Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир: "Туркия аз ДИИШ нафт мехарид? Хандаовар аст". ВИДЕО


Рифат Алӣ Кёксал, сафири Туркия дар Тоҷикистон.
Рифат Алӣ Кёксал, сафири Туркия дар Тоҷикистон.

Рифат Алӣ Кёксал, сафири Туркия дар Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо “Радиои Озодӣ” дар мавриди ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар заминаи сармоягузорӣ, маориф ва мактабҳои Фатҳулло Гюлен дар Тоҷикистон гуфт.

Радиои Озодӣ: Баъди барҳам хӯрдани Иттоҳодияи шӯравӣ, Туркия бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ робитаи дипломатӣ барқарор кард ва ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монд. Туркия чӣ гуна манфиат аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба даст овардааст?

Рифат Алӣ Кёксал: Дар ибтидо эҳтиром ва дуруди самимонаи худро ба мардуми Тоҷикистон мерасонам. Аз фаъолият дар кишваре, ки мардумонашон хуб табиати зебо дорад, ифтихор дорам. Воқеан мардуми Шумо вақте, ки турк будани маро мефаҳманд, дар чашмони онҳо як нури меҳрубониро мебинам.

Сафири Туркия мегӯяд, ки Душанбеву Анқара ба равобити бахши амният таваҷҷуҳи вижа зоҳир менамояд ва дар айни замон миёни мақомотҳои амнияти ду кишвар ҳамкории зич вуҷуд дорад.

Туркия яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намудааст. Солҳои 1992-1997 фаъолияти мунтазами Сафорати Туркия дар рафти муноқишаҳои дохилӣ нишонаи он буд, ки Туркия ба Тоҷикистон аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Халқи Тоҷикистон рӯзҳои сахтро паси сар кард. Худованд бори дигар он рӯзҳоро нишон надиҳад.

Равобити ду кишвар аз ҳама гуна манфиат болотар меистад. Мардумони мо дорои фарҳанги муштарак, ба монанди мероси шахсиятҳои барҷаста Ҷалолиддини Румӣ мебошанд. Муносибатҳои фарҳангиву таърихии миёни мардумонамон заминаи устувор барои робитаҳои ду кишвар ташкил менамояд. Аз нуқтаи назари равобити тиҷоратӣ, Тоҷикистон содиротро аз ҳама зиёд ба Туркия амалӣ менамояд. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ кишвари муҳим маҳсуб меёбад ва таваҷҷуҳи хоса дорад. Барои аҳамияти Тоҷикистонро фаҳмидан, як маротиба ба харита назар кардан кифоя аст.

200 млн $ доллар сармояи Туркия дар Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Яке аз унсурҳои муҳими ҳамкории Туркия бо Тоҷикистон сармоягузории ин кишвар дар соҳаи иқтисод аст. Дар солҳои гузашта андозаи сармоягузории Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Рифат Алӣ Кёксал: Аз рӯи оморҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармояи мустақими ширкатҳои туркӣ ба Тоҷикистон танҳо дар солҳои 2009-2016 наздикии 200 миллион доллари Амрикоиро ташкил медиҳад. (Дар давраи мазкур Туркия аз ҷиҳати сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ҷои панҷумро ишғол мекард).

Рифат Алӣ Кёксал дар бораи ҳамкориҳои Туркияву Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:19 0:00

Сафир: "Туркия худ аз ДИИШ осеб дидааст"

Радиои Озодӣ: Тавре шумо медонед, баъди пайдо шудани гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” садҳо нафар аз Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон ба Сурия сафар карданд ва ҳамаи ин сафарҳо тавассути Туркия сурат гирифт. Ин вазъият ақидаеро ба миён овард, ки Туркия ба ин сафарҳо манфиатдор аст ва ҳатто гуфта шуд, ки Туркия аз ДИИШ нафт харидорӣ мекунад. Шумо ба ин чӣ мегӯед?

Рифат Алӣ Кёксал: Туркия аз ин гуна сафарҳо чӣ тавр манфиат гирифта метавонад? нафаҳмидам. То ба имрӯз кишваре, ки муборизаи ҷиддиро бар муқобили ДИИШ мебарад, Туркия мебошад. Бинобар ҳамин, Туркия яке аз ҳадафҳои асосии созмони терористии ДИИШ қарор гирифтааст, ки Туркия аз он осеби зиёде дидааст. Як замон иддаое ба миён омад, ки гуё Туркия аз ДИИШ нафт харидорӣ менамояд. Хандаовар аст.

Чаро Туркия тундравони тоҷикро истирдод намекунад?

Радиои Озодӣ: Чанде пеш вазири умури дохилии Тоҷикистон бо ишора ба ҳузури шаҳрвандони кишвар дар Туркия ва нияти онҳо барои сафар ба Сурияву Ироқ гуфт, ки Туркия ба 20 муроҷиати онҳо дар робита ба ҳузури тундравони тоҷик дар Туркия посух надодаст. Ба назари шумо чаро дархости Тоҷикистон беҷавоб мемонад?

Рифат Алӣ Кёксал: Қабл аз ҳама онро баён карданӣ ҳастам, ки ҳарду ҷониб ба равобити соҳаи амният диққати махсус зоҳир менамояд ва дар айни замон миёни мақомотҳои амнияти ду кишвар ҳамкории зич вуҷуд дорад. Аз ин рӯ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ному насаби онҳо чун гумонбаршудаи терроризм аз ҷониби мақомотҳои кишвари Шумо то ворид гардидан ба Туркия ирсол мегарданд, вориди ин шаҳрвандон ба Туркия манъ карда мешавад, ҳамчунин дар ҳолатҳои муқарраргардида ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд. Аз ин рӯ, дархостҳои мақомоти Тоҷикистон нисбати дигар шаҳрвандоне, ки қаблан ба Туркия сафар намудаанд, бидуни истисно бо як диққати махсус баррасӣ мегарданд. Албатта, дар ҷараёни корҳои номбурда мақомотҳои дахлдори кишварамон мувофиқи муқаррароти қонунгузории дохилӣ ва байналмилалӣ, амал менамоянд. Нисбати моҳияти 20 муроҷиати мақомоти Тоҷикистон ва раванди ҳуқуқӣ алайҳи ин шахсон дар кишвари мо маълумоти мушаххасе надорам.

"Сипос аз Тоҷикистон, ки мактабҳои Гюленро баст"

Радиои Озодӣ: Туркия Фатҳуллоҳ Гюленро дар табаддулоти нокоми 15-уми июл гунаҳкор медонад. Ба думболи ин мактабҳои Гюлен дар кишварҳои ҳамсоя баста шуданд. Тоҷикистон низ ин мактабҳоро ба мактабҳои тоҷикӣ табдил дод. Тоҷикистон ин тасмимро ихтиёран гирифт ё Анқара аз мақомот инро дархост карданд?

Ҳолномаи сафири Туркия дар Тоҷикистон

Алӣ Рифат Кёксал, сафири Туркия дар Тоҷикистон соли 1955 дар шаҳри Ордуи Туркия ба дунё омада, соли 1984 факултаи иқтисодиёт ва фанҳои идоравии Донишгоҳи техникии Шарқи Наздикро хатм кардааст. Ӯ фаъолияти дипломатиашро ба ҳайси кордор дар сафоратҳои Туркия дар Бухарест ва Руминия шурӯъ карда, аз соли 1989 то 1992 ба ҳайси консул дар шаҳри Нюрнберги Олмон ифои вазифа кардааст. Аз соли 1993 то 1994 котиби якуми сафорати Туркия дар Италия ва баъдан ба муддати як сол ин вазифаро дар раёсат оид ба НАТО-и вазорати умури хориҷии Туркия анҷом додааст. Аз соли 1994 то 1999 котиби якуми сафорати Туркия дар Амрико кор будааст. Баъдан дар мақоми сардори раёсати корҳои идоравӣ ва молиявии вазорати умури хориҷии Туркия, мушовири якуми сафири Туркия дар Испания, консули генералии Туркия дар Майнсти Олмон, сардори раёсати алоқа ва бойгонии вазорати умури хориҷии Туркия кор кардааст. Ҷаноби Кёксал то соли 2016 дар симати сафир дар Нигерия ифои вазифа намудааст. 22 ноябри соли 2016 ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътимодномаи сафирӣ супурд.

Рифат Алӣ Кёксал: Дар ибтидо ба ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос менамоям, ки дар мавриди мубориза бар зидди созмони террористии ФЕТО ҳамкории босамар намоиш дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба расидани дархости мо тасмим гирифт, ки нисбати мактабҳои вобаста бо созмони ФЕТО тадбирҳои заруриро андешад. Ҳамин тавр барои ботини ҳақиқии созмони ФЕТО-ро фаҳмонидан фаъолиятҳои иттилоотиро дар Тоҷикистон ва дар бисёр кишварҳои дунё оғоз бахшидем.

Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи талхи таърихии худ ҷиддияти терроризм ва хавф доштани онро ба тамоми кишварҳо хеле хуб дарк кардааст, аз ин рӯ бо кишвари мо ҳамкории самимонаро дар мавриди мубориза бар зидди созмони ФЕТО, ки акнун созмони террористӣ будани он аён гардидааст, ба роҳ мондааст. Суханҳои президенти кишваратон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, ки мо низ ба он гуфтаҳо ҳамфикр ҳастем “террористон ватан, миллат ва дин надоранд, ақидаҳои диниву мазҳабии онҳо бо дини мубини Ислом ягон иртиботе надоранд, терроризм қабл аз ҳама ба дунёи ислом ва мусалмонон зарар мерасонад”, ифодагари мавқеи равшани Тоҷикистон дар ин ҷода мебошад.

"Туркия аз мухолифони дигар кишварҳо пуштибонӣ намекунад"

Радиои Озодӣ: Бисёр мухолифини ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи марказӣ дар Туркия паноҳгоҳ меёбанд ва бархе ҳам дар онҷо мавриди сӯиқасд қарор гирифта, кушта шуданд. Маслан, як имоми узбек дар онҷо кушта шуд, ва яке аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон низ. Сабаб дар чист, ки ин нафарон кушта мешаванд? Чаро онҳоеро, ки Туркия қабул мекунад дар ин кишвар мавриди сӯиқасд қарор мегиранд?

Рифат Алӣ Кёксал: Пеш аз оне ки ба саволи мазкур ҷавоб гардонам, якчанд маълумотҳои омориро ба Шумо пешкаш менамоям. Соли 2015 ба кишвари мо тақрибан 40 миллион сайёҳ ворид шудааст, ки аз нуқтаи назари шумораи сайёҳон, Туркия дар миёни дигар кишварҳои дунё ҷои 6-умро ишғол намудааст. Дар баробари ин шаҳрвандони хориҷии зиёде ҳастанд, ки бо мақсадҳои гуногун ба монанди кор ва таҳсил ба Туркия омадаанд. Дар баробари ин, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳамзамон бо мо фарҳанги муштарак доранд, шумораи зиёди мардум барои иқомати муваққатӣ ва доимӣ ба Туркия сафар мекунанд.

Ин маълумоти омориро чаро ба Шумо мегуям: агар қаблан нисбати ягон шаҳрванд ба мақомотҳои дахлдори Туркия маълумоте интиқол нагардида бошад, тадқиқу муайян намудани мақсадҳои сафар ва ақидаҳои сиёсии теъдоди зиёди шаҳрвандони хориҷие, ки ба Туркия ворид мешаванд, қобили қабул шуда наметавонад. Бинобар ҳамин, аз тамоми гӯшаву канори дунё омадани мухолифони сиёсӣ имкон дорад. Вале дар баробари ин Ҷумҳурии Туркия сиёсати ҷонибдорӣ намудан ва ҳимоя кардани мухолифини сиёсии дигар кишварҳоро қатъиян амалӣ намекунад.

Дар мавриди суиқасд қарор гирифтани мухолифин онро зикр кардан зарур аст, ки Туркия чӣ тавре, ки барқасдона ба мухолифин паноҳгоҳ намедиҳад, чашм пӯшидан ба сӯиқасд ё садди роҳ шудан дар ошкори ҷиноят мавриди баҳс карор гирифта наметавонад. Бинобар ҳамин, қотили Умаралӣ Қувватов -- раҳбари Гурӯҳи-24 (гурӯҳи мухолифи давлати Тоҷикистон -РО), ки дар натиҷаи суиқасди соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд, дарҳол дастгир гардид ва аз тарафи додгоҳ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд.

118 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Туркия

Радиои Озодӣ: Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Туркия дар соҳаи маориф чӣ гуна аст? Донишҷӯёни тоҷик, ки бо бурсияҳои Ҳукумати Туркия дар ин кишвар таҳсил мекунанд, оё баъди хатми таҳсил ба Тоҷикистон бармегарданд ё дар онҷо мемонанд?

Рифат Алӣ Кёксал: Ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи байни ду кишвар низ дар сатҳи қаноатбахш қарор доранд. Дар ин чаҳорчӯба ҳамасола ба воситаи барномаи “Бурсияи Туркия” теъдоди зиёди довталабони Тоҷикистон соҳиби бурсияҳои давлатӣ мегарданд. То ба ин рӯз тақрибан 620 нафар донишҷӯи тоҷик аз бурсияҳои Туркия истифода намуда, дар барномаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантура дар Туркия таҳсил намудаанд, ки дар айни ҳол таҳсили тақрибан 118 нафар донишҷӯи тоҷик дар Туркия идома дорад. Дар чаҳорчубаи “Бурсияҳои Туркия” аз ҷониби ҳукумати мо дар соли хониши 2016-2017 41 квотаи давлатӣ ҷудо гардидааст (4 квота барои аспирантура, 11 квота барои магистратура ва 26 квота барои бакалавриат). Аз ҷониби дигар, донишҷуёни зиёди тоҷик дар Туркия ҳастанд, ки аз имкониятҳои дигари бурсияҳои муассисаҳои гуногун истифода карда, ҳамчунин аз ҳисоби худ таҳсил менамоянд. Рости гап оморҳои миқдори дар Туркия боқимонда ё ба Тоҷикистон баргаштаи донишҷӯёнро дар дастамон надорем.

Ҳадафи бурсияҳои Туркия аз он иборат мебошад, ки донишҷӯён баъд аз хатми донишгоҳҳо ба кишварҳои худ баргарданд ва дар рушди кишварҳои худ саҳмгузор гарданд. Масалан, дар рафти иҷрои вазифаи хеш бисёр шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки донишгоҳҳои Туркияро хатм намудаанд, дидам, ки дар бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ фаъолият менамоянд. Аз тарафи дигар, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия мондаанд, барои иртиботи ду кишвар ва рушди муносибатҳо мусоидат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG