъ шуда ва дар муддати чанд соли ахир тавонистем ҳаҷми онро зиёд кунем, чун самарнокии ин барнома захираҳои иловагиро дархост намудем. Ин аст, ки дар чорчӯби ин барнома теъдоди иштирокчиён ҳудуди ду баробар, яъне аз 22 то ба 40 иштирокчӣ афзоиш ёфт. Ин барнома барои хонандагони синфҳои болоӣ дар мактабҳои миёна амалӣ мешавад. Қабл аз сафир шуданам дар Тоҷикистон, ман ба ҳайси профессор дар яке аз донишгоҳҳои Амрико фаъолият мекардам. Хуб медонам, ки ҳамаи донишгоҳҳои Амрико хоҳиши онро доранд, ки дониҷӯёни байналмилалӣ дар ин донишгоҳҳояшон зиёд бошанд. Албатта барои таҳсил дар Амрико донистани забони англисӣ зарур аст. Ба ин далел яке аз талошҳои мо низ он аст, ки барномаҳои омӯзиши забони ангилисиро бештар ба роҳ мондаем, то ҷавонони тоҷик тавонанд бо забони аглисӣ беҳтар хонанд, сӯҳбат кунанд ва нависанд. Дар ин самт яке аз барномаҳое, ки мояи ифтихор аст, ин барномаи хурди таҳсилӣ аст, ки имкониятҳои мусоидеро барои омӯзиш ва таҳсили хонанадагони мактабҳои Тоҷикистон фароҳам мекунад. Зеро хонандагон бо фарогирӣ дар ин барнома имкони ширкат барномаҳои табодулӣ барои таҳсил дар Амрикоро ба даст меоранд. Ҳамчунин дар доираи гӯшаҳои амрикоӣ, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ташкил шудаанд, барои хонандагони мактабҳо ва ҷавонони тоҷик шароит фароҳам овардаем, ки битавонанд барои ширкат дар барномаҳо, ба монанди Тойфел омодагӣ бинанд ва аз сӯи дигар ин марказҳо ҷиҳати ҳуҷҷатнигорӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои Амрико ҷавонони тоҷикро раҳнамоӣ мекунад. Албатта ман мехоҳам, то шумораи ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар Амрико бештар шаванд ва ҳар кӯмаку мусоидате аз ҷониби сафорати ИМА лозим бошад, анҷом медиҳем.

Озодӣ: Аммо дар мавриди теъдоди ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар Амрико. Ин шумора дар муқоиса ба дигар ҷавонони кишварҳои минтақа чӣ гуна аст?

Сюзан Эллиотт: Ҳоло шумораи аниқро намедонам ва муқоиса карда ҳам наметавонам. Чун ҳамин ҳоло ин оморро дар даст надорам. Аммо муҳим он аст, ки ҷавонони тоҷик имкониятҳои хубе барои ширкат дар барномаҳои омӯзишӣ ва таҳсилӣ дар Амрикоро доранд. Ҳамон гуна, ки гуфтам, дар чорчӯби барномаи Флекс ҷои бештаре барои Тоҷикистон ҷудо шуда аст. Дигар барномаҳо низ ҳастанд, ки ҷавонони тоҷик метавонанд дилпур бошанд, ки шароиту имкониятҳои фаровоне барои таҳсил дар Амрикоро доранд.

Озодӣ: Агар иҷоза бидиҳед, ба суолҳои ҷиддитар бигзарем. Чун ҳоло Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар пасманзари рӯйдодҳои Украина ва дучори ихтилоф шудани равобити Русия бо Ғарб, дар пешорӯи таҳаввулот ва ҳам тағйироти хеле ҷиддӣ қарор доранд. Ба назари шумо бо ин ҳол имкон дорад, ки “Бозии Бузург”, ки солҳо боз матбуоти ғарбӣ ва минтақавӣ онро ҳамчун макони сабқат қарор додани қудратҳои бузург маънидод кардаанд, шиддат ёбад?

Сюзан Эллиотт: Дар фикри мо ягон “Бозии бузург” вуҷуд надорад, балки ИМА Тоҷикистонро ташвиқ мекунад, то муносибати худро бо дигар кишварҳо рушд диҳад, хоҳ Русия бошад ё хоҳ кишварҳои ҳамсояи он. Албата Тоҷикистон барои ИМА мисоли хуби ҳамкорӣ аст ва ин аст, ки Тоҷикистон бо ИМА муносибати хуб дорад. Ҳамин тавр Тоҷикистон бо Русия низ муносибати хуб дорад ва бояд ки чунин ҳолат миёни кишварҳо вуҷуд дошта бошад. Ман ба ин назарам, ки Тоҷикистон набояд дар муносибот кишвари хосеро интихоб кунад, балки бо ҳама, аз ҷумла кишварҳои ҳамсояи худ ва ҳамин тавр бо кишварҳои Аврупо, Чин, Рувсия ва дигар кишварҳо равобиту муносиботашро густариш ва тақвият бахшад.

Озодӣ: Аммо хонуми сафир, бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон, Русия талош мекунад, то кишварҳои собиқ Шӯравиро бештар таҳти назорат бигирад? Амрико барои ҳимояи манофеи худ дар минтақа, ба хусус Тоҷикистон чӣ барномае дорад?

Сюзан Эллиотт: Ҳамонгуна, ки гуфтам, мо бо Тоҷикистон муносибати хуб дорем ва ҳадафи мо рушди ҳамкориҳо дар ҳама бахшҳо аст. ИМА дар муносибати Тоҷикистон бо дигар давлатҳо дахолат намекунам. Тоҷикистон бояд равобити худро дар бахши иқтисоду тиҷорат бо дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя ва Русия рушд диҳад.

Озодӣ: Бо фаъол шудани гурӯҳи “Давлати Исломӣ” мақомоти Тоҷикистон ва раиси ҷумҳур аз афзоиши хатар аз ҷониби ин гурӯҳ ба шиддат изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз назари шумо, воқеан мояи нигаронӣ вуҷуд дорад?

Сюзан Эллиотт: ИМА ифротгароӣ, аз ҷумла ифротгароии диниро маҳкум мекунад. Ҳамонгуна, ки медонед, Амрико бо Тоҷикистон ҳамкории хубе дар мубориза алайҳи терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб дорад ва кӯмакҳоеро дар ҷиҳати таъмини амният анҷом медиҳад. Яке аз роҳҳои мубориза зидди ҳар намуд ифротгароӣ он аст, ки ба одамон имконият дода шавад, то аз ҳуқуқу озодиҳои худ бархӯрдор бошанд. Чун инсонҳо ҳуқуқу озодӣ ва кори муносиб дошта бошанд, ба ифротгароӣ ва тундгароӣ даст намезананд. Ба ин далел беҳтар мебуд, то шароиту имконият барои рушди озодиҳои инсонӣ бештар фароҳам гардад, то битавонем аз ҳар гуна амали номатлуб барои ҷомеа пешгирӣ шавад. Агар одамон имконияти бештар ба таълимоту таҳсил, хадамоти беҳдоштӣ ва иқтисодиёт, дошта бошанд, дар он сурат онҳо аз ифротгароӣ ва терроризм дурӣ хоҳанд ҷӯст.

Озодӣ: Чун гуфтем, дар остонаи Соли нави милодии 2015 қарор дорем. Шумо Милоди Масеҳро дар куҷо таҷлил мекунед ва чигуна?

Сюзан Эллиотт: Ман ба таърихи 25 декабр, ки рӯзи мавлуди Исои Масеҳ аст, дар Душанбе хоҳам буд. Аммо барои ҷашн гирифтани Соли нав, ман ба Амрико меравам. Зеро шавҳару ҳар ду писарам дар Амрико ҳастанд ва ҳатман ҳамроҳи онҳо Соли навро таҷлил хоҳам кард.

Радиои Озодӣ: Шояд шунида бошед, ки баъзе гурӯҳҳои муҳофизакор мегӯянд, кишварҳое, мисли Тоҷикистон, бояд ин идро таҷлил накунанд. Ба назари шумо ин гуна даъватҳо муваққатиянд ва ё дар оянда шиддат мегиранд?

Сюзан Эллиотт: Ман ба ин назарам, ки ба ҳар шахс ҳаққу иҷоза дода шавад, то ҷашни Соли навро таҷлил кунад. Агар мо ба озодии динӣ нигоҳ кунем, бояд ба одамон ин иҷоза дода шавад, ки онҳо ҳар иде, аст, аз ҷумла иди диниро ҷашн бигиранд. Дар Тоҷикистон миллиятҳои мухталиф ба сар мебаранд. Худи ман масеҳӣ ҳастам, аммо дар Тоҷикистон Наврӯз ва дигар идҳоро таҷлил кардам ва дар ҳар куҷое, ки бошам, кӯшиш мекунам, ки фарҳангу маданияти он кишварро дарк кунам. Ман хонаи худро барои таҷлили Соли нави милодӣ ба он шакле, ки дар Амрико омодагӣ мегирад, оро додам, то дигарон бубинанд, ки мо ин ҷашнро чӣ гуна таҷлил мекунем. Барои мисол, ин арчае, ки дар манзили ман мебинед, тимсоли динӣ нест, балки он бо он ороишоте, ки ман дар он кишварҳо будам, зиннат дода шудааст ва ҳатто бубинед, ки тупиҳои тоҷикиро низ дар шохаҳояш овезон кардам. Мардумон дар Амрико ва дар тамоми дунё дар остонаи Соли нав таманнои сулҳу оромӣ ва осоиштагии бани башарро мекунанд. Ман низ ба он умед мекунам, ки одамон дунболи он набошанд, ки кӣ кадом идро таҷлил мекунад, балки талош кунанд то миёни онҳо якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад.

Озодӣ: Хуб дар поёни сӯҳбат таманиёти солинавии Шумо ба мардуми Тоҷикистон?

Сюзан Эллиотт: Барои Тоҷикистон ва мардуми он дар Соли нави милодӣ, сулҳу осоиштагиро хоҳонам. Умедворам густаришу тақвияти ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон барои рушди иқтисодиву тиҷоратӣ мусоидат хоҳад кард ва барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми ин кишвар муассире хоҳад буд. Аз рӯзҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон ин кишвар дӯсту шарики Амрико буд. Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм дар Афғонистон, талошҳои Амрикоро дастгирӣ кард. Ман интизор дорам, ки равобиту ҳамкориҳои қавии ИМА бо Тоҷикистон боз ҳам идома хоҳад кард. Маъмурияти ман ҳамчун сафири ИМА дар Тоҷикистон дар охири соли 2015 ба поён мерасад ва ман аз мардуми тоҷик сипосгузорам, ки ба хушӣ ва хубӣ истиқбол карданд ва маҳз бо муҳаббати онҳо худро ҷузъи ин мардум эҳсос кардам. Он чӣ дар ҳофизаи ман мемонад, ширкати ман дар тӯю маросимҳои тоҷикӣ аст ва ҳатто маро рақси тоҷикӣ омӯзонданд. Хеле минатдорам аз мардуми меҳмондӯсту меҳмоннавози тоҷик. Албатта аз рафтанам хеле мутаассиф мешавам. Аммо маъмурияти ояндаи ман дар ҳар куҷое, ки набошад, талошҳои худро барои кӯмаку дастгирии Тоҷикистон дареғ нахоҳам дошт.

Озодӣ: Хонум сафир фикр мекунам, на танҳо рақси тоҷикӣ, балки пӯшидани либосҳои милии тоҷикӣ, аз ҷумла атлас барои шумо низ хуб мезебад, оре?

Эллиотт: Албатта куртаи атласт бароям писанд аст. Ҳоло дар танам либосе дорам, ки чирадастони Хуҷанд омода кардаанд. Ин ҳама ҳаловат мебахшад. Ният дорам, ки муҳаббати худро нисбати Тоҷикистон барои ҳама дӯстони худ дар Амрико қисса кунам.

Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбат ва Соли нав муборак бошад!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG