Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик, ки ба баргузории барномаи нави ҳунарии “Оина, оина” омодагӣ мебинад, гуфт, ин барнома бо ширкати ҳунармандони маъруфи кишвар барпо мешавад.

Барномаи ҳунарии нави Убайдлло Раҷабови 75-сола рӯзи 2 июн дар расми кушоиши “Амфитеатр”-и Душанбе бо иштироки ситораҳои ҳунари тоҷик баргузор мешавад. Ин барнома ба 55-солагии собиқаи ҳунарии Раҷабов ва 25-солагии таъсиси театри “Оина” ихтисос ёфтааст. Имрӯзҳо раҳбари театри “Оина” ҳамроҳ бо ҳайати ҳунармандонаш ба баргузории ин барнома омодагӣ мебинад ва розӣ шуд ба чанд саволи радиои Озодӣ посух диҳад.

Радиои Озодӣ: Омодагиҳо ба барномаи нави ҳунарӣ чӣ тавр аст?

Убайдулло Раҷабов: Хуб аст. Рӯзи 2 июн ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ гуфтаанд, ки мехоҳанд бо ман дар “Амфитеатр” як барнома гузаронанд. Дар миёни иштирокдорҳо Зикри Оллоҳ, Садриддин, Шабнам меоянд. Тахминан 10-12 нафар мешаванд. Худам ҳам баъзе монологҳои наву кӯҳнаро мехонам. Намоиши театрии “Оина” ҳам мешавад.

Радиои Озодӣ: Аз намоишномаҳои пуртарафдори гузаштаатон ҳам чизеро интихоб кардаед?

Убайдулло Раҷабов: Бале, ҳамон саҳнаи “Телефон”-ро мехоҳам намоиш диҳам, ки дар бораи ба слети говҷӯшҳо ба шаҳр омадани занҳо қисса мекунад. Муаллифи ин саҳнача худам ҳастам. Ин ҳам аз ҳамон сюжетҳоест, ки аз зиндагӣ гирифта шудааст.

Радиои Озодӣ: То куҷо барои шумо хандидан аз болои мушкилоти имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон душвор аст?

Убайдулло Раҷабов: Дар гузашта ҳам мушкил буд, ҳоло ҳам осон нест. Мушкил ин аст, ки барои мо нависандагон наменависанд. Мо худамон мекобему пайдо мекунем.

Радиои Озодӣ: Охирҳои солҳои 1980-ум шумо як барномаи пуртарафдори худро бо номи “Убайдулло Раҷабов ба шабнишинӣ даъват мекунад” муаррифӣ кардед, ҳоло ҳам он тавассути Ютюб дастрас ва як аз барномаҳои муваффақи шумо ба ҳисоб меравад. Фикр намекунед, ки он замон кори эҷодкор озодтар буд?

Убайдулло Раҷабов: Ҳозир ҳам ҳеҷ кас пеши роҳи моро нагирифтааст. Ман монологи нав доштам ва хеле сахт буд. Омаданд, вале чизе нагуфтанд. Зермаънояш сиёсӣ буд. Дар мавзӯи ҳисси ватанхоҳӣ ва ватанпарварӣ буд. Баъзе ҷавонҳоро ҳисси хиёнат фаро гирифтааст. Масъала дар сари тарбия аст. Озодии аз ҳад зиёд ҳам зарар дорад.

Радиои Озодӣ: Чӣ зарар дошта метавонад озодии аз ҳад зиёд?

Убайдулло Раҷабов: Шумо бубинед, ки дар Фаронса чӣ мегузарад? Мебинед, дар майдонҳо чӣ мегузарад? Озодӣ ба маънои дару деворро шикастан нест. Нохушиҳое, ки дар он ҷо ҳаст, худо накарда ба сари мардуми мо биёяд. Ман ҳунарманд ва як шахси озодфикр ҳастам. Гумон мекунам, ки барои ҷавонҳои мо, ки мехоҳад соҳиби илму фарҳанг бошанд, беҳтарин давра фаро расидааст.

Радиои Озодӣ: Маҳдудияти озодиро ҳоло бештар матбуот, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ё ҳизбҳои сиёсӣ мегӯянд, ки эҳсос мекунанд. Фикр намекунед, ки ин маҳдудият метавонад барои ояндаи Тоҷикистон зарар дошта бошад?

Убайдулло Раҷабов: Ҳизбҳои сиёсӣ манфиатҳои сиёсӣ доранд. Кадом рӯзномаро бастанд? Наздам журналистони “Оила” ва “Тоҷикистон” омаданд, ман озодона фикрамро гуфтам. Ман, масалан, ҳеҷ маҳдудият намебинам. Ҳама рӯзномаҳоро мехонам. Фикр мекунам, ҳар кас чизе мехоҳад, мегӯяд.

Радиои Озодӣ: Дар миёни журналистон чунин андешае вуҷуд дорад, ки дар пӯшиши баъзе масъалаҳо табуи нонавишта вуҷуд дорад. Ин мавзӯъҳо марбут ба хонаводаи президент ё кори шаҳрдорӣ, масъалаҳои коррупсияи афроди баландпоя аст. Оё дар ҳаҷву ҳунар ҳам маҳдудиятҳои нонавишта вуҷуд дорад?

Убайдулло Раҷабов: Он чизе, ки ман дар яке аз консертҳои охирини худ гуфтам, роҷеъ ба коррупсия буд. Овоза мешвад, ки аз рӯи тақвими Мая гӯё охири дунё мешавад. Марде хона меояд, ки занаш барои худу ҳамсараш кафанворӣ омода мекунад. Мегӯяд, “бачаҳо куҷоянд?”. Бачаҳо дар кӯча будаанд. Баҳси тарбияи фарзанд мехезад. Баъд як ҳамсояи тақводоре пайдо мешавад, ки дар даст халтае меравад. Аз ӯ мепурсанд, ки дар дохили халта чӣ дорад. Маълум мешавад, ки пул. Баъд мегӯяд, ки “ҳа, фаҳмидам, ин пулро ба қабристон барои пора мебаред”. Вай мегӯяд, “заҳмат накашед, пурсандаҳои он ҷо мисли муфаттишони мо нест”. Ин молонологи калон аст ва ин ҷо тахминан 7-8 намояндаи сохтори давлатӣ иштирок мекунанд. Вақте диданд, ман ҳам фикрамро гуфтанд, ба ман гуфтанд, ҳеҷ гап нест, гӯед фикратонро. Ман манзури шуморо бисёр нағз мефаҳмам ва мегӯям, ки ҳеҷ маҳдудияте эҳсос накардаам. Ба наздикӣ, рӯзи Наврӯз мо бо президенти мамлакат сӯҳбат доштем. Ин сӯҳбат бисёр озод буд. Маро борҳо таъкид карданд, ки “баромад кунед, гӯед фикратонро.

Радиои Озодӣ: Яъне президенти Тоҷикистон омода ҳастанд, ки ҳама гуна танқидро дар бораи вазъи кишвар бипазиранд?

Убайдулло Раҷабов: Бале, он кас кушоду равшан гуфтанд, ки “марҳамат, фикратонро гӯед. Барои чӣ кам баромад мекунед?” Ман ҳам бо ҷону дил қабул кардам ва ин барнома мувофиқи супориши ҳамон кас буд. Дар консертҳои охири мо ҳатто махсус намояндагони сохторҳои давлатиро даъват карданд.

Радиои Озодӣ: Чунин андешае вуҷуд дорад, ки ҳаҷв дар Тоҷикистон хеле ба сатҳи поин фаромадааст?

Убайдулло Раҷабов: Бале, ман инро дар як сӯҳбати охирини худ ҳам дар телевизиони “Пойтахт” гуфта будам. Ҳаҷвнигор он нест, ки ду калимаро аз ёд мегӯяду мардумро механдонад. Дар мо масхарабоз бисёр шудааст, на ҳаҷвнигор. Фарқи онҳо аз замин то осмон аст. Яъне зермаъно гум шудааст, ҳаҷв онест, ки бо зермаънояш табобаткунанда бошад, на кушанда, на нобудкунанда.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон имрӯз нафароне ҳастанд, ки ба қавли шумо, масхарабоз неву ҳаҷвнигор бошанд?

Убайдулло Раҷабов: Аловуддин Абдуллоевро метавонам номбар кунам. У ҳаҷвнигор аст. Баъзе гурӯҳҳое ҳастанд, ки барои хандондан меоянд, ман онҳоро қабул надорам. Ман инро рӯирост ҳам гуфтаам. Артист бояд буд, артистӣ ин касб аст, мафҳуми васеъ дорад. Вай касби худро мешиносад, ҷомеаро медонад, сиёсатро медонад. Масхарабоз танҳо барои хандондан меояд.

Радиои Озодӣ: Вақте ба шумо муроҷиат мекунанд, барои дигарҳо ҳам саҳначаҳои ҳаҷвӣ менависед?

Убайдулло Раҷабов: Ман барои худам менависам. Дарде дорам ва ҳамин дардамро менависам. Ман медонам, ки зери ин мафҳум чиро пинҳон кардам ва чиро бояд гӯям. Агар бачаҳое, ки инро иҷро карданду нафаҳмиданд, ман азоб мекашам, чунки ман инро дар назар надоштам. Ҳамон мақоле, ки мегӯяд, “ҳар сухан 366 паҳлӯ дорад”, ман ҳамонро риоя мекунам.

Сӯҳбати хабарнигори радиои Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ бо Убайдулло Раҷабов аз соли 2015

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG