Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Акмал Қодиров, варзишгари маълули тоҷик, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2014 дохил шудааст.

Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Акмал Қодиров, варзишгари маълули тоҷикро, бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини кишвар дар соли 2014 дохил кардааст.

Акмал Қодиров зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “соли 2014 барои ман соли бобарор гардид. Ман дар чемпионати ҷаҳон оид ба армспорт, ки рӯзҳои 7-12-уми октябри соли гузашта дар шаҳри Путски Полша баргузор шуд, дар вазни беш аз 90 кило ду медал ба даст овардам. Рӯзи аввали мусобиқа бо варзишгарони Русия, Олмон, Бразилия ва Украина қувваозмоӣ карда, бо дасти чап соҳиби медали биринҷӣ гардидам. Дар рӯзи дувум бо дасти рост мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гаштам. Ман дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Юсуф Юсуфалиев аз Русия дастболо шудам. Аз он хушҳолам, ки тӯли чанд соли ахир ба рӯйхати беҳтарин варзишгарони тоҷик дохил мешавам.”

Акмал Қодиров дар бораи нақшаҳои худ дар соли 2015 чунин гуфт: "Соли 2015 ман нахуст дар чемпионати Осиё дар Покистон ширкат мекунам. Баъдан моҳи сентябр дар Сочи чемпионати ҷаҳон дар панҷ намуд байни варзишгарони маъюб баргузор мешавад, ки дар он ҷо ман Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳам кард. Инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба армспорт, ки моҳи ноябр дар Полша барпо мегардад, иштирок мекунам. Ба ҷуз дастхобонӣ ман тӯли як сол аст, ки таҳти раҳбарии устод Дилшод Назаров ба гурзандозӣ машғулам. Мақсад дорам, ки дар намуди гурзандозӣ ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XV тобистонаи паралимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шавам.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG