Пайвандҳои дастрасӣ

Рамзӣ Шамиров -- ҷавонтарин довари дараҷаи байналмилалӣ дар дзюдо


Рамзӣ Шамиров (аз рост)

Рамзӣ Шамиров (аз рост)

Рамзӣ Шамиров аввалин мутахассиси тоҷик аст, ки соҳиби муҷаввизи довари дараҷаи байналмилалии “А” оид ба дзюдо гардидааст.

Рамзӣ Шамиров дар таърихи варзиши тоҷик аввалин мутахассисест, ки ба гирифтани муҷаввизи довари дараҷаи байналмилалии “А” оид ба дзюдо мушарраф шудааст. Инчунин вай дар байни доварони дунё, ки ба чунин унвон сазовор гаштаанд, аз ҳама ҷавонтарин ба шумор меравад.

Рамзӣ Шамирови 32-сола дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон, ки моҳи декабри соли гузашта дар Ҳонконг баргузор шуд, аз ҳамаи имтиҳонҳо (оид ба дониши забони англисӣ, назария ва амалияи доварии қоидаҳои дзюдо) бомуваффақият гузашт ва соҳиби муҷаввизи довари дараҷаи байналмилалии “А” гардид.

Ин унвон ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқоти расмии сатҳашон аз ҳама баланди Федератсияи байналмилалии дзюдо - Гранд При, Гранд Слэм, қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ - доварӣ намояд.

Рамзӣ Шамиров, ки зодаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи нақшаҳои имсолаи худ чунин гуфт:

- Имсол ман ба ҳайси довари дзюдо барои ба даст овардани имтиёзҳо ҷиҳати роҳ ёфтан ба Бозиҳои XXXI олимпӣ, ки тобистони соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешаванд, талош мекунам. Барои ин ба ман зарур аст, ки дар чемпионатҳои ҷаҳону қитъавӣ ва мусобиқоти бузурги байналмилалӣ, ба мисли Гранд При, Гранд Слэм ширкат карда, барои дар рейтинги ҷаҳонии беҳтарин доварони дзюдо мавқеи сазоворро соҳиб шудан, имтиёзҳои зарурӣ бигирам. Мақсад дорам, ки дар байни мутахассисони дзюдои тоҷик аввалин шуда ба ҳаққи доварӣ дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шавам. Албатта, бисёр мекӯшам, ки ин мақсади ман ҷомаи амал пӯшад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG