Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзоазим Насимов: “Мо ҳизби кисагӣ нестем". ВИДЕО


Мирзоазим Насимов, раҳбари муваққатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.
Мирзоазим Насимов, раҳбари муваққатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон барои баргузор кардани Анҷумани ғайринавбатӣ омодагӣ дорад то раиси нави худро интихоб намояд. Баъди фавти раиси пешини ҳизб Исмоил Талбаков дар миёнаҳои моҳи декабри соли 2016, президиуми васеи ин ҳизб доир шуд ва котиби ҳизб Мирзоазим Насимов -- мушовири иқтисодии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, раиси муваққати ҳизб интихоб гашт.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон теъдоди аъзои худро 35 ҳазор нафар мегӯяд ва ҳоло барои мушахас кардани шумораи аслӣ ба руйхатгирии тарафдорони ҳизб шурӯъ кардааст. Мирзоазим Насимов, раиси муваққати ҲКТ рӯзи 5 январ дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод ва гуфт ҲКТ дар ҳоли ҳозир барои баргузории анҷумани ғайринавбатӣ ҳизб, ки интизор меравад дар охирҳои моҳи январ сурат бигирад, омодагӣ мебинад.

Мирзоазим Насимов: Ҳоло ҲКТ бидуни ҳеҷ монеае аз тарафи мақомоти ҳукумати кишвар дар ҳамаи навоҳии кишвар ба ғайр аз ноҳияи Айнӣ бахшҳои худро дорад, ва фаъолият карда истодааст. Мо талош дорем, ки сафи ҳизбро ҷавонтар кунем ва дар бахшҳо дар навоҳӣ ва шаҳрҳо талош дорем ҷавонони болаёқатро ҷалб кунем. Мо бо ҳамаи ҳизбҳои расмии Тоҷикистон ҳамкории хуб дорем ва дар ҳамоишҳои худ намояндагони онҳоро даъват мекунем.

Радиои Озодӣ: Бархе коршиносон мегӯянд, ки Ҳизби коммунист дар солҳои ахир, хусусан баъди рафтани Шодӣ Шабдолов ба як ҳизби кисагии ҳукуматӣ табдил шуда, мавқеи худро аз даст додааст. Назари шумо чӣ аст?

Мирзоазим Насимов: (Хандида) дуруст мегӯед, ҳамин гуна изҳори назарҳо ба мо расидааст, вале ҳақиқат дигар аст. Ҳизби коммунист аз ҳамаи ҳизбҳои дигари кишвар собиқаи зиёд дорад, барнома дорад, устав, оинома дошт, баръакс дигар ҳизбҳо аз оиномаи он рӯбардор карда ва ҳизб сохтанд. Мо чӣ хел ҳизби кисагӣ мешавем? Мо тарафдори сулҳу осоиштагӣ ҳастем. Дуруст аст, ки вақте Шодӣ Шабдолов буданд, фикру ақидаи худро ба ин ё он масъала баён медошт, вале ин на ба маънои зидди ҳукумат буд. Дар баъзе масъалаҳои алоҳида, бале изҳори назар мекарданд. Дар масъалаи нооромиҳо дар Бадахшон, ҷаноби Шабдолов доим таъкид ба сулҳу оромӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки ба гурӯҳҳои худсар ҳамроҳ нашаванд. Дар айни замон, дар бисёр масъалаҳо, аз ҷумла тағйиру иловаҳои ба Қонуни асосӣ, чанд пешниҳоди ҲКТ ба эътибор гирифта шуд.

Радиои Озодӣ: Ба назар намерасад, ки Ҳизби комунист ҳоло ба ҳадде хомӯш шудаст, ки ҳеҷ барномаи алтернативӣ чӣ дар риштаи иқтисод ё экология ва ё дар масъалаҳои дигар, пешниҳод намекунад?

Мирзоазим Насимов: Чаро? Чанд барномаҳое ҳастанд, ки аз тариқи радиои телевизион пешниҳод кардем. Мо мухолифи моликияти хусусӣ ҳастем, мо ҳеҷ вақт розӣ нестем ва боз ба шакли дағал "капитализми хусусӣ" гуфта дар мо ҷорӣ кардаанд, мо зидди ин будему ҳастем. Мо тарафдори моликияти коллективӣ ҳастем ва инро ҳимоят мекунем. Вақте, ки вакилони мо бо роҳбарии Шодӣ Шабдолов дар порлумон буданд, ҲКТ ҳамеша дар масъалаҳои муҳими ҷомеа пешниҳодҳои худро ироа мекард.

Ҳизби коммунист анҷуман доир мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:02 0:00

Радиои Озодӣ: Чаро намояндаҳои ҳизби шумо дар интихоботи гузаштаи Маҷлиси намояндагон соҳиби курсӣ нашуданд?

Мирзоазим Насимов: Ин гуноҳи худи мост, мо дучори як ҷанҷолу нофаҳмии дохилӣ шудем ва натавонистем мувофиқат кунем. Дар инҷо айби худи ҳизб аст. Ҳоло ду нафар узви ҲКТ дар порлумон ҳаст, вале онҳо аз роҳи худпешбарӣ соҳиби курсӣ шудаанд. ҲКТ худ дар парлумон ҷой надорад.

Радиои Озодӣ: Шумо пештар гуфтед, ки сафи ҳизбро ҷавон мекунед, вале ҳоло ҳам таҳлилгарони сиёсӣ мегӯянд, ки ҲКТ як ҳизби муйсафедҳо ва нафақахӯрҳо мебошад ва барои ҳифзи нуфузи худ талош ба харҷ намедиҳад. Назаратон чӣ аст?

Мирзоазим Насимов: (Хандида) дуруст аст, мо зиёд шунидем, аммо ин ҳарфҳоро онҳое мегӯянд, ки аз вазъи дохили ҳизб хабар надоранд. Ҳоло 80 дарсади ҳизби моро ҷавонҳо ташкил медиҳанд ва шумораи умумии аъзои ҳизб 35 ҳазор нафар аст. Вале азбаски баъзеҳо барои таъмини зиндагиаш ба Русия ва ба ҷойҳои дигар рафтаанд, мо барои дақиқ кардани тарафдорони худ, аз нав руйхатгириро оғоз кардем.

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар ҳизби шумо чеҳраҳое ба мисли Шабдолов ва ё Исмоил Талбаков, ки дар ҷомеа номи онҳо матраҳ буд, дигар надоред. Ҳамин тавр аст?

Мирзоазим Насимов: На, на, чунин нест. Магар Кароматулло Олимов чеҳраи матраҳ нест? Ё онҳое, ки дар ҳукумат ва дар ҷомеа нуфуз доштанд, ба мисли Саидамир Зуҳуров, Талбак Назаров, Амирқул Азимов аъзои ҲКТ буданд ва дар ҳукумат фаъолият доштанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки гӯё президент фармон медиҳад, ки вазифаҳоро танҳо дар сурати узви Ҳизби халқии демократӣ будан, диҳед, аммо ин асос надорад. Мо инро ҳис накардем. Ҳоло мо бо ҳамаи ҳизбҳои расмӣ ҳамкорӣ дорем ва кӯшиш мекунем нуфузи худро аз даст надиҳем.

XS
SM
MD
LG