Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммадрофеъ: Дуэти ману Юлдуз Усмонова аз дигарон фарқ дорад


Муҳаммадрофеъи Кароматуллоҳ

Муҳаммадрофеъи Кароматуллоҳ

Муҳаммадрофеъи Кароматуллоҳ дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ дуэташ бо Юлдуз Усмоноваро шарҳ дода, инчунин, дар бораи дар куҷо будани Нозия ва хотираҳояш аз падар гуфт.

Таронаи "Ҷони ман"-и Кароматуллоҳи Қурбон, овозхони фақиди тоҷик, тайи як соли охир барои дувумин бор аз сӯи ҳунармандони шинохтаи кишвар ва берун аз он бозхонӣ мешавад. Ин таронаро тобистони соли ҷорӣ Садриддини Наҷмиддин ҳамроҳ бо Ғазал Иноят, сарояндаи афғон иҷро карда ва навори он дар тӯли тақрибан се моҳ дар шабакаи Ютуб беш аз 1 миллион бинанда овард.

Ҳоло ин таронаро дар шакли "дуэт" Муҳаммадрофеъи Кароматуллоҳ --писари Кароматуллоҳи Қурбон -- якҷоя бо овозхони шинохтаи Узбакистон Юлдуз Усмонова иҷро кардааст ва қарор аст ин тарона рӯзҳои наздик ба бозор ироа шавад. Муҳаммарофеъ рӯзи 4 декабр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, бори аввал ин таронаро падараш дар соли 1990 иҷро карда буд, аммо бо гузашти 25 сол ва тағйири замону завқҳо ҳанӯз матну оҳангаш "кӯҳна" нашудааст.

"Ману хоҳарам Нозияҷон тақрибан ҳамаи сурудҳои дугонаи падарамро сароидем, вале боз хостам навигарӣ шавад ва ба ҳамин хотир ин

Юлдуз Усмонова

Юлдуз Усмонова

сурудро ба Юлдуз Усмонова пешниҳод кардам. Хушбахтона, ӯ низ ин пешниҳоди маро рад накард ва гуфт, ки худ мухлиси таронаҳои падарам аст," -- шарҳ дод Муҳаммадрафӣ.

Озодӣ: Ин оҳанг дар чанд муддат ва дар куҷо сабт шуд?

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Тақрибан як моҳ. Аслан мо оҳангро дар алоҳидагӣ сабт кардем. Юлдуз Усмонова, овозро тариқи Интернет равон карданд ва ман бошам дар ин ҷо сурудро сароидам ва банду баст кардам."

Озодӣ: Тавре маълум тақрибан ним соли пеш ҳамин оҳанги “Ҷони ман”-ро Садриддини Наҷмиддин ва Ғазал Иноят, овозхонҳои маъруфи тоҷику афғон суруда буданд. Дар баробари ин, Ширинмоҳ Ниҳолова, хонандаи тоҷик ҳам гуфта буд, ният дорад, таронаҳоеро, ки ҳамроҳ бо Кароматуллои Қурбон сурудааст, бозхонӣ намояд. Чаро интихоби Шумо ҳам сари ин оҳанг афтод?

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Аслан сурудҳои қиблагоҳи маро қариб ҳама мехонанд. Чунки шодравон ба худ як мактабе доштанд, ки пайравони он хеле зиёданд. Албатта, ин аз як тараф боис ба хушбахтист, ки пайравону шогирдон ва мо фарзандон ин сурудҳоро мехонем. Тасмими иҷрои ин дуэт аз ҷониби ман каме дертар гирифта шуд, вале ин ниятро ман ҳанӯз аз овони хурдсолӣ доштам. Консерте, ки ахиран доир кардам, нисфи репертуараш аз ман аст ва нисфи дигар аз шодравон. Пештар ман сурудҳои падарро кам месароидам ва ин сабаб дошт. Чун, вақте тоза ба санъат қадам мегузоштам, назди худ чунин мақсад гузоштам, ки аввал оҳангҳои худро эҷод мекунам, сабку услуби худро дар ҷодаи санъат пайдо мекунам ва баъд ба пуррагӣ сурудҳои падарро месароям. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳар боре, ки албоми нави худро пешниҳоди мухлисон мекардам, дар он ҳамагӣ як ё ду суруди падарам буду халос. Имрӯз шукри Худо, фурсате фаро расидааст, ки ман ба пуррагӣ оҳангҳои падарро иҷро карда метавонам."

Садриддин ва Ғазал ҳангоми иҷрои таронаи "Ҷони ман"

Садриддин ва Ғазал ҳангоми иҷрои таронаи "Ҷони ман"

Озодӣ: Ба ҳар ҳол, дуэти Садриддину Ғазал муваффақ буд ва то куҷо дуэти шумо бо Юлдуз Усмонова фарқ хоҳад кард?

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Ҳар як овозхон ба худ хислати хоси хонандагӣ дорад ва он дуэт ҳам хеле нағз иҷро шудааст. Ба ҳар сурат оҳанги дугонаи мо ба назари ман чизи нав хоҳад буд. Ман шахсан ба он "оранжировка"-е ки шодравон доштанд, такя кардам. Дар оянда ман ният дорам хоҳ бо Юлдуз Усмонова ва ё бо овозхонҳои дигар оҳангҳои худамро дар шакли дугона бихонам."

Озодӣ: Тавре медонем, консерти нави Шумо охири ҳафтаи гузашта доир шуд. Ҳанӯз дар аввали соли ҷорӣ Нозия ваъда дода буд, ки якҷоя ин консертро доир мекунед, аммо то ҷое шоҳид будем, ин тавр нашуд...

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Ҳар сол 29-уми ноябр дар рӯзи зодрӯзи падари бузургворам ё ман ва ё хоҳарам Нозия консерти худро доир мекунем. Имсол ҳам аз тарафи ман бараномаи нави ҳунарӣ пешниҳоди мухлисони худам ва тарафдорони падари бузургворам шуд. Нозия бинобар баъзе сабабҳо ширкат кардан натавонист."

Озодӣ: Дуруст аст, ки фарзандро интизор аст?

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Бале. Насиб карда бошад, модар шавад, боз баромадҳо дар пеш аст."

Озодӣ: Агар ба эҷодиёти Шумо баргардем, дар баъзе аз сӯҳбатҳо ишора ба он мекунед, ки барои таронаҳоятон асосан худ оҳанг меофаред. Оё махсус ягон мактаби вижаи мусиқиро гузаштед?

Лаҳзае аз суҳбати Шаҳлои Гулхоҷа бо Муҳаммадрафии Кароматулло

Лаҳзае аз суҳбати Шаҳлои Гулхоҷа бо Муҳаммадрафии Кароматулло

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Ман аз аввал мехостам, ки бигзор таронаҳо аз репертуари худам бошад. Чун рӯзе нашавад, ки шунаванда бигӯяд ман танҳо оҳангҳои падарамро мехонаму тамом. Аслан чунин ақида хато аст. Ман то имрӯз қариб 5 албоми худро сабт кардам, бисёре аз таронаҳо оҳангҳои худи ман аст. Оҳангофарӣ аслан бароям меросист. Ману Нозия ва бародари хурдиямон Муҳаммадсахӣ низ дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова таҳсил кардаем. Ҳамчунин ман дар Консерваторияи миллӣ низ муддати панҷ сол омӯзиш дидаам."

Озодӣ: Фикр мекунед, кадом оҳанг миёни мардум Шуморо на чун фарзани Кароматуллои Қурбон, балки чун Муҳаммадрафӣ муаррифӣ кардааст?

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Аваллан ман аз номи падар ифтихор дорам, ҳамин бузургии номи ӯст, дар пушти ман. Баъдан дар албоми нахустини ман оҳанге бо номи “Биҳишти гумшуда” ба қалами Лоиқ Шералӣ ва ҳамчунин таронаи дигар “Шабошаб” ҷой дорад. Ҳамчунин таронаи Нисоҷон, ки онро падарам маъмулан дар тӯю маъракаҳо мехонд ва ҷое сабт нашуда буд ва ман гӯё онро зинда кардаму он аз нав ном баровард."

Озодӣ: Ба ҳар сурат метавон гуфт, ки фарзанди Кароматуллоҳи Қурбон будан, барои пайдо кардани мавқеъ дар саҳнаи тоҷик кумак кард?

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Тавре ман гуфтам аз падарам фахр мекунам. Боз як чизи дигар аст, ки инсон дар кадом соҳае набошад, агар заҳмат накашад, ба ягон дараҷа намерасад. Фикр мекунам, каму беш ҳамон меҳнатҳои ман буд, ки каме ҳам бошад ҳамчун Муҳаммадрафӣ номи худро пайдо кардам."​

Озодӣ: Шумо аз падар чӣ ба мерос гирифтед ва чӣ хотира доред?

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Каму беш монандии овоз, ҳамон хислатҳои падар. Инро бештар ба ман модарам мегӯянд ва дӯстону рафиқони падарам. Азбаски он солҳо мо хурд будем, лаҳзаҳои кам дар ёди ман мондааст. Ҳамон навозишҳо ва меҳрубониҳо нисбат ба фарзанд, вақте аз тӯю маъракаҳо меомаду моро чи гуна истиқбол мекард бо ҳамон чеҳраи хандон. Ҳаминҳост, ки дар ёди ман нақш бастааст."​

Озодӣ: Шумо ҳоло раҳбарии гуруҳи эстрадии "Ориён"-ро ба ӯҳда доред. Оё овозхонӣ ягона манбаи даромадатон аст?

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Бале метавон гуфт, ки аз пушти фақат ҳамин касб нон мехӯрам."

Озодӣ: Пас, бӯҳрони молӣ ба Шумо ҳам таъсир карда ё накарда?

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Каму беш. Лекин фикр намекунам то ба он ҳадде ки мо аз ин чиз гиламанд бошем. Фикр мекунам ин гузаранда аст."

Озодӣ: Дар бораи хонаводаи худ чӣ гуфта метавонед?

Муҳаммадрофеъи Кароматулло: "Ман оиладор ва соҳиби се фарзанд -Индира, Беназир ва Шоҳрух - ҳастам. Ногуфта намонад, ки маҳз бузургии модар ва кумаки ӯ буд, ки ману Нозия то ин дараҷа расидем. Мебоист, ки пеши ин гуна модари бузург саҷда кард. Албатта, бисёр рӯзҳои сахтро низ дидем ва ҳоло шукр, ки хушбахт ҳастем."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG