Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исомудддин Шарифов: На ҳар чӣ пеш меояд, аз тақдири пешонист


Исомуддин Шарифов
Исомуддин Шарифов

Маҳфили таҳлили “Ҷаҳони андеша”и Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни як пажӯҳиш мегӯяд, сарнавиштгароӣ ва тақдирпарастӣ монеаи рушд аст.

Ба тақдиру насиб вобаста кардани нокомиҳо дар ҷомеаи тоҷик ба як монеаи пешрафт табдил ёфта, ба гуфтаи пажӯҳишгари мафҳили таҳлилии “Ҷаҳони андеша”-и назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Исомудддин Шарифов то андозае ҷой афтодааст, ки "падар фарзандашро насиҳат мекунад, ки зиёд талош накун, ҳарчӣ дар тақдират бошад, ҳамонро мебинӣ.”

Номзади илми фалсафа, Исомудддин Шарифов, ки 10 соли охир ин мавзӯъро таҳқиқ кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, масъала аз чанд нигоҳ -- ҳам аз дидгоҳи мазҳабӣ, ҷуғрофиёӣ ва равонӣ ба як асли зиндагии мардуми тоҷик табдил ёфта, ҷомеаро танбал кардааст ва ба натиҷае расондааст, ки он ҳамаи ҳолату шароити воқеии иҷтимоиро аз тақдир медонанд ва боиси рушди кунди Тоҷикистон шудааст."

Исомиддин Шарифов, ки имрӯзҳо пажӯҳиши худро ба поён расонд, розӣ шуд роҷеъ ба натиҷаҳои он ба чанд пурсиши Радиои Озодӣ посух диҳад.

Озодӣ: Аслан чаро маҳз мавзӯи тақдир ва тақдиргароӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳатонро ҷалб кард? Чаро аз пайи ин мавзӯъ рафтед?

Исомудддин Шарифов: Аҳмияти ин мавзӯъ дар он аст, ки бовару эътиқодҳо, бовар кардан ба сарнавишт ва тақдигароӣ, кулли паҳлуҳои ҳаёти моро фаро гирифтааст ва ҳатто ҷузве аз фарҳанги мо шудааст. Ин падида пайомадҳои гуногун дорад, аммо дар мисоли миллати мо паҳлуҳои манфии ин падида бештар аст.

Озодӣ: Оё ин баёнгари авҷи ноилоҷӣ ва нотавонии инсон дар рӯбарӯи вазъе нест, ки ба тағйир додани он зӯраш намерасад?

Исомудддин Шарифов: Мушкили мо дар он аст, ки мо тафаккури тақдиргароёна ва ё тақдирзада дорем, ки ба рушди ҷомеаи мо таъсири манфӣ мерасонад. Ин падида дар хулқу атвори дигар миллатҳо, дин ва фарҳангҳо низ буд, аммо онҳо аз такя кардан танҳо ба тақдир канор рафтанд. Масалан, то давраи Эҳё дар Аврупо, масъалаи бовар ба тақдир ва ё фатализм вуҷуд дошт. Аммо онҳо ин боварҳояшонро канор гузоштанд ва рафтан пайи антропосентризм, яъне инсонмеҳварӣ. Такя ба нерӯву қудрати инсон, зеҳну халлоқияти ӯ. Бубинед, ки ҳамакнун онҳо чӣ қадар пешрафт карданд ва ба ин дараҷаҳои тараққиёти илму техника ноил шуданд. Аммо мо ҳамоно “андар хами як кӯчаем”.

Озодӣ: Мешавад мисолҳое мушаххасе дар мавриди тақдиргароии мардуми мо биёред, ки монеи рушди шахсиятҳо ва умуман ҷомеа шудаанд?

Исомудддин Шарифов: Ман омӯзгорам ва солҳост ба донишҷӯён дарс мегӯям. Аз аксар донишҷӯён вақте мепурсӣ чаро ин ва ё он риштаи таҳсилро интихоб кардӣ, аҳёнан ҷавоби мантиқӣ мегирӣ. Бисёрашон мегӯянд, таваккалӣ омдаанд, тақдиру сарнавишт онҳоро ба ҳамин ҷо овард ва боз ҳам агар тақдирашон баландӣ кунад мутахассиси хубе шуда, ҷойгоҳи худро дар зиндагӣ меёбанд. Падаронеро ҳам вомехӯрам, ки мегӯянд, “писарам худатро зиёд азоб надеҳ” хондагиҳо чӣ шуданд. Дар пешоният навиштагӣ бошад, ту мутахассиси хуб мешавӣ!" Магар мешавад бо ин тафаккур рушд кард!? Бубинед, ки ин чӣ қадар монеи рушд мешавад. Инсони тақдиргаро як шахси бозмонда аст, аз худаш ҳеҷ умед надорад. Вай интизор аст, ки касе ва ё қуввае аз ғайб меояду мушкили ӯро ҳал мекунад. Худаш ҳеҷ масъулияте надорад ва ҳама чизро ҳавола мекунад ба тақдир.

Гуфтугӯ бо Исомиддин Шарифов оид ба қазо ва қадар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:57 0:00

Озодӣ: Ба кадом ҳад ин мавзӯъ ба дин рабт дорад ва оё матраҳ кардани он динситезӣ буда метавонад? Ин асл оё танҳо хоси тоҷикон ё мусулмонон аст?

Исомудддин Шарифов: Ангезандаҳои ин падида зиёданд. Аммо ман се омили муҳимро ҷудо кардам, яке ҷуғрофӣ, таърихӣ ва динӣ. Омили ҷуғрофӣ дар он аст, ки мардуми мо дар минтақаи баландкӯҳ зидагӣ мекард ва равуои байни минтақаҳо ниҳоят душвор ва хатарбор буд. Ҳар чӣ қадар зиндагӣ сахту хатарбор ва пешгӯинашаванда бошад, боварӣ ба тақдир зиёд мешавад. Дигар ин, ки маъмулан мо мардуми зироаткор будем ва ҳосили зироат аз ҳодисаҳои табиӣ ва боду ҳаво бисёр вобастааст. Аз ин рӯ деҳқонон ҳосили каму зиёдро ҳамеша аз қазо медиданд, ки ин ҳам бовар ба тақдирро тақвият медод. Дар тӯли таърих мо аксаран дар зери роҳбарии аҷнабиён қарор доштем. Ҳар гоҳе, ки аҷнабиҳо ба хоки мо ҳуҷум мекарданд, зуд аз рӯҳониён истифода мекарданд. Бо рӯҳониён забон меёфтанд ва онҳо фатво содир мекарданд, ки ҳама чиз аз қазост ва ситеза кардан бо аҷнабиён суде надорад. Дар ниҳоят масъалаи тақдир дар дини мо ҳаст. Аммо дар ин масъала дар худи китоби “Қуръон” мухолифат вуҷуд дорад. Оятҳои зиёде ҳаст, ки ба тақдиру сарнавишт марбут ва инсонро “ҷабрӣ” талаққӣ мекунанд. Аммо боз ҳам ҳам ҳаст оёте, ки инсонро соҳибихтиёр медонад. Ин масъала аз оғози Ислом баҳснок аст ва равияҳои Ашъария ва Мӯътазилия низ сари ин мавзӯъ ихтилоф доранд. Пайравони ақидаи аввалӣ ба азалӣ будани тақдири инсон мӯътақиданд ва дувумӣ ба озоду соҳибихтиёр будани инсон таъкид мкеунанд

Озодӣ: Пас роҳҳои тағйири вазъ кадом аст? Бо чӣ роҳу василаҳо метавон ҷомеаро аз қайди мусолиҳа бо вазъи мавҷуда берун кашид?

Исомудддин Шарифов: Мо бояд огоҳии мардумро аз донишҳои навини илмҳои башарӣ ва табиатшиносӣ боло бубарем. Ҳар чӣ қадар сатҳи дониши мардум аз илмҳои табиатшиносиву ҷомеашиносӣ баланд бошад, ҳамон қадар шиддати тақдиргароии мардум коҳиш меёбад. Дар замони Шӯравӣ шиддати ин боварҳо то андозае коҳиш ёфта буд. Аммо бо пош хӯрдани он ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, нуфузи илм поин шуд, олимони зиёде аз кишвар рафтанд ва ҳавзаҳои илмӣ пароканда шуданд. Ҳамаи инҳо сабаб шуданд, ки дубора дар мо тақдиргароӣ авҷ бигирад. Бинобар ин мо бояд тавассути матбуот, маҷаллаҳои илмиву оммавӣ ва ҳатто мултфилму филмҳои бадеӣ тафакккури илман асоснокро ба мардум пешкаш кунем. Танҳо ба ҳамин васила мешавад шиддати тақдиргароиро бигирем ва одамонро масъули бурду бохти зиндагии хеш кунем.

XS
SM
MD
LG