Пайвандҳои дастрасӣ

Гулрухсор, шоири саршиноси тоҷик дар Рӯзи Модарон, занону духтарони тоҷикро ба худшиносиву худсозӣ даъват кард. Вай зимни орзуи бахту саодат барои зану модар ва духтари тоҷик таманнои онро дорад, ки онҳо ҳамеша ҷою мақоми худро донанду бишносанд. Назару андешаҳои Гулрухсор дар бораи зану модари тоҷик, мавқею мақоми он дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ баён гардид.

Радиои Озодӣ: Хонум Гулрухсор дар ин рӯзҳои ид худро чигуна эҳсос мекунед?

Гулрухсор: Ман дар ҳама рӯз агар кори хубе карда бошам ва ягон сухане барои дилам гуфта бошам, худро бисёр нағз эҳсос мекунам. Рӯзҳои ид як бадӣ дорад, ки одамро зуд аз хоб бедор мекунад. Ман бачаи хобам, шаби дароз кор мекунам, имрӯз маро ҳама бедор карданд.

Бо "зинда бод" гуфтан мушкилоти занон ҳал намешавад

Радиои Озодӣ: Дар гузашта дар Тоҷикистон 8 март ҳамчун Рӯзи озодии занон таҷлил мешуд ва акнун он ҳамчун “Рӯзи модар” ҷашн гирифта мешавад. Ба назари Шумо баъди тағйири ном чӣ чиз дигар шуд?

Гулрухсор: Ин иди байналмилалӣ буд, ки аз Аврупо ибтидо мегирифт барои баробарҳуқуқии занон. Қаблан низ дар Тоҷикистон 8-уми мартро Рӯзи занон мегуфтанд. Аммо ман ҳамеша ва дар ҳама ҳолат мегӯям, ки вақте зан мегӯем, бояд мард низ бигӯем. Хуб аст, ки ин қадар бо тантана қайд мекунанд, лекин инҳо бояд ҳамааш мантиқ ва ном дошта бошад. Дирӯз ҳам раисиҷумҳур дар мулоқот бо занону духтарон бо меҳру муҳаббат дар бораи занон сухан кард. Аммо духтарони мо он қадар ба

Гулрухсор: "Агар занҳои мо худашон худсозӣ накунанд, агар худашон нахонанд ва ҷову мақомашонро наёбанд, ҳеҷ вақт фарзанди солим ва фарзанди боақлу хирадмандро мо бояд аз чунин занҳо чашмдор набошем."

шавқу шӯр буданд, ки ҳар замон аз ҷояшон парида мехестанд, ҳар замон каф мезаданд ба ҷои он, ки андеша кунем, ки президент чӣ гуфта истодааст. То замоне, ки мо барои занҳо як шароити хуби рушду тараққӣ ва пешравии ҳунару истеъдодро омода накунем, мушкил аст, ки ба ягон ҷо бирасем. Чун бо каф задану ва бо як гули наргис табрик кардан, ин чиз ҳал намешавад. Танҳо бо Рӯзи Модар гуфтан, яъне бо ҳалво гуфтан, даҳон ширин намешавад. Дирӯз дар Иттифоқи нависандагон барои духтарони шоиру ношоир гуфтам, ки мо чанд камбудӣ дорем, ки дар рӯзи ид ҳам бояд онро фаромӯш накунем. Аввал, ин ки тарбияи фарзандро бояд ба гардани мактаб бор накунем. Ҳақиқатан қонуне, ки дар бораи ҷавобгарии падару модар содир шуд, дуруст аст. Як рӯзро мо бояд бо "урра"-ву "зинда бод" намегузарондему нақшаҳое бояд мекашидем. Дар мулоқот бо президент ягон касро надидам, ки як қаламро гирифта ягончӣ навишта бошад. Фақат давида мехестанд, баҷову беҷо кафкӯбӣ мекарданд. Ин чизҳо хандаовар мешаванд вақте, даркор нестанд.

Зани тоҷик маош ва ояндаи хуби фарзандашро мехоҳад

Радиои Озодӣ: Шумо вазъи зани тоҷикро чигуна арзёбӣ мекунед?

Гулрухсор: Ман ҳеҷ вақт наметавонам дар бораи вазъи як зани тоҷик худам қазоват кунам. Толстой гуфтааст, ки “хушбахтҳо ҳама якхел хушбахтанд, аммо бадбахтҳо ҳама ҳархел”. Зани тоҷик маоши хуб, ҷойи кор ва барои фарзандонаш ояндаи хуб мехоҳад. Худо кунад, ки корхонаҳои мо ба кор дароянду бачаҳои тоҷик аз муҳоҷират баргарданд. Чунки нисфи оилаҳо шавҳарҳояшон аз хона рафтагӣ ҳастанд ва онҳо чашм бароҳанд. Вазъи зани тоҷик бисёр як навигарии мусбат мехоҳад. Ин кор бо қарору фармон ё кумакпулии якмоҳа намешавад. Зани тоҷик бояд мавқеашро худаш муайян кунад. Яъне зани тоҷик бояд худаш аз худаш оғоз кунад. Ман ҳеҷ боварӣ надорам, ки модари Абӯалӣ ибни Сино

Гулрухсор

Гулрухсор

Ситорабонуи бузург бе илму маърифат ва нодон буд. Ӯ донотарин зани дунё буд, ки бузургтарин инсони сайёраро офарид. Агар занҳои мо худашон худсозӣ накунанд, агар худашон нахонанд ва ҷову мақомашонро наёбанд, ҳеҷ вақт фарзанди солим ва фарзанди боақлу хирадмандро мо бояд аз чунин занҳо чашмдор набошем.

Дар масъалаи таҳсили духтарон квотаи президентӣ ҳам хеле кӯмак кард. Вақте зан ва духтар намехонад, вақте ӯро маҷбуран ба шавҳар медиҳӣ, аз ин хел замин ягон дарахти солимро набояд интизор шуд. Вазъи занони Тоҷикистонро ман ҳоло наметавонам гӯям хуб ҳаст ё бад. Мо ҳамавақт ягон чизро ба гардани ягон кас бор мекунем. Бадбахтии худро ба гардани ҳамсоя бор кардан мехоҳем. Ҳамон тирезаҳои ношустаи занҳои моро, ки дар шаҳр мебинӣ, наход ҳамон тирезаро раиси шаҳр омада тоза кунад. Барои ин шарт нест, ки ӯ ҳамон замон 500 доллар дошта бошад.

Мақоми занро боло бурдем гуён миннат накунанд

Радиои Озодӣ: Бар асоси фармони президент мақоми зан ба гуфтаи мақомоти тоҷик имрӯз дар ҷомеа хеле боло рафтааст. Чун занони тоҷик дар мақомҳои вазир ва муовинони вазир кор мекунанд. Аз назари шумо воқеан ин аз боло рафтани мақоми зан дарак медиҳад?

Гулрухсор: Ҳамеша ҳамин хел буд, аз рӯзе ки худро мешиносам котиби сеюми райком зан буд оид ба пропаганда. Барои ҳамин мо имрӯз ба ҷое нарасидем. Фикр накарданд, ки ҳамин занро муовин оид ба пропаганда монданд, ӯ ягон савод, маърифат дорад ё надорад. Ҳамон вақтҳо низ занҳо буданд, ҳоло дар ҳамон ҳолат айнан ҳамин чиз такрор шуда истодааст. Занҳо ҳамеша дар ҳамин сатҳ кор мекарданд. Ин ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки ҳама чизро аз байн бурд. Аммо ман мегӯям, ки занонро бояд дар ҷойи худ монанд. Масалан, зан гуфта, ӯро бурда дар истгоҳи барқӣ раис монем, ӯ аз куҷо метавонад онро идора кунад. Ё ки маро бурда халабон монед. Бисёр занҳои мо дар ҷойи худ нестанд. Мо

занҳои вазиру муовинони вазир доштем. Ин чизи нав нест, ба мо миннат накунанд. Аммо одамон дар ҷояшон нестанд, одамон бисёриашон дар ҷояшон нестанд. Масалан, вақте ба ягон ноҳия меравем, духтарони зиёде ҳастанд, ки заҳмат мекашанд, хеле духтарони хуб ҳастанд, аммо зӯрашон намерасад ба зиндагӣ. Лекин мебинӣ, ки як нафаре, ки аслан на дар бораи адабиёт ягон чизро медонад ва на дар бораи фарҳанг, роҳбари бахши фарҳангу адабиёт аст. Бояд занҳоро сифатан ба вазифаҳо таъин кунанд. Лекин рӯзи дароз гуфтани он, ки ман туро ба ин вазифа таъин кардаму сатҳи туро боло кардам, ин ба шаъни мо он қадар зебанда нест.

Дар замони Шӯравӣ октябрят, пионер, комсомол буд ва аз ҳама охир партия. Яъне кадрҳо аввал чор зинаро мегузаштанд, баъд ба камолоти сиёсиву роҳбарӣ мерасиданд. Бояд ҷамъият барои ояндасозии инсонҳои ҷавон кор кунад. Барои чӣ имрӯз одамон дар роҳ ба Аврупо ғарқ мешаванд ва манзили худро партофта ба онҷо мераванд? Барои он, ки мехоҳанд шахсияташонро эҳтиром кунанд, мехоҳанд бо онҳо ҳамкорӣ кунанд ва фарзандонашон дарси хуб хонанд. Барнома ё нақшаи хубе, ки ҷавононро машғул дорем, мисли пештара бисёр зарур аст дар ҷамъияти имрӯза.

Духтарон ба хотири кор набояд ҳаёти шахсиашонро нодида гиранд

Радиои Озодӣ: Хуб, ба назари Шумо мавқеи зани тоҷик имрӯз дар ҷомеа бояд чигуна бошад?

Гулрухсор: Он чизе ки аз тарафи Ҳукумат барои занҳо сурат мегирад бисёр чизи хуб аст, аммо ҳар рӯз инро миннат кардан даркор нест. Ҳоло кадрҳои хуб аз ҳисоби духтарони ҷавон зиёд дорем. Лекин коре накунем, ки духтарон аз қафои корҳои давлатӣ бираванду аз хонаю фарзанд ва зиндагии шахсӣ маҳрум шаванд. Бояд ин гуна занҳо зиндагиро дар баробари корашон пеш баранд. Баъзан мебинем, ки занҳо аз қафои кори

худ шуда, баъдан аз фарзанд, зиндагӣ ва хона маҳрум мешаванд. Онҳо мегӯянд, ки ман ҳунарамро сарф кардам. Охир кадом ҳунаратро сарф кардӣ, ту нобиға нестӣ, ҳама мисли ту ҳастем. Барои чӣ ту зиндагӣ сохта натавонистӣ. Зане ки дар як хона, ки худ як ҷамъияти хурд аст, зиндагиашро обод карда натавонист, чӣ ҳақ дорад, ки аз боло баромада моро ба кадом роҳе ҳидоят мекунад? Як чизе, ки алъон маро ба ташвиш овардааст, зуд фаромӯш кардани онҳое, ки хизматҳои зиёд кардаанд.

Радиои Озодӣ: Имрӯзҳо мутаассифона хабарҳо дар бораи террорист, фоҳиша ва қочоқчӣ шудани баъзе занони тоҷик пахш мешаванд. Ба назари Шумо чӣ бояд кард, то ин падида аз миёни занони тоҷик нест карда шавад?

Гулрухсор: Ин гуна ҳодисаҳо миёни занон ангуштшуморанд ва дар тамоми сайёра ҳаст. Ҳарчанд ангуштшуморанд, аммо метавонанд дар як вақт зиёд шуда мушкили ҷиддӣ ба вуҷуд оранд. Фоҳишаҳо албатта дар ҳама давру замон буданд. Барои як зани фоҳиша бояд 100 мардро дор кашидан даркор. Зан худ аз худ фоҳиша намешавад, ӯро мард фоҳиша кардааст.

Радиои Озодӣ: Дар охир табрикоти Шумо ба занони тоҷик дар рӯзи ҷашнашон?

Гулрухсор: Агар таърихи инсоният чанд миллионро дарбар гирад ва дар миёни ин миллатҳо миллате бо номи тоҷик зиндагӣ карда, худсозӣ карда бошад, дар ин кор зан ва модари тоҷик саҳм гузоштаанд. Занони тоҷик мисли модари Сино худшинос, худсоз ва инсонсоз бошанд. Ман ба зани тоҷик, модари тоҷик, духтари тоҷик бахту саодат орзу мекунам. Орзу мекунам, ки ҳамеша ҷою мақоми худро бидонаду бишносад. Ҳамеша аз хоки сиёҳ ақалан як ваҷаб боло бошанд.

Радиои Озодӣ: Ташаккур.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG