Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи се марзбон барои марги Рамазон дар артиш


Рамазон Забиров (нафари аввал аз тарафи чап) ҳангоми гуселаш ба хидмати ҳарбӣ
Рамазон Забиров (нафари аввал аз тарафи чап) ҳангоми гуселаш ба хидмати ҳарбӣ

Вакили дифоъ мегӯяд, алайҳи як афсару се сарбози нирӯҳои марзбонӣ ба гумони даст доштан дар марги Рамазон Забиров парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале тафтишот ниҳоӣ нашудааст. Забиров моҳи апрел ба хидмат рафта, ҷасадаш рӯзи 7 август ба хок супурда шуд.

Додситонии ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар робита ба марги Рамазон Забиров, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дилафрӯз Самадова – вакили дифои хонаводаи Рамазон Забиров – рӯзи 16 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба гумони даст доштан дар марги ин сарбоз як афсар ва ду аскари қаторӣ боздошт шудаанд.

"Алайҳи афсари нирӯҳои мазбонӣ бар асоси моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ, яъне сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва моддаи 373, яъне вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хидматчиёни ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва таҳқиқот идома дорад," – афзуд Самадова.

Ин вакили дифоъ гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта бо парванда ошно ва вориди тафтишот шудааст. Дар ин парванда падари сарбоз Муллозокир Забиров ҳамчун ҷабрдида зикр шудааст.

Дилафрӯз Самадова
Дилафрӯз Самадова

​Абдуқаҳҳор Нуров, додситони ҳарбии гарнизони Хуҷанд, дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳақиқат, дар қисми ҳарбии "2857" сарбоз Рамазон Забиров фавтидааст ва ҳоло як гуруҳи тафтишотӣ ин ҳодисаро таҳқиқ қарор дорад." Нуров ба далели "сирри тафтишот буданаш" аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин маврид худдорӣ кард.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, дар робита ба марги Рамазон Забиров ду сарбоз боздошт шудаанд ва агар тасдиқ шавад, ки Забиров аз латту кӯби ин ду сарбоз фавтидааст, баъд нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ хоҳад шуд. Вакили дифоъ Дилафрӯз Самадова мегуяд, бино ба иттилои дарёфтии ӯ, алакай ду сарбози нирӯҳои марзбонӣ боздошт шуда, ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Аммо ӯ гуфт, дар мавриди боздошти афсари қисми ҳарбӣ иттилое дар даст надорад.

Ҷасади Рамазон Забировро субҳи 5 август аз ҷойи хобаш дар қисми ҳарбии "2857" дар вилояти Суғд ёфта, рӯзи 7 август дар зодгоҳаш деҳаи Тӯдаи шаҳри Ҳисор ба хок супурдаанд. Наздикони Рамазон иддао доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар сафи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматонаш латту кӯб шуда ва баъдан ҷон додааст.

Мавлуда Тағоева, модари Рамазон Забиров, дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми шустани ҷасади писараш дар зери манаҳ, сутунмуҳра ва тарафи рӯяш доғҳои сиёҳро мушоҳида кардаанд ва ин баёнгари латту кӯб шудани ӯст.

Рамазон Забирови 18-сола писари калонии хонавода буда, бори таъмини наздиконашро бар дӯш доштааст. Вай ҳамагӣ моҳи апрели соли ҷорӣ ба хидмат рафтааст.

Тайи солҳои охир чанде аз сарбозон ҳангоми хидмат дар қисмҳои низомӣ ҳалок шуда, додгоҳҳои кишвар низ чанде аз омилони онҳоро ба зиндон фиристодаанд. Ахиран Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Вазорати дифои Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба падару модари сарбози ҳалокшуда Фирдавс Раҳматов 5000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад.

XS
SM
MD
LG