Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Фикр кардем, "Плаза" чаппа шавад, мурдаи моро намеёбанд"


Ҷамила Азизова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ

Ҷамила Азизова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ

Ҷамила Азизова "қаҳрамон"-и заминларзаи рӯзи 26-уми октябр, ки садои ӯ садҳо нафарро дар атрофи бинои "Душанбе-Плаза" ба таҳлука андохт, мегӯяд, беш аз як ҳафта мешавад, ки оромишро аз даст додааст.

Заминларзаи рӯзи 26 октябр, ки Тоҷикистонро шадидан такон дод ва ҳазорҳо нафарро ба кӯча баровард, тадриҷан аз хотирҳо фаромӯш мешавад ва ҳоло мардум дубора бе тарсу ҳарос ба биноҳои баландошёна ворид мешаванд. Аммо Ҷамила Азизова, "қаҳрамон"-и ин заминларза, ки садои ӯ садҳо нафарро дар атрофи бинои "Душанбе-Плаза" ба таҳлука андохта буд, мегӯяд, беш аз як ҳафта мешавад, ки оромишро аз даст додааст.

Хабарнигор радиои Озодӣ, ки тасодуфан ин саҳнаро наворбардорӣ кард, мегӯяд, садои тарсидаи духтар таваҷҷӯҳи ҳамаи онҳоеро, ки дар хиёбон қарор доштанд, ба худ кашид. Ин навори видеоӣ баъдан аз ҷониби шабакаи телевизиони ҷаҳонии CNN ҳам пахш шуд.

Ҷамила Азизова, сокини 19-солаи шаҳри Душанбе, корманди як ширкатест, ки дар ошёнаи 20-уми "Душанбе-Плаза" дафтар дорад. Ӯ ҳангоми заминларза бо ду ҳамкораш дар дафтари корӣ буд ва мегӯяд, шиддати заминларза ба андозае буд, ки ҳеҷ яки мо умеди зинда мондан надоштем. "Азбаски мо дар ошёнаи болоӣ будем, натавонистем ба берун фирор кунем ва тугмаи лифт ҳам ҷавоб намедод", - мегӯяд Ҷамила. "Ҳар қадар дод задем ва ёрӣ хостем, вале касе ба кӯмаки мо нарасид." Яке аз ҳамроҳони Ҷамила тирезаро шикаст ва хост худро ба поён афканад. "Гуфтам, "чӣ кор мекунӣ?", гуфт, "Поён мепарам, шояд баъдан ёфтани мурдаам осонтар шавад", - мегӯяд Ҷамила.

Шиддати заминларза дар Тоҷикистон 6 дараҷаи ҷадвали Рихтер мушаххас шуд ва хушбахтона хисороти ҷонӣ надошт. Аммо Ҷамила мегӯяд, ки аз он рӯз ба ин тараф шабҳо хобаш намебарад ва ҳамеша ин эҳсосро дорад, ки замин пайваста меларзад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG